ТЕРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ДОҒИ ҶОМЕА

Мусаллам аст, ки имрӯз яке аз зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав-терроризм ва экстримизм, дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир густариш пайдо карда истодааст. Бинобар ин, метавон қайд кард, ки бар асари истифодаи қувва ва зурӣ дар равобити байналмилалӣ, дар ҳифзи манфиатҳои хеш рӯ ба рӯ омадани қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, зери фишори неруву унсурҳои бегона ва аз байн рафтани низоми давлатдории як қатор кишварҳо ва вусъати торафт афзояндаи терроризму экстримизм вазъи байналмилалӣ хеле заиф шуда, истиқлолияти давлатҳои миллӣ осебпазир гардидааст. Намуна ва пайомадҳои чунин вазъро мо дар мисоли Сурия, Ироқ, Либия, Яман ва имруз бошад дар Афғонистон мебинем.

Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳам ҳануз солҳои 90-уми асри гузашта даврони фоҷиабори муқовимат ба экстримизм ва терроризмро аз cap гузаронид. Мутаассифона, мо имрӯз ҳам шоҳиди чунин равандҳо ҳастем. Аксари созмонҳои экстремистӣ аз ҷумла ТТЭ ҲНИ, ДИИШ ки ҳоло зери ниқоби ислом амал мекунанд, кӯшиш мекунанд дар асоси ғояҳои “муҳоҷират”, “ҷиҳод” ва “шаҳодат” низоми ҳуқуқии мавҷударо бо роҳи тадриҷан заҳролуд кардани зеҳни ҷавонон ба эътидол оранд, тазоҳуроти оммавии зиддиҳукуматро ташкил кунанд. Ҳазорҳо ҷангиён аз саросари ҷаҳон дар сафи ДИИШ барои “Исломи холис” мубориза мебаранд, ки бо роҳбарӣ ва амалисозии чунин созмонҳо “қоидаҳо” –и ихтилофи таълимоти дини мубини моро бераҳмона иҷро мекунад ва худро пешво мешуморад. Чунин гурӯҳ барои ноил шудан ба ҳадафҳои нопоки худ аз дастовардҳои муосири илмӣ-техникии намояндагони худ, аз ҷумла воситаҳои алоқаи мобилӣ ва Интернет истифода мекунад. Барои ҷалби аъзои нав ба сафҳои худ, онҳо гурӯҳҳои махсус таъсис додааст, ки дар системаҳои худ бо фаъолияти виртуалӣ машғул шаванд ва бо ҷалби соҳибихтисосон. Дар натиҷа, таблиғи ғояҳои радикалӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, аз қабили Facebook, Instagram, VKontakte, Twitter, Tumbler, Telegram, Youtube татбиқ карда мешавад. Тибқи таҳлилҳо   80 фоизи  ҷавонон, ки дар терроризм, алахусус дар ДИИШ даст доранд, мустақиман дар шабакаҳои иҷтимоӣ  ҷалб карда шудаанд.  Ҳадафи асосии таблиғотчӣ ҷудо кардани “тӯъма” аз муҳити атроф мебошад, ки онҳоро бо роҳи фишор аз пайвастан ба террористон муҳофизат мекунад. Дар натиҷа, аъзои оила ва дӯстонро хоҳарон ва бародарон иваз мекунанд, ки онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ «дастгирӣ» мекунанд. Дар раванди кор бо як узви нав, онҳо худро ҳамчун шахсоне муаррифӣ мекунанд, ки дини исломро чуқур дарк мекунанд, амиқ андеша карда метавонанд, дар ҷомеаҳое, ки онҳо зиндагӣ мекунанд, бо беадолатӣ алайҳи дин мубориза бурда метавонанд ва давлатеро дар асоси принсипҳои исломӣ бунёд мекунанд. Дар иҳотаи иттилооти “нав”, “узв” бидуни дарк кардани то чӣ андоза дуруст будани изҳорот ва аз имконияти фикр кардан маҳрум шудан, кӯр-кӯрона “роҳбаладон” -и худро пайгирӣ мекунад. Ин нафарон аксар вақт хеле дер дарк мекунанд, ки бо кадом роҳ ҳамроҳ шудааст ва ба кӣ ҳамроҳ шудааст.Аз ин лиҳоз, масъалаи ҷалби ҷавонон ба сафи ҷунбишу ҳаракатҳои ифротӣ ва гурӯҳхои террористӣ, инчунин иштироки онҳо дар ҷангу муноқишаҳои давлатҳои хориҷӣ, ба яке аз масъалаҳои доғи ҷомеа табдил шудааст.

Дар иртибот ба ин бояд қайд кард,ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ҷиҳати  пешгирӣ аз ин амалу рафтори ба ҳаёт ва суботи ҷомеа хатарнок диққати  махсус равона менамоянд ва тадбирҳои мушаххас самараи назаррас ба бор оварда истодааст.Масалан дар соли сипаригардида 85 узви ташкилотҳои террористиву экстремистӣ, ки дар хориҷи кишвар қарор доштанд, боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шуданд, Гузашта аз ин, 247 узви ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва иштирокчиёни муҳорибаҳои ҷангӣ ба хоҳиши худ аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон баргаштанд. Тибқи маълумоти вазорати корҳои дохилаи мамлакат аз соли 2015 то инҷониб бо роҳҳои фаҳмондадиҳӣ 1030 нафар узви ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва иштирокчиёни муҳорибаҳои ҷангӣ ба Ватан баргардонда шуда, бо онҳо мунтазам чораҳои профилактикӣ гузаронда мешаванд.

Вобаста масъалаи матраҳгардида ва аз рақамҳои оморӣ хулосабарорӣ намуда, бояд  қайд кард, ки  он оилаҳои дар он низоми якдигарфаҳмӣ, садоқату муҳаббат, вафодорӣ, андӯхтани илму маърифат, интихоби касби дӯстдошта ва инсонсолорӣ барпо шудааст, хатари воридшавии идеологияҳои ифротгаро ва маданияти бегона умуман ба чашм намерасанд. Аз ин лиҳоз, хуб мешуд, падару модарон аз оғоз ба тарбияи дурусту мақсадноки фарзандон таваҷҷуҳ намоянд.Умуман, раванди афзоиши паҳншавии ақидаҳои ифротӣ, гаравидан ва пайвастани ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатҳои тундгаро ва террористӣ, моро водор месозад, ки бар зидди ин зуҳуроти номатлуб мубориза барем.Мо  набояд фаромӯш созем, ки  мубориза бар зидди ин хатар на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аст! Инчунин ҳар як фарди кишвар, кулли ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияву созмонҳои ғайридавлатӣ бояд дар ин самт фаъол бошанд ва ҳамарӯза дар таҳкиму пойдории сулҳу ваҳдати миллати кишвар саҳмгузор бошанд. Моро зарур аст, ки насли ҷавонро дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намуда, онҳоро ҷиҳати аз худ намудани донишҳои муосир талқин намоем. Бояд ҷавонони бо нангу номуси Ватан суханони Пешвои муаззами миллатро, ки мунтазам «Ояндаи миллат дар дасти ҷавонон аст» мегўянд, сармашќи кору пайкори хеш ќарор дињанд. Бо донишҳои замони муосир ояндаи ватанамонро ободу зебо намоянд ва ҳисси арзандаи худро дар тақкими сулҳу субот гузошта бошанд.

                          Ф.ҚУРБОНОВ, мудири бахши

кор бо ҷавонони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *