ИҶЛОСИЯИ ХVI ШУРОИ ОЛӢ ВА ТАШАККУЛИ НИҲОДИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори мамлакатамон конференсияҳои илмию амалӣ ва чорабиниҳои идона бахшида ба Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент баргузор гашта истодааст. Дар ин робита бояд гӯям, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар бораи иҷлосия ва ниҳоди Президент асарҳои илмӣ, рисолаҳо эҷод гашта, андешаю нуктаю назарҳо дар мақолаҳои илмию оммавӣ тавассути Воситаҳои Ахбори Омма баён гаштаанд. Вале, мо ҳар чӣ бештар дар бораи иҷлосия ва нақши ниҳоди Президент дар ҷомеаи муосири тоҷик гӯем, кам аст, зеро таърихи ташаккули таърихи навини тоҷикон маҳз ба ҳамин ду ниҳод вобаста мебошад.
Дар афкори иҷтимоии муосир андеша дар бораи он, ки Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҳз дар ҳамин иҷлосия ба арсаи сиёсат қадам гузоштани Пешвои муаззами имрӯза маҷрои раванди таърихи навини Тоҷикистонро дигаргун сохт, эътироф гаштааст. Ба таври мухтасар такрор ҳам бошад, бояд гӯем, ки Иҷлосия на фақат миллату давлатро аз нестшавӣ халос кард, балки тамоюли ташаккул ва рушди шуури фардию ҷамъиятиро тағйир дод. Қабл аз ҳама, лаҳзаи интихоби Эмомалӣ Раҳмон Пешвои имрӯзаи миллат ҳамчун Раиси ШО Ҷумҳурии Тоҷикистон агар бо истифодаи мафҳумҳои фалсафӣ баён намоем, ин лаҳзаи гузариш аз методологияи сохтзудойӣ (деконструктивизм) ба усули инструментализми ақлгаройӣ буд. Шояд ба назари баъзеҳо ин мафҳумҳо дур аз мавзуи имрӯза бошанд, вале муҳтавои ин гузаришро дар ибораи машҳуру амалигаштаи Пешвои миллат “Ман ба шумо сулҳ меорам!” ифодаи равшани худро ёфтааст. Пас аз ин, дар раванди сулҳи тоҷикон чунин мафҳумҳо ба мисли “Ваҳдати миллӣ”, “Оштии миллӣ” “Ризоияти миллӣ” ва дигарҳо ташаккул ёфтанд.
Яке аз муаммои мушкили гузариш аз ҷомеаи сотсиалистӣ ба даврони истиқлолият ин азнавсозии шуур ва психологияи ҷамъиятӣ буд. Ин ҳолат табии буд, зеро шуур ва психологияи одамонро тағйир додан, онро ба маҷрои нав равон намудан кори саҳлу яклаҳзаина нест. Вобаста ба ин, як принсипи фалсафаи иҷтимоии марксистӣ ба ёд меояд: Аввал К. Маркс, баъд В.И. Ленин вазъияти инқилобиро таҳлил намуда муайян карда буданд, ки дар ин вазъият “Поёниҳо ба тарзи пештара зиндагӣ кардан намехоҳанд. Болоиҳои бошанд, дигар ҷомеаро идора карда наметавонанд.” Ман ба ҷузъиёти ин масъала ворид нагашта, ҳамин нуктаро таъкид менамоям, ки маҳз сатҳи буҳрони иқтисодиёти кишвар, сатҳи пасти некуаҳволии мардум, ҷилави идоракуниро аз даст додани зубдагони сиёсии он солҳо сабаби номутавозинии ҷомеа ва баъд оғози ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гашт. Истифодаи мафҳуми “таҳмилӣ” ба он вобаста аст, ки хоинону душманони миллат хостанд, аз берун истода бо дастони як гурӯҳи тангназарон давлату миллати тоҷикро ба нестии таърих равона созанд. Аммо тири онҳо хато хӯрд, зеро таърих (баъзан Худованд мегӯянд) ба мо фарзандеро ба арсаи сиёсат овард, ки он кас макру ҳилаи душманонро амиқан эҳсос намуда, бо кору эҷод, ҷасуриву мардонагӣ, нотарсиву далерӣ, ватанпарстиву миллатдустии худ, дар шуур ва ҷаҳонбинии аъзоёни ҷомеа як инқилоб ба вуҷуд оварданд, ки муҳтавои он чунин аст: мо тоҷикон як ватан дорем ва номи он Тоҷикистон аст, ҳар яки мо онро ҳифз намоем, ободу ороста гардонем, ба ғайр аз худамон Ватани моро касе обод намекунад.
Дар ин маъруза ман аз овардани далелҳои оморӣ оид ба тараққиёти Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ худорӣ менамоям, ин кори иқтисоддонҳо мебошад. Вале як нуктаро зикр менамоям, ки Тоҷикистон дар таърихи зиёда аз 30 соли истиқлоият, роҳеро тай намуд, ки дар ҷаҳон бесобиқа мебошад. Имрӯз Тоҷикистонро қариб 200 давлати дунё эътироф намуда, онро ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ мешиносанд. Масалан, ташаббусҳои Пешвои миллат дар соҳаи обу экология, Ҳифзи пиряхҳо, ҷаҳонишавии Наврӯз, эҳёи “Шашмақом”, “Фалак”, “Атласу адрас” “Чакан”, ёдгории таърихии “Саразм”, “Ҳулбук” ва аз тарафи ЮНЕСКО эътироф гаштани онҳо ҳамчун фарҳанги ғайримоддӣ номи тоҷикро дар ҷаҳон шинохта ва машҳур гардонид.

Дар ҳар давру замон, вақте ки ҷомеа аз як шакли муносибатҳои иҷтимоӣ ба дигараш мегузарад, муаммоҳое рӯи кор меоянд, ки ҳалли онҳо дониш, таҷриба, ақлу заковати волоро талаб менамоянд. Агар мо, ба таърихи начандон дури худ назар андозем, аз охири асри ХIХ қариб то миёнаи асри ХХ ҷомеаи мо аз муносибатҳои иҷтимоии ҷомеаи патериархалӣ – феодалӣ ба сотсиалистӣ гузашт, ва дар ин роҳ ҷомеаи мо ба душвориҳои зиёд рӯ ба рӯ гашт, ки он ба маҳви бесаводӣ, бунёди саноат, азнавсозии илму маориф вобаста буданд. Афсус, ки баъзе унсурҳои устувори психикаи одамон, ки дар солҳои пешин ташаккул ёфта буданд, то ҳол аз худ дарак медиҳанд ва онҳо то андозае садди роҳи ба даст овардани ҳадафҳои миллӣ дар давоми рушди ҳазорсола гаштаанд. Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш намехоҳам хотири касеро ранҷур гардонам, вале баъзан ба гӯшаи хаёлам андеша меояд, ки ҳолатҳои муносибат ба хондан, таҳсил, забономӯзӣ, омӯхтани технологияҳои инноватсионӣ аз ҷониби баъзе намояндагони ҷавонон аз он сабаб аст, ки онҳо шояд ба таври зарурӣ суханони Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Ҷавонон ояндаи миллату давлатанд”-ро дарк накардаанд.
Дар охир мехостам боз як нуктаро зикр намоям. Барои чӣ мо имрӯз ҳар лаҳза ба таҷрибаи давлатдории Сомониён муроҷиат менамоем, гарчанде мо меросхӯрони давлати Сосониён, Тоҳириёну Саффориён низ ҳастем. Ба андешаи ман, вобастагии ренесанси сеюми эҳёи миллати тоҷик ба он вобаста аст, ки маҳз дар саддаи ҳукмронии Сомониён давраи гул-гулшукофии илму маориф буд. Имрӯз тоҷиконро тавассути Рудакиву Абуалӣ Синою Тусӣ, Фирдавсию Ҷалолиддини Балхиву Ҳоҷакамолу Абумаҳмуди Хуҷандӣ ва даҳҳо дигарон мешиносанд. Ин нобиғаҳои миллат дар асарҳои илмӣ ва ашъори адабии хеш ватан, меҳру муҳаббат ба он, донишомӯзиву касбомӯзӣ ва фарҳанги таҳаммулпазирро тараннум намудаанд. Шахсан ман бе ҳеҷ гуна мадҳу сано, бидуни ягон хел интизорӣ аз суханҳои воло дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавонам гӯям, ки он кас дар охири асри ХХ ва ибтидоӣ асри ХХI воқеан ҳам рисолати худро ҳамчун Исмоили Сомонӣ сонӣ иҷро намуданд ва бисёр мехоҳам, ки ин фаъолият муддавом бошад.
Ҳамин тариқ, дар таърихи навини тоҷикон нақши Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба сиёсат қадам гузоштани Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон далели арзишмандтарин мебошад. Садсолаҳо мегузаранд, насли оянда давраи ҳукмронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмонро ҳамчун давраи эҳёи дубораи миллати тоҷик, ҳамчун давраи ободиву бунёдкорӣ, давраи амалигардонии лоиҳаҳои бузурги муҳандисиву иқтисодӣ, давраи амалигардонии барномаву стратегияҳои миллӣ баҳри рушди устувори ҷомеаву давлат ба хотир меоранд.

СОЛИҶОНОВ РАСУЛҶОН ,
доктори илмҳои фалсафа,
профессори кафедраи ҷомеашиносӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *