ПАЙМОНИ ХУДСОХТАИ НАҲЗАТ – МУНОФИҚОНИ БЕИМОН

Имрӯз дар ҷомеаи муосир ҳаракатҳо ва ташкилотҳои арзӣ вуҷуд доранд, ки аз номи дини мубини Ислом баромад мекунанд, вале дар воқеъ онҳо ҳадаф ва тарҳҳои геополитикиеро татбиқ менамоянд, ки барои ноором намудани амнияти кишвар ва минтақа равона шудаанд. Масалан раҳбарияту ҳаммаслаки паймони худсохтаи наҳзат – “Паймони миллӣ” Муҳиддин Кабирӣ ва Муҳаммадиқболи Садрриддин имрўзҳо аз имконияти васеи шабакаҳои иҷтимоӣ истифода бурда, дар барномаи ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир”дар якҷоягии пайравонашон бо чашми ғараз баромадҳо намуда, бар аҳли башар аз рушду пешрафти Тоҷикистон шикоят мекунанд. Такя намудани ин қувваҳо ба омили исломӣ аз он сабаб аст, ки дин дар ҷомеаи Тоҷикистон ва тафаккури мардуми минтақа нақши муҳим дорад. Имруз торҳои паймони худсохтаи наҳзат дар кишварҳои Аврупо паҳну парешонанд. Воқеан, иғвогарии Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш дар саҳнаи сиёсӣ, ба ҳар як фарди Тоҷикистонӣ аён аст, то ки ин нақшаи шикастхурдаи худро бори дигар ба сомон расонад. Умуман, дар ин росто аз манфиатҳои милливу давлатӣ куллан сарфи назар карда, омилҳои ташаннуҷро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд овардан мехоҳанд ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи муғризонаи хоҷагони бурунмарзиашон, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанӯз ҳам барои тира кардани фазои ақидатии ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзанд. Онҳоро ҳақиқати таърих, ҳаводиси зиёди айём ва пайомади амалиёти бисёр ҳаммаслаконаш ҳеҷ дарси ибрат намешавад, гӯё чашми бино, гӯши шунаво надоранд, сахт мутаассибу бехираданд. Ба Кабирию ҳаммаслаки фаъолаш М.Садриддин гуфтанием, ки дар паҳнои замонҳо миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳуввияти миллӣ, забони модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст. Ба ҳамагон маълум, ки ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиши «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат дар тўли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардўстона хидмат кардааст. Бешак, маҳз чунин тамаддуни пешрафта, суннату оинҳои дорои ҷанбаи ҳаётӣ, тафаккури зиндагисоз ва маърифати баланди ақлонии ниёгони мо буд, ки бар зидди чунин душманони миллати тоҷик мубориза кардем.
Дар фарҷоми андешаи хеш бояд қайд кард, ки мо ҳамавақт баромадҳои Кабирию М.Садриддин ва умуман ҳаммаслакону думравони паймони худсохтаи наҳзат -“Паймони миллӣ”-ро шадидан маҳкум намуда, нагузорем, ки ин мунофиқони беимон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати кишвари соҳибистиқлоламон сухан гӯянд!

 

А. ВАЛИЕВ, ассистенти кафедраи
иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *