Террор дар тафаккури ҷавонон  дар замони муосир.

 Ифротгароии динӣ имрӯзҳо дар тамоми кишварҳои олам, махсусан кишварҳои исломӣ доман паҳн намуда, афроди зиёде аз таъсир ва пайомадҳои нохуши он қурбонии ин зуҳурот мегарданд, ки ин ҳолат хеле нигаронкунанда мебошад. Шояд сабаби инро баъзеҳо дар тобиши илмии нокомил ёфтани мафҳуми «террор» ва «терроризм» донанд, вале дар асл чунин нест.

Омилҳои зиёде, аз қабили ҷаҳонишавӣ, фақру нодорӣ, ҷаҳлу бесаводӣ ва паст будани маърифати динӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии мардум, миллатгароӣ ва авҷ гирифтани таассуби динӣ ва хурофот, вусъат ёфтани доманаи фарогири шабакаҳои интернетӣ, рақобати абарқудратон баҳри ба даст овардани манфиатҳои сиёсию иқтисодӣ ва ғайра муҳаррики асосии авҷ гирифтани ин зуҳурот мебошад. Ҳодисаҳои таърихии ба ҳамагон маълуме ҳастанд, ки ҳамчун амали ҷавонмардона сабт шудаанд, вале гурӯҳҳое ҳастанд, ки онҳоро ба ҳаракатҳои террористӣ шабоҳат медиҳанд. Чунин мушкилӣ дар шароити имрӯза чандон кам нагаштааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба терроризм ва экстремизм чунин ибрози андеша намуд: «Рӯйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳанд, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд. Терроризм на миллат дорад, на дин ва на ҳудуд. Маҳз ҳамин нишондиҳанда мубориза бо онро боз ҳам мушкилтар мекунад».

Нангин ва нафратовар он аст гумроҳгашта дар аксарият ҳамеша терроризмро бо ислом пайванд ва ҳатто ҷузъи он муаррифӣ мекунанд. Албатта, дар натиҷаи чунин нишон додани чеҳраи ислом, он боиси ҷузъи Ислом будани террор дар тафаккури ҷавонон мегардад. Банда дар натиҷаи таҳлилҳо оғоз аз Қуръон то фатвоҳои рӯҳониёни мусалмони аз тарафи умум эътирофгашта бо бовари устувор гуфта метавонам, ки дар таълимоти Ислом ишорае оид ба террор вуҷуд надорад.

Баръакс дар Қуръон омадааст: «Ҳар он касе, ки нафари дигарро қатл мекунад, гуноҳаш баробар ба қатли тамоми башарият мебошад». (новобаста аз мансубияти миллию динӣ). Вале чунин иқтибосро мадди назар намуда, Исломро ба ҷаҳониён ҳамчун ҷузъи террор нишон медиҳанд. Дар ҳамин хусус паёмбар Муҳаммад (с) фармудааст: «Инсони боимон он аст, ки дар назди ӯ инсонҳои дигар (новобаста аз миллат ва эътиқод) худро бехатар ва ором ҳис мекунанд». Аз ин рӯ масъалаи асосии мавриди назари мо таҳаввули вазъи дину диндорӣ, муносибати давлат ба дин дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ нақши бештар доранд, Ҳизбу-т-таҳрири-л-исломӣ ва Салафия мебошанд. Терроризм, махсусан даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеаи ташаккули ҷомеаи ороми башаррият гардидааст. Бахусус, Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, нисбат ба ин ҳодисаи манфури ҷомеа бетараф намебошад. Сари ин масъала ҳамарӯза ҳукумати кишварамон андеша дошта, онро дар мадди аввал гузошта, сармашқи фаъолияти хеш қарор додааст.

Президенти кишвар аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ баромад намуда, пайваста таъкид менамоянд, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад.

Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки терроризм падидаи нав набуда, навъи он, ки ҳамагонро ба ташвиш овардааст, танҳо ба хотири муборизаҳои байниҳамдигарии абадқудратон бо дасти бегона роҳандозӣ шудааст. Бояд қайд намуд, ки дар баробари равоиди мусбату мўътадил ва табиӣ ҳаёти динӣ – маънавӣ, инчунин зуҳуроти манфӣ ва номатлуби ғояҳои ифротгароӣ, ки асосан аз хориҷи кишвар ворид мешавад, дар фаъолияти баъзе созмону ниҳодҳо, ҳизбу гурўҳҳо таъсири муайян расонданд.

 

Устоди кафедраи назарияи иқтисод

Рофибоева У. Р.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *