ҲНИ-  сарчашмаи пайдоиши экстремизм ва терроризм дар Тоҷикистон

 

Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатҳо мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Аз оғози ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз масъалаҳои муҳим — ба монанди таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ дучор гардид. Авҷи хатари терроризм ва экстремизм ин ҳодисаҳои марбут ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо дар солҳои 1992-1997 мебошанд. Бо таври ғайри интизорӣ сиёсикунонии дин, яке аз масъалаҳои сарбастаи низоми сиёсӣ дар кишварҳои Шаркӣ мусалмонӣ гардидааст. Давлатдории дунявӣ хам ифротгарои атеист ва диниро надорад. Бадкунии давлатдории дунявии демократӣ аз нуқтаи назари динӣ хатогии маҳз аст, ки онро гурӯҳҳои муайян дар муборизаҳои сиёсии худ истифода мебаранд ва динро парчами худ намуда, дар давлатҳои мусалмонии Шарқ оташи ҷангҳои ифротгароенаро меафрӯзанд.

Бо раҳбари Муҳиддин Кабирӣ Ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти динӣ одатан, низоми  давлатдории миллиро хилофи дини ислом ва омили асосии паст задани дин дар ҷомеа меҷисобанд. Хушбахтона имрӯз дар байни сокинони асосии кишвари мо ба ин тамоюлҳо баҳои дурусти худро медиҳанд, зеро оиди давлату давлатдорӣ ва дин мардуми мо назари худро доранд ва чунин мешуморанд, ки фақат давлати дунявию демократӣ метавонад, динро таррақи дода, роҳҳои дурусти онро пешаи мардум гардонад. Дар баробари ҳамаи ин аккалиятҳое низ вуҷуд доранд, ки низоми давлатдории дунявӣ демократиро монеаи асосии пешрафти дину мазҳаб медонанд, ки ин ақида маҳз хатоӣ ба шумор меравад.

Ин маънои онро дорад, ки то ҳанӯз доир ба фаҳмиш ва дарки дурусти моҳияти низоми давлати дунявӣ демократӣ ва миллӣ проблемаҳо ҷой доранд. Ба ин мисол шуда метавонад, фаъолияти Ҳизби наҳзати Ислом ҳаракати мардумии “Растохезки баъди интишори қонун “ Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар ҶШС Тоҷикистон”- 12 декабри соли 1990 аз тарафи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст ташкил ёфтан гирифтанд. Ҳизби наҳзати Ислом 26 октябри соли 1991 ташкил ёфт. Мутаассифона дар тассавури баъзе афроди ҷомеа ақидаҳои нодурусти динӣ чой доранд, ки ба гурӯҳҳои Муҳиддин Кабирӣ ифротгароӣ шомил мегардонад ва ақидаҳои носолими динии худро мехоҳанд, ки дар ҷомеаи демократии дунявӣ амалӣ созанд мехост, ки ҷаҳон мувофиқи хости он шакл бигирад.

Бештари ин гуна афроди ҷомеа дар гузашта дузду ҷинояткор будаанд ё нашъамандӣ кардаанд. Қисми зиёди чунин шаҳрвандон ба фиребу найранги динӣ офарида аз зиндагии мустақилонаи худ маҳрум шудаанд. Гурӯҳҳои Муҳиддин Кабирӣ бадрафтор ва террористӣ барои ноил шудан ба нақшаҳои худ аз дин моҳирона истифода мебаранд, ба монанди роҳбари Ҳизби наҳзати Ислом Муҳиддин Кабирӣ ки натиҷаи он дар давлатҳои ҷанг рафтаистодаи Сурияи Араб Ироқ шаҳрвандон бевосита иштирок менамоянд, ҳалок шудаанд.Ин гурӯҳ Муҳиддин Кабирӣ нотавонбини аз оламу одам норозӣ ҳамавақт будан мемонанд ва ғаразҳои нопоки онҳоро сарфи назар карданӣ намешаванд. Ҳамаи намудҳои фаъолияти Ҳизби наҳзати Ислом ба назар гирифта 22-декабри соли 2015 бо қарори Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизб дар ҳудуди ҷумҳурӣ қатъ гардонида шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ барои мубориза бар зидди экстремизм тамоми тадбирҳоро андешида истодааст. Ин аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» аз 8 декабри соли 2003 қабул карда шудааст, ки ба он соли 2007 тағйиру иловаҳо ворид гардидааст. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқию ташкилии муборизаро бар зидди экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. Мо омӯзгорон, тарбиятдиҳандагон бо рафтор, бо кирдор бо тамоми азму иродаи худ ҷаҳду талош менамоем, ки шомилшавии ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро бахусус ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом пешгирӣ намоем. Ҳамаи кӯшишу ғайрати ҷавононро ба ободию осоиштагӣ ва гулгуншукуфоии ватани маҳбубамон Тоҷикистон равона намоем.

 

 

 ассистенти кафедраи ҷомеашиносӣ

Маҳкамова Фирӯза Каримҷоновна

                                                                                

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *