Анқариб шаш моҳ мешавад, ки тамоми сайёра аз бемории инфексионии коронавирус бо ном COVID 19 дар таҳлукаанд.
Дар замони муосир аҳли ҷомеа на аз маблағ, на аз сарвату мол, балки аз саломатии хеш ва ёру пайвандон нигарон мондаанд.
Гуфтаҳо баёнгари онанд, ки вазъият дар ҷаҳон чунон рушд ёфта истодааст, ки ҳама ҳамаро аз ҷиҳати равонӣ фишор дода истодаанд. Хусусан дар миёни мардуми оддӣ ҳар гуна овозаҳо пашн шуда, мардуми оддиро ба ваҳм андохта истодаанд. Дар чунин ҳолатҳо мо бояд худро ба даст гирифта, ба ҳар гуна овозаву таҳлукаҳо бовар нанамоед. Бар ивази ин бо аҳли хонавода дар хонаву истиқоматгоҳҳо бештар бимонем. Макони одамони зиёд дошатро тарк намуда, барои нигоҳ доштани саломатиамон фосилаи иҷтимоиро бояд нигоҳ дорем. Оддитарин гигиенаи худмуҳоизатии шахсиро ҷиддӣ риоя намоянд. Ва риояи гигиенаи шахсӣ аз хатар тамоми хонаводаро эмин нигоҳ дошта метавонад.
Психологон дар чунин ақидаанд, ки муҳимтарин пешгирӣ аз ин гуна бемориҳо дар он аст, ки ором ва хотима додани ваҳмият аст. Диққати хешро на ба худи мушкилот, балки чӣ гуна ҳал кардани он бояд равона намоем. Ҳама чиз ҳамеша ҳал мешавад ва корҳои ҳалнашаванда нестанд. Масалан, мо метавонем дар вазъияти кунунӣ бо чунин машғулиятҳо худ ва наздиконро банд намоем:
Ин вақтро ба оилаи худ гузаронед. Мо метавонем ҳар шаб филмҳои дӯстдоштаи худро тамошо кунем, якҷоя бозӣ кунем;
Ба шуғлҳои дӯстдоштаи худ машғул шавем;
Муҳимтар аз ҳама дар айни замон ҳангоми дар хона нишастан кор карда баромадани ҳама чизҳое, ки ба мо имкониятҳо медиҳад. Ҳаёти худро танҳо бо ҳолати мусбӣ ва шодӣ пур кунем.
Барои соли оянда нақша кашем.
Аз ҳама чизи муҳим ин аст, ки ба ваҳму воҳима наафтем, ба ҳолати манфӣ ғусса наафканем, дар атрофи фикрҳои худ ва ҳатто ҳиссиётҳои манфӣ дода нашавем.
Китобҳои нав хонем ва филмҳои комедиро беш аз пеш тамошо кунем ва амсоли инҳо.