ТЕРРОРИЗМ – ФАРЗАНДИ НАФС ВА ҶАҲОЛАТ

Ҳар як давру айёми рӯзгор дар ин дунёи пуртазод падидаҳои хоси худро дорад. Инкишофи ҷамъиятро бе зиддиятҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ тасаввур кардан амри маҳол. Асри гузаштаро ҷанги якуми чаҳон, Инқилоби Октябр, ҷанги дуюми ҷаҳон, ба кайҳон баромадани инсон (12 апрели соли 1961 Юрий Гагарин), кашфи яроқи қатли ом-ядроӣ, инкишофи босифати технология ва саноъати ҳарбӣ, мавҷи ҳаракатҳои истиқлолхоҳӣ дар Осиёю Африқо ва монанди инҳо, фурӯпошии султаи абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ, ба қавле «зеб медоданд». Садсолаи бистум бо хуруҷи ҳайати маҳдуди Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ аз Афғонистон, нуфуз пайдо кардани Амрико дар ин кишвари «бахтбаргашта», тавлиди размандагони мутаассибе бо номи «Толибон» анҷом ёфт… Асри нав аз гузаштаи худ тундравӣ (экстремизм) ва ваҳмангезӣ (терроризм)-ро мерос гирифт. Ин падида дар дунё густариш ёфт, хусусан дар Шарқ фаъол гардид.

Барои моҳият, таъйинот ва ҳадафи ин усули муборизаи «номардона»-ро дарк кардан як ба таърих назар кардан лозим, бошад. ки «Чеҳраи манфураш» хонотар шавад.

То он ҷое бохабарем, давлатдории башарият дар ҳама давру замонҳо дар доираи аркону дарборҳояш сӯиқасду хиёнат, дасисаву найрангҳо дошт. Ҳадафашон маълум: соҳиб шудан ба тахт, ҷоҳу мансаб, хазинаву дафина. Нафси нофармон, ҳисси шӯхрату фармонравоӣ ҳатто писаронро ба қатли падарон. бародаронро ба куштани додаронашон водор мекард. Масалан, Шерӯя Хусрави Сосониро, Абдулатиф падари олиму оқилаш Улуғбекро, Екатеринаи 2 шавҳараш Филиппро…шоҳзодаи усмонии турк Аҳмет 15 бародари худ аз ҷумла додари чосолаашро… Мисол бисёр. Мусаллам он аст, ки ин амал аз хонадонҳои ашроф ва ҳукмрон берун рафт ва ба ҷомеа сироят кард. Гурӯҳҳои манфиатхоҳи мазҳабию қавмӣ дар муборизаҳои ақидавию сиёсиашон аз он истифода мекардагӣ шуданд. Чунки барои расидан ба мақсад роҳи дигаре надоштанд. Аз ҷанги бисёр ва густурда муродашон ҳосил намешуд. Қувваҳо нобаробар буданду андешаҳо мухолиф. Ва табиист, ки мухолифини салтанатҳо, аксари маврид ба «ҳифзи адолат», «шаръиату тариқат» такя карда, ба амалҳои худ мафҳуми «одилона» дарбеҳ мекарданд…

Дар асри 11, агар хотира фиреб надиҳад, Ҳасани Саббоҳ-яке аз имомони ҷараёни исмоилияи аҳли ташайюъ ба муқобили амирони салчуқӣ, Султон Маликшоҳ ва садри аъзами салтанат Низомулмулки Тӯсӣ бо ҳамин шева, ваҳмангезӣ, сӯйиқасд мубориза мебурд. Пешмаргаҳое (смертник), ки ӯ дар қалъаи Аламут тайёр мекард, рӯзи равшан, дар ҷойҳои ҷамъиятии серодам, бозорҳо ва масҷидҳо, шахсони маҳкумкардаашро бераҳмона сар мебуриданд, шикамҳояшонро чок карда мепартофтанд.

Дастпарварони Ҳасани Саббоҳ наврасону ҷавонони аз 14-сола боло буданд. Дар Аламут барояшон муҳити биҳиштӣ муҳайё карда буд, то бовар кунанд, ки пас аз марг ба нади Худо рафта дар чунин макон зиндагӣ хоҳанд кард. Нависандаи англис Хорвард Ламб дар романи худ «Писари Иброҳим», ки аз рӯзгори Умари Хайём қисса мекунад, воқеияти Аламут ва «корнамоиҳо»-и муридони Ҳасани Саббоҳро ниҳоят ҷолиб тасвир кардааст. Писари Иброҳим (Хайём), ки бо даъвати шарикдарс ва дӯсти овони наврасии худ Ҳасан меҳмони он «биҳишти индунёӣ» шуда буд, аз ин кашфиёти Ҳасани дар ҷавонӣ «хуни бинӣ» ангушти ҳайрат газид. Умар ба Аламут бо ирода ва пои худ не, бо «ёрии» муридони соҳиби он ташриф оварда буд….ва кам монда буд, ки мубталои ин васваса шавад.

Дар сӯҳбате, пас аз ошноӣ ба «эҷодиёт»-и Ҳасан, шоир ва ситорашинос амалҳои шарикдарси собиқашро маҳкум кард. Хусусан, истифодаи маводи нашъаовар, нӯшокиҳои мадҳушкунандаро пайи саргарм ва мутеъи тафаккури худаш кардани муридонашро… Хайём бо заковат дарёфт, ки «Худои Аламут» нақшаи дар қалъа побанд кардан ва ба манфиати худ истифода бурдани донишу малакаи ӯро дорад, аз он «биҳишт» фирор кард…

Ҳасани Саббоҳ тарсдиҳӣ ва қатли ваҳшатангезро ягона василаи мубориза ба зулм, ҳифзи адолати иҷтимоӣ, нест кардани шахсиятҳои калидӣ дар салтанати салчуқиён медонист. Ва барои дар амал татбиқ кардани ин ақидаи худ аз боварҳои динӣ моҳирона истифода мебурд. Мағзи тозаи наврасон ва ҷавононро тира карда, ба худкушии бедареғ, барои расидан ба Худо, бо биҳиште, ки ӯ барои бандаҳои содиқаш муҳайё намудааст, талқин менамуд.

Ин амалҳои «пайғамбарӣ даҳшат ва тарсу бим» дар филми бадеийе, ки бо иқдоми Президенти Россия Владимир Путин, фармоиш ва маблағгузории маъмурияти шаҳри Маскав, бо номи «Прорицател Омар Хайям» (ғайбдон Умари Хайём) рӯи навор омадааст, амиқтару саҳеҳтар таҷассум ёфтаанд.

Саҳнаҳои тамрин ва имтиҳони фидоиён-маргталошон, қатли Тутуш-муваззафи таъмини амнияти давлатии салтанати салчуқиён, қотил ва дасисасози ашадӣ, ки олимону донишмандону шоиронро чашми дидан надошт, китобҳоро туда- туда оташ мезад, ба оташ кашида шудани расадхонаи Умари Хайём, қатли вазири Маликшоҳ-Низомулмулки Тусӣ дар хаймаи хосаш, ҳангоми кабули додхоҳон аз он дарак медиҳанд, ки Ҳасан барои расидан ба мақсад аз ҳеҷ номаъқулӣ рӯ наметобид.

Шарикдарсони мадрасавӣ ва дӯстони овони ҷавонии худро ҳадаф қарор додани ӯ, якеро барои маҳкум кардани афкораш, дигареро барои хизмати содиқона ба салчуқиёни таҷовузгар ва фасоди молӣ ифодаи кинатӯзӣ ҷаҳлвашии соҳиби Аламутанд…

Аъмоли Ҳасани Саббоҳ ва дигар сӯйиқасдҳое, ки тӯли ҳазораи гузаштаи таърих содир шудаанд, як навъ ибтидои даҳшатангезии густурда дар даврони моянд. Як тасаввур кунед, Ленин-асосгузори ҳукумати Шӯравӣ, Сталин-пайрав ва давомдиҳандаи афкори он доҳӣ, Адолф Гитлер-қабеҳтарин пешвои худкома дар қарни бист, президенти мардумсолори Америка Ҷон Кеннедӣ, Фидел Кастро-асосгузори нахустин давлати сотсиалистӣ дар қораи Амрико-Куба ва даҳҳо шахсиятҳои дигари маъруф сиёсатмадор буданд ва сӯйиқасдҳои нисбаташон роҳандозишударо ҳадаф барканорӣ, лағви ақида, тасмимҳои сиёсиашон буд, ки гурӯҳҳои мухолифашон бо мақсади тағйир додани сохтори барояшон номақбул, соҳиб шудан ба қудрат матраҳ мекарданду бас. Чунин дасисаҳо дар аркони давлатдорӣ байни ҳарифони курситалош бисёр воқеъ мешуданд, мешаванд ва хоҳанд шуд. Иосиф Сталин рақиби ақидавии худ Тротскийро 20 сол дунболагирӣ кард ва соли 1944 тавассути Котов ном полковники КБД дар Аргентина ба қатл расонид.

Бо мурури вақт санъати ҳарбӣ рушд кард, яроқи қатли ом, аслиҳаи пуриқтидори замингарду ҳавонавард ва баҳру уқёнусгард сохта шуданд, ки башариятро хоку туроб карда метавонанд. Ҷангҷуён – ҳарисоне, ки пайи тасарруфи дороиҳои ин ё он кишвари нисбат ба ватани худашон бойтар чунин аслиҳаҳоро эҷод ва истеҳсол карданду истеҳсол кардан доранд. иқтидори харобиовари онҳоро дида худашон ҳам ба ҳарос афтодаанд. Истифодаи тарафайни чунин аслиҳа дар ҷангҳои фарогире, амсоли ду ҷанги ҷаҳонии гузашта, ба манфиати ҳеҷ кадоме аз ҷонибҳо нест. Пайоварди чунин ҷанг ҷуз хароботи беоқибат ва қатли оми инсон чизи дигаре нахоҳад буд.

Фоҷиаи Херосима ва Нагасакӣ гӯё «дарси ибрат» ба абарқудратҳои дунё шуд…

Бархӯрдҳои сиёсӣ байни давлатҳои қудратманде, ки ҳавасманди афзалият доштан дар дунё ҳастанд, шеваҳои нав пайдо кардан доранд. Зургӯиҳои лафзӣ (ҷанги сард) оқибат ба «ҷанги номардона»-даҳшатангезӣ (терроризм) табдил ёфтаанд. Сарбозони ин муборизаҳо, чуноне ки мушоҳида мешавад, фидоиёни зархарид, маргталошони «мазҳабгаро»-и васвосианд, ки аз ҷониби хадамоти махсуси бехатарии абарқудратҳо, аз ҷумла «СРУ», «МОСАД», «САВАК», «ФСБ» ва монанди инҳо, бо истифода аз нозукиҳои нафсонӣ ва ҷаҳли мураккабашон ба осонӣ ҷалбу сафарбар мешаванд. Саҳнаҳои хунини қатлу кушторҳои бераҳмонаи мардуми осоишта, ҳатто занону кудакон, гаравгонгириҳойи ҳадафнок, шуронидани қавму миллатҳо ва ҷарраёнҳойи динӣ алайҳи ҳамдигар низ маҳсули «донишу малакаи» ҳамин ниҳодҳост, зеро ин хадамот дар арсаи сиёсӣ асосан барои ҳамин амалҳо даъват шудаанд.

Ислом бо зиддиятҳои мазҳабиаш, ки беш аз ҳазор сол ба ин ҷониб ҷараён доранд, барои ҷалб намудани қувваи зинда пайи амалӣ намудани «ормон»-ҳои «тарроҳони ваҳму воҳима» воситаи дастрастарин аст. Хурофот ва таассуби шадид, бехабарӣ аз моҳияти мантиқии ақоиди дини ислом, андешаҳойи бунёдгароёнаи мубаллиғони кундназари он табақае аз муътақидони дини муҳаммадиро ба доми ин манфиатдорон гирифтор мекунанд.

Даҳсолаҳои аввалини ҳазораи сеюмро, ба истилоҳ, айёми «гулшукуфти» даҳшатангезӣ (терроризм),ки ҷанги сардро иваз кардааст, номидан мумкин. Дар ибтидои он домани ин «ҷанги номардона» то ҳадде васеъ шуд, ки ба як давлати маргпароканӣ-ДИИШ табдил ёфт. Акнун «Толибон» танҳоӣ намекашиданд.

Ин «эҳёгарони хилофат» бо ҳидояти хоҷагони худ Амрико ва Исроил чанде аз давлатҳои Нимҷазираи арабистонро ба оташу хун кашиданд. Абарқудратони дурӯя ба ин оташи даҳшатборе, ки худашон гиронида буданд, дар ибтидо «равған мерехтанд», хилофатталабонро бо маблағ ва яроқ таъмин мекарданд, дар баробари ин барои гӯл задани ҷомеаи ҷаҳонӣ аз худ муборизи зидди терроризм тарошида бо он «об мепошиданд», то («ташнагони нафт»-и арзон) ҳузури худро дар Шарқи Наздик ҳақ муаррифӣ кунанд.

Нафти ин сарзамин ҳирси Ғарбро то ҳадде ковиш додааст, ки ба ҳар ғиромию аҳдшиканиҳо қодир аст.

Қисмати Саддом ва Қаззофӣ ба чӣ фоҷиаҳое анҷом ёфт ба ҳама маълум. Башор Асадро шояд аз ин бадтар фаҷеъате дар пеш буд, агар Россия пуштибониаш намекард…Мақоли халқие ҳаст: «Сагбачча калон кардам гирифт зи банди поям», Давлати исломии Ироқ ва Шом аз мурувват ва ғамхорӣ-и хоҷагони худ, аз буйи хуни мардуми бегуноҳ. бесилоҳ ва бепуштибон он қадар масту густох гашт, ки «муаллифонаш» ба ҳарос афтода, маҷбур шуданд паи саркуб намудани ин «муздур»-и ақлбохтаи худ чораҳойи фаврӣ андешанд…

Муҷоҳидони «ру дар риш панаҳ», сияҳпарчаму сияҳпӯш дар худ «ормонҳо»-и хулафои Аббосии арабро таҷассум карда, дар қатлу ғорат, бераҳмию ҳадношиносӣ «гузаштагони» хунхорашонро бо як нул заданд. Аббосиҳои ниҳоят золим ва маккору аҳдшикан ҳам хилофи назари пайғомбиёри Худо, амузодаи худашон Муҳаммад, ки парчами сабз дошт, парчам сиёҳ кардаву сар то по сияҳпӯш бедодгарӣ мекарданд…Абумуслими хуросонӣ барои ба хилофат расидани ин хонадон ҷон коҳониду чӣ подош гирифт? Марг. Волии диловари Хуросони бузургро ба дарбор даъват карда, ҷои арҷгузорӣ ба хизмати содиқона ба синааш ханҷар заданд…Муҳофизонаш даъвою ғавғо бардоштанд, вале «ҳомиёни» ислом бо халтачаҳои ҳазординораи зар даҳонашонро бастанд. Ин муқовимати номардона алайҳи «шарики стратегӣ» ба ҷунбиши «Сафедҷомагон» боис шуд, исёни Муқаннаъро адайҳи хилофат ба бор овард, ки чордаҳ сол идома ёфт.

Хуни алломаи риштаи шариъати исломӣ Абуҳанифа ибни Собити ориёитабор (Имоми Аъзам) низ, бо қазовати таърих, дар гардани ҳамин «сияҳҷомагон» аст…Асосгузори мазҳаби суннат ва ибодатро бо «гуноҳи» нофармонӣ ба хости халифа (мехост муфтӣ шаваду қатлу ғорат ва дигар беадолатиҳои ӯро «ҳақ» маънидод кунад) аввал зиндонӣ баъд қатли пинҳонӣ карданд. Ранги сиёҳ-тимсоли маргу мотам, мерос аз аббосиён аст, ки пас аз фашистони гитлерӣ (хадамоти махсуси «СС»), Давлати(бо ном)исломии Ироқ ва Шом «шаҳодатнома»-и худ интихоб кард ва ба номи ислом сияҳнома навишт…

Афғонистони «баргаштабахт» ҳам арсаи «ману туи» ҳамин абарқудратон аст. Дар ин кишвари воқеан ҳам «оҳу фиғон» 30 сол боз ҷангу хунрезист. Қавму қабилаҳои он ҳеҷ ба ҳамдигар муросо карда наметавонанд. Иттиҳоди Шӯравӣ «пои номуборак» ба он ниҳоду 16 ҳазор ҷони ҷавонро қурбон кард ва дасти ҳолӣ, ба қавле «думаш дар зери сумаш», берун омад.

Амрико, ки ҳамин гардишро интизор буд, чун гурба «муш мепоид», гармогарм «Толибон»-и худро ба ҷанги нав таҳрик дод, то афғонҳо мушкилоти дохилиашонро худашон ҳал карда натавонанд… Аҳмадшоҳи Масъудро бо дасти террористони дар Покистон омодакардааш кушт, барои қатли ҳаммаслакони ин меҳанпарасти беҳамто, Бурҳониддин Раббонӣ ва Маршал Фаҳим, аз дастнишондаҳои худ дар ҳукумати нави Афғонистон (Карзай ва Аҳмадзай) истифода бурд…

Ба ҷавонон ва наврасон таваҷҷӯҳ доштани хадамоти тарроҳ дар ин «ҷанги номардона» авлавияти хоси худро дорад. Аввалан ин табақа аксарият содда ва фармонбардоранд, сониян ҳавасу иштиёқ ба корнамоӣ ва шӯҳрат доранд, дигар ин ки мағзашон, тафаккурашон тоза асту ҳар андешаеро, ки пеш ояд, ба осонӣ мепазиранд. Хоса боварҳои динию мазҳабию хурофот, ки бинобар надоштани маълумоти заминавии ақоиди динӣ, дар зеҳни онҳо зуд интишор меёбад ва малака мешавад. Сабабҳои иҷтимоӣ низ ҳастанд. Бекорӣ, сатҳи пасти таъминоти моддӣ, маҳдудият дар таҳсил, ки ба рушди маънавиёт ва маърифат монеъ мешаванд.

Таъбири «террорист» (даҳшатангез) дар даврони мо моҳияти «касб»-ро соҳиб шудааст. «Террорист» ва «киллер»-ҳои ҳирфайӣ аз ин пеша пулу пайса дарёфт карда, рӯзгори худро таъмин мекунанд, сарватманд ҳам мешаванд…

Баргардем сари мақсад. Мазмун, ин падидаҳо-суйиқасд ва заҳшатафканӣ гапи нав нестанд. Таърихи башарият чунин шеваи муборизаро дар ҳар давру замон, ба шаклу номҳои хоси худашон, дидаву дар хотир дорад.

Пеш аз ислом ва пас аз тулуъи ин дине, ки аз мукаммалтарин динҳо буда, мантиқан инсонгароёна аст ва барои одамро одамтар кардан, алайҳи шарру шайтанат, зулму таҳқир ва таҷовуз даъват шудаву бас. Ин хулоса, агар амиқ таваҷҷӯҳ кунед, аз китоби муқаддаси он «Қуръон» ва ҳадисҳои саҳеҳи пайғамбари он Муҳаммад ибни Абдулло бар меояд.

Мутаассифона, чун ҳамаи адёни дигар дар тамаддуни ақлонии дунё, ислом ҳам ба сиёсат кашида шуд ва дар хизмати хилофату салтанатҳо қарор гирифт. Ҳанӯз дар нимаи дуюми асри ҳафт байни чорёрон-пайравони ақидавии Расули Худо, барои қудрат зиддиятҳо хурӯҷ карданд ва пайоварди нангинашон қатли ёри чорум Алӣ ибни Абӯтолиб ва фарзандони ӯ, набераҳои Муҳаммад Ҳасану Ҳусейн шуд… Баъдан назарҳойи зидунақиз ба афкори он боиси ба мазҳабҳо ва ҷараёнҳои мухталиф ҷудо шудани ислом гардиданд, ки мухолифаташон то кунун идома дорад. Хилофати аъроб, дунёталошиҳои амирони он, фатҳу забти кишварҳо зери парчами ислом, қатлу кущтори бераҳмонаи мардуми алайҳашон исёнкарда, тӯли таърих садҳо сол идома ёфт…

Ин шеваи ҷаҳонгириро, шуруъ аз садаи аввали ҳазораи дуюми мелодӣ, туркони бодиянишин, ғазнавиёну салчуқиҳо, қарахониён, темуриёну усмониҳо, дар баробари имон овардан ба дини муҳаммадӣ пазируфтанд ва бо шарофатии ин дини муқаддас соҳиби ҷоҳу ҷалол ва султаҳои фаррохдоман гардиданд. Таърих гувоҳ аст, ба қавли мардум, «офтобро бо доман пӯшида намешавад», тохтутози ин қавму қабоил, ки паи ҳифз ва тавсеъаи ислом теғ мекашиданд, аз хушунат, қатли ом, куштору сӯхторҳои ваҳшатангез орӣ набуд…

Гардиши «фалаки ҷомакабуд»-ро бинед, ки дар интиҳои он дунёталошони нав, абарқудратони носерами олами сармоя боз ба ҳамон шеваи санҷидашуда-«ҷиҳод бо номи ислом» руйи ниёз оварданд. Дарси таърих «раҳнамо»-и мафкураи ғализи «бандагони нафс» гардид…

Ба ҷараён ва гурӯҳҳои тундраву даҳшатафкан шомил шудани ҷавонони тоҷик, чуноне ки аз мушоҳидаю мутолиаҳо бармеояд, бесабаб ва бе заминаи матраҳшуда нест. Пеш аз ҳама харобии муҳити маънавӣ дар солҳои навадум, бинобар пошхӯрии иттиҳоди шӯравӣ, султае, ки таррбияи маънавӣ ва мафкуравии наврасону ҷавонон яке аз ҷабҳаҳои калидии сиёсати дохилиаш буд, динро аз давлат ҷудо ва мубаллиғони тундрави онро зери назорати сахт нигоҳ медошт, атеизмаш мағзҳоро аз сирояти андешаҳои ифротгароёнаи мазҳабӣ, то ҳадде аз хурофот ва таассуб, ҳифз мекард. Дигар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, баҳсу талошҳои қудратталошон, ҷанги ду ақидаӣ ба ҳам мухолиф-коммунистӣ ва исломгароӣ, ки низоми кори мактабу маориф, муассисаҳои фарҳангию таблиғотиро халалдор кард. Наврасону ҷавонони ин солҳо «сарҳуй» буданд, ҳар падидаи наве, ки рунамои дошт, ба истиқболаш мерафтанд. «Мубаллиғон»-и дини мубини Ислом, хусусан аҳли ташайюъ аз ҷамоҳири сохторашон исломӣ, ки ормонҳои динии мардуми кишварашонро мафкураи (идеология) сиёсӣ интихоб карда буданд, аз чунин «кундии маънавӣ», паи таҳмили сохти давлатдории худ ба кишвари ҳамсоя самаранок истифода бурданд. Шиори «ҷиҳод дар роҳи Худо» боз дар хизмати манфиатҷӯёни бурунмарзии тоҷикон, ки дар чорсӯи қисмат ҳайрону саргардон буданд, қарор гирифт…

Нисбати оқибатҳои фоҷиабори он гаравиши кӯтоҳназарона ба мазҳаб ва ҷараёну равияҳои бунёдгаро, ифротӣ, тундрав ва ваҳшатангез бисёр навиштаанду навиштан доранд. Тафсилотро пиромуни он воқеаҳо шарт намедонем.

Мусаллам он, ки яке аз ҳадафҳои ҳамсоякишварҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Афғонистон, Покистон ва Эрон ин ҷумҳурии аз қафаси «атеизм»-и шӯравӣ озодшударо «зери қаноти худ» гирифтан ва дар Осиёи Марказӣ нуфуз пайдо кардан низ будааст.

Таҳсили густурдаи ҷавонони мо он солҳо дар донишгоҳҳои исломии кишварҳои зикрашон рафта, то ҳадде, боиси сироятӣ, андешаҳои тундравона, решаронии исломи ниҳодӣ (фундаментализм) гардид…

Чуноне ки болотар ишора шуд, абарқудратҳо ва манфиатҷӯёни олами сармоя аз даҳшатангезиҳои гоҳу ногаҳӣ ва сӯиқасд ба ташкили гурӯҳҳои ошкороамалкунанда гузаштанд. «Толибон», «Хамос», «Хусиён», «ДИИШ», «Пешмарга»-ҳои курд ва монанди инҳо, ки аз ҳамон «сарчашмаҳои маънавӣ» ғизо мегиранд, низ ислом ва мазҳаби ташайюъро ниқоб карда, барои соҳиби қудрат шудани «хоҷагон»-ашон ҷон мекоҳонанд, зеро маблағи ҳангуфт ва яроқу аслиҳае, ки доранд, аз ҳамонҳо мерасад.

ДИИШ–калонтарин ва фаъолтарин гурӯҳи террористӣ дар ҷаҳон, зери роҳбарии «пешвои» худ Ал-Бағдодӣ (собиқ корманди иттилоотии маъмурияти бехатарии Исроил) дар ибтидо ҳадаф дошт, ки хилофати исломиро барқарор, дунёро мусалмонобод хоҳад кард. Чӣ содагие, саҳеҳтараш, чӣ муғамбирие! О, дар қарни 21 кадом сиёсатмадор, кадом давлати мустақил, соҳибистиқлол бозгашт ба муҳити маънавии қарнҳои 7-8-ро мехоҳад? Пеш аз ҳама давлату давлатбачаҳои худи «гаҳвораи хилофат»–нимҷазираи Арабистон, ки дар он рӯзгор, ба қавли ҳаким Фирлавсии Тусӣ, «Зи шири шутур хӯрдану сустмор» ҷони нобаромада доштанду бас, ба чунин табаддулот роҳ нахоҳанд дод. Иститиқлолияти давлатиашон барои ин шаёхин аз нафти рагҳои биёбонашон ҳам қиматтар аст. Гузашта аз ин, қушиши бунёдгароён паи ҷорӣ намудани шарту шариъати исломи ибтидоӣ дар қарни бисту як соддалаҳвӣ, «мушт ба санг задан»-е беш нест. Мазмун, ин муддаоҳо фиреби назар, гӯлзании аҳли исломанду асту бас.

Қатлу кушторҳои чашмнодиду гӯщношуниди муҷоҳидини «эҳёи хилофат», харобкорӣ, нобудсозии ёдгориҳои таърихии тамаддуни башарият, бо дасти ин васвосиён–шомилони ДИИШ ва «Толибон» дар Сурия, Ироқ ва Афғонистон ҳам бо иродаи сарпарастони ғарбиашон амалӣ мешуданд. Ҳафтод дар сади дороии осорхонаҳо, ҳайкалу муҷассамаҳои нодири ҳунарии нобиғаҳои Шарқро вайрону валангор карданд. Амалиётҳои ҷангии ин ду ҷабҳаи қудратталош–ду дасти манфиатҷӯ ва нуфузхоҳи абарқудратҳо ҳамлаҳои ваҳшиёнаи викингҳои маскун дар Скандинавия, шимоли Аврупо, ба Англия, Франсия ва Рими қадимро ба хотир меоваранд. Зинда зинда сӯзондани занону кӯдакон, қатли намоишкоронаи гаравгонҳо, сарбурӣ ва тариқи васоити иттилоотии электронӣ ба мардуми ҷаҳон манзур намудани амалҳои ғайриинсонӣ аз ҷониби таблиғгарони ин гурӯҳҳои террористӣ, пахшашон дар телевизион ва шабакаҳои иҷтимоии интернет хулосаеро ба бор меоварад, ки тарроҳони ин саҳнаҳои даҳшатзо ҳадафи бадном кардани исломро низ доранд. Ҳангомаи модари худро куштани нафаре аз «фидоиёни ислом», ки дар расонаҳои хабарӣ пахш шуда буд, қиёми таблиғоти ғарбиён бар зидди боварҳои динии мардуми шарқ аст. Фармонбарони шайтон дар кишварҳои мусалмон оташи низоъ ва кинаю кудурат афрӯхта «панҷа гарм» мекунанд. Ҷаҳли мураккаб, таассуб, бунёдихоҳиву мазҳабгароӣ бошад, ба ин оташ равған мерезанд.

Пещвои миллати мо, президенти кишвар Эмомалии Раҳмон, дар мавридаш аз минбарҳои баланди байналмилалӣ, таъқид мекунанд, ки «…террорист дин, миллат ва ватан надорад, ислом дар ин аъмоли ваҳшиёна саҳим нест!». Бале, тафаккури исломӣ дигару «ормонҳои» нафсонии сармоядорони шайтонсиришт дигар. Мусалмонони ба онҳо гаравида ба дини худ, ба ватан ва миллати худ хиёнат мекунанд…Онҳо бандаи муъмин не, бандаи ҷаҳли мураккабанд

Охундҳои ташайюъ ҳавас доранд, ки аз аҳли суннат ва ибодат бартарӣ дошта бошанд, дар ҷаҳони ислом яккатозӣ кунанд. Ҳарчанд ҳарду фирқа ҳам як пайғамбар доранду ихлосманд ба тавҳид, Эрон «ман»-и худро арҷ мегузораду Саъудӣ «ман»-и худашро… Бо ҳамин даъво ба сиёсати дохилии дигар кишварҳои исломӣ дахолат кардан доранд… Эрон дар Яману Сурия ва Афғонистон «ба таври худ» аз аҳли ташайюъ ҳимоят карданист. Саъудӣ бошад, ҳузури ӯро дар ин баҳсҳои сиёсӣ, ки оҳанги нуфузгароёна доранд, таҳаммул карданӣ нест.

Ҳазораҳои афғонро алайҳи ҳукумати Бурҳониддини Раббонӣ шӯрониданд, исёнгарони Яманро бо мушакҳо ва дигар аслиҳаҳои боиқтидори ҷангӣ таъмин мекунанд. Пайоварди ин «ман»-иҳо ҳамдигаркушии як миллат, миллати ҳамзабону ҳамдин, шаҳру навоҳии харобу валангор, миллионҳо бандаи муъмин, занону кӯдакони овораю саргардон, хурӯҷи бемориҳои сирояткунанда, муриши оммавии кӯдакони бегуноҳ… Куҷост шиори «Муъмин бародари муъмин»?

Ин амалҳои ғайриинсониро кадом сураю ояти «Қуръон» кафил шуда метавонад? Кадом ҳадиси саҳеҳи пайғамбари ислом Ҳазрати Муҳаммад талқин кардааст, ки ҳаммаслакони худро барои мазҳаби дигар доштан, кушед хонаю дарашонро сӯзонед, мӯҷиби гуруснагӣ, оворагӣ, беморӣ ва марги кӯдакони ноболиғашон шавед?

Охундҳо солҳои навади асри гузашта ҳавасманди дар Тоҷикистон ҳам нуфуз пайдо кардани мазҳаби худ буданд. Эъмори як ҷумҳурии нави исломӣ дар Осиёи Марказӣ, бо истифода аз бӯҳрони сиёсию сохторӣ, ба мушти алайҳи Ғарби «тору пудаш фисқу шайтанат» гиреҳ кардаашон ангушти иловагӣ бояд мешуд… Вале «тирашон хок хӯрд»

Ҷанги Эрону Ироқ, ки ҳашт сол идомаю бенатиҷа анҷом ёфт, низ шеваи нуфӯзгароёна дошт. Охундҳои соҳибдавлат мехостанд, ки, чуноне арабҳо барои Байтулмуқаддас дастбагиребонанд, Карбало–зиёратгоҳи аҳли ташайюъро аз Саддом Ҳусейн бигиранд…

Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои терористӣ кори саҳл нест. Хусусан дар муҳити иттилоотии имрӯза. Шабакаҳои иҷтимоии интернет, васоити ахбори оммаи хориҷӣ ва таблиғгарони берӯю беҳаёи абарқудратон моҳирона тафаккури соддаи зумраеро «заҳролуд» мекунанд. Ба ин «чокарони Шайтон» падидаҳои чаҳонишавии босуръат: бекорӣ дар кишварҳои соҳибистиқлоли ру ба рушд, давлатҳои гирифтори бӯҳрони шадиди иқтисодӣ ва мубталои ҷанги шаҳрвандӣ барои соҳиб шудан ба қудрати сиёсӣ, муҳоҷирати иҷбории меҳнатӣ, имконияти таҳсил дар донишгоҳҳои хориҷ аз кишвар, тиҷорати озод ва дигар омилҳо мададгоранд. Бо дар назардошти ана ҳамин созгориҳо дар ҷалб ва омоданамоии сарбозони «ҷанги номардона» тарбияи маънавӣ ва ахлоқии наврасону ҷавонон бояд матраҳ карда шавад. Пеш аз ҳама таҳсили донишҷӯён дар кишварҳои абарқудрат ё тарққикардаи ангезаи нуфӯзёбӣ дошта, чӣ дар Шарқу чӣ дар Ғарб, зери назорати қатъии хадамоти иттилоотии Тоҷикистон қарор бигирад. Мазмун, зери таъсири афкори ифротӣ, таблиғи емисарҳойи тарроҳони терроризм ва пайдоиши ҳаваси даёфти маблағу ҷойгоҳи шӯҳратёбӣ дар замири онҳо пешгирӣ шавад. Динситезӣ, манъи масчиду ибодат, ки рукнҳойи асосии исломанд, бардошти зидулнақиз ҳам дошта метавонанд. «Риштарошию сатрбарчинӣ» низтаъсирӣ корои надорад. Атеизми коммунистӣ ҳафтод сол «санг дар сари фароизи исломӣ шикаст», вале эътиқоди халқҳои Осиёи Марказиро ба ин дин, дини аҷдодиашон решакан карда натавонист. Мубориза бо «усули шуравӣ» дурҳӯрди муҳити маънавие, ки ҷаҳонишавӣ эҷод кардан дорад, шуданаш амри муҳол. Ҷавононро, шуруъ аз синфҳои болоии мактаб, раванди таҳсилашон дар омӯзишгоҳу донишкадаҳои олӣ ба тарбия фаро бояд гирифт, тарбияи худшиносии миллӣ, ватандорӣ, арҷгузорӣ суннату анъанаҳои халқи худу ҳифзи онҳо ва ниҳоят тарбияи динӣ. Онҳо, на танҳо, кулли насли ояндасоз аз исломи воқъӣ, фалсафаи ин дине, ки барои одамиятро тавсеъа бахшидан даъват шуда буду рисолаташ бояд ҳамин бошад, бояду шояд бохабар бошанд.

Танҳо ҳамин бохабарӣ метавонад пеши сирояти таассуби мазҳабӣ, хурофот, каҷравиҳои бунёдгароёна ва байъат ба тундравон- тарроҳони «амалҳои шайтонӣ»-ро бигирад… Аз шарри «фарзанди нафс ва ҷаҳли мураккаб»-тероризм (даҳшатангезӣ) эмин доард…

 

Абдуллои ФОЗИЛ,

рӯзноманигор

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *