Изҳороти устодону донишҷӯёни кафедари математика ва технологияи инноватсионӣ дар мавриди муноқишаҳои марзӣ

Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ матолибе дар мавриди тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба нашр расиданд, ки албатта ин ҳолат ҳар як шахси ватандӯстро бетараф намегузорад. Чаро сарбозони қирғиз даст ба чунин амали ношоиста мезананд ва дар замине, ки минтақаи баҳсӣ ҳисобида мешавад, ҳама созишномаҳоро нақз намуда, онро ғасб намуда, ба сохтмон шуруъ менамоянд. Ба ғайр аз ин ба сӯи мардум оташ мекушоянд, магар ин амалкарди онҳо аз рӯи адолат аст?!

Ин амали муғризонаи сарҳадбонони ҶҚ нишонаи кӯшишҳои ба таври сунъӣ ноором кардани вазъият дар хати сарҳади давлатӣ арзёбӣ мегардад, ки метавонад вокуниши ҷавобиро аз ҷониби сокинони наздисарҳадӣ дар ин минтақаи ҳассос барангезад. Айни замон, намояндагони мақомоти дахлдори ду кишвар дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, барои муътадил сохтани вазъият, корҳои фаҳмондадеҳиро дар байни аҳолӣ бурда истодаанд.

Албатта, ҳеҷ кас нооромии вазъиятро намехоҳад, аммо чаро ба чунин дасиса даст задани сарбозони қирғиз касро ба андеша водор менамояд. Мо бояд ҳусни ҳамсоядроӣ ва ҳамдигарфаҳмию муносибати бародаронаро риоя намоем. Аз ин ҳолат, албатта, душманони миллат истифода мебаранд ва мехоҳанд боз дар минтақа вазъ ноором боқӣ бимонад. Мо хуб медонем, ки баъди сафари Пешвои миллат ба Исфара ва мулоқоти президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон чандин санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд ва бояд онҳо пурра риоя карда шаванд. Хотима бахшидани масъалаҳои марзӣ танҳо бо роҳи гуфтушунид бояд ҳалли худро ёбанд ва истифодаи силоҳ дар муқобили шаҳрвандон оқибати хуб надорад.

Моҷароҳои охир, ки қирғизҳо аксаран барои замин бо тоҷикон барпо мекунанд, аз дасисаҳои гурӯҳҳои манфиатхоҳи қирғиз рӯи кор меояд. Зеро талошҳо дар бораи он қитъаҳои баҳсие меравад, ки қадим ба тоҷикон тааллуқ дорад. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳудуди деҳаи ба номи Ибодулло Файзуллоеви ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни иҷозати мақомоти маҳаллӣ санаи 8 майи соли 2020 ворид гардида кишти зироатро дар масоҳати 4 гектар, оғоз карданд. Бо мақсади пешгирии амалҳои ғайриқонунӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғиистон огоҳ карда шуданд, ки минтақаи мазкур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад ва бояд онҳо ин минтақаро тарк кунанд. Аммо ҷониби қирғиз беш аз 80 нафар сокини маҳаллаи Коктоши ҷамоати Оксойи ноҳияи Бодкандро ба ин муноқиша ҷалб ва таҳрик намуд. Онҳо ба тарафи сокинони ҷамоати Чоркӯҳ санг партофта, аз силоҳи оташфишон истифода карданд, ки ин аз кори гурӯҳҳои манфиатхоҳи қирғиз гувоҳӣ медиҳад.

Иғвои навбатии гурӯҳҳои манфиатхоҳи қирғиз дар сарҳад бо ноҳияи Исфара, ки боиси ноором гардидани вазъи минтақа ва ташвишу изтироби мардуми мо гардид, аз он шаҳодат медиҳад, ки дар кишвари ҳамсояи мо нерӯҳое ҳастанд, ки сулҳу оромишро чашми дидан надоранд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *