МАҚСАДИ ТТЭ ҲНИ ХИЁНАТКОРИСТ!

 

Мо, ҷавонони даврони соҳибистиқлол медонем, ки роҳбари ТТЭ ҲНИ  Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаку думравонаш  пас аз носипосӣ ба халқу миллат ва хиёнат ба Тоҷикистон дар яке аз кишварҳои Аврупо ба ҳайси паноҳандаи сиёсӣ сукунат доранд. Чун солҳои 90-уми асри гузашта  боз мехоҳанд ҳамватанонро гумроҳ, аз хонаву дар муҳоҷир, сарсону саргардон намоянд. Барои расидани мақсади нопокашон, имрузҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуда,  пешрафти Тоҷикистони азизро нодида мегиранд. Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш нафароне ҳастанд, ки аз шукуфоии Тоҷикистони имрӯза дар таҳлука афтодаанд. Ин роҳгумзадагон бар ивази чанд пайсаи хоҷагони хориҷии худ имону виҷдонашро ба боди фано супурда, ҳоло барои амалҳои  навбатиашон  дар назди корфармоёнаш  чӣ сарфу харҷ мешавад ҳисобот дода, дар пайи иҷрои супориши навбатии хоҷагони худ ҳар сақави дурӯғеро, ки ба даҳони бефарозаш рост меояд, гуфтан доранд.

 Ба Кабирӣ ва ҳаммаслаку думравонаш гуфтанием, ки вақте аз минбарҳо бо ваъдаҳои пуч ба миллати тоҷик муроҷиат менамоянд, аз амалҳои қаблиашон бояд андеша намоянд. Аз фаъолияти чандсолаи ҲНИ бори дигар ёдовар шуда, қайд менамоем, ки наҳзатиҳо ҳеҷ созише на бо мардум ва на бо ҳукумат надоранд, ҳадафашон тағйири мазҳаб, сохти сиёсӣ ва тарзи зиндагиро тағйир додан аст.

Дар интиҳои андешаи хеш таъкид менамоем, баромадҳои роҳбари ТТЭ ҲНИ Кабирӣ, пайравонашро инкор ва шадидан маҳкум намуда, аз тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон ва  тоҷикони бурунмарзӣ даъват ба амал меорем, ки барои решакан намудани ғояҳои ифротгароии хоинони миллат муборизаи беамон бояд бурд!

Хулоса, кўшишҳои носипосони миллат бори дигар моро ҳушдор медиҳанд, ки алалхусус ҷавонони далеру ғаюри кишвар бояд бо эҳсоси амиқи ватандўстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгароро фаҳманд ва ҳимояи кишварро аз таҳдиди хатарҳои муосир вазифаи ҷонии худ қарор диҳанд.

 

            А.ВАЛИЕВ ,

ассистенти кафедраи

 иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *