Дар паёми навбатии ба Маҷлиси Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд.
Ташкилоти Ҷамъиятии Ассотсиатсияи Миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон дар соли 2019-ум ба донорон барои ҳиссагузорӣ ва амалӣ намудани ин иқдоми нек дар рушди соҳаҳои ҳунарҳои мардумию кишоварзӣ як чанд лоиҳаҳоро пешниҳод намуд.
ТҶ АМЗСТ яке аз калонтарин ташкилотҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ маҳсуб ёфта, барои беҳтар намудани рушди соҳибкории хурду миёна бо роҳи дастрасии соҳибкорзанон ба омӯзишҳои иқтисодию касбӣ, ҳифзи ҳуқуқи онҳо да бозори меҳнат, фароҳам овардани шароити муносиб барои соҳибкорӣ ва мусоидат ба ҳалли масъалаҳои гендерӣ, фаолият менамояд.
Имрӯзҳо занон да ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ сарбаландона фаолият намуда, барои рушди иқтисодиёти мамлакат саҳми арзандаи хешро мегузорнд.
Барои омӯхтани таҷрибаи байналхалқӣ оид ба масъалаҳои иқтисодию молиявӣ ва амалӣ намудани барномаи давлатии “Стратегияи миллии рушди ҶТ барои давраи то соли 2030” Палагина А. Н. – доктори илмҳои иқтисодӣ, ректори донишкадаи Байналҳалқии менҷменти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия ба шаҳри Хуҷанд ташриф овард.
Санаи 30 апрели соли 2019 дар ДИС ДДТТ мулоқоти судманд бо Палагина А. Н. баргузор гардид. Мавсуф оид ба масъалаҳои рушди иқтисод ва молия баромад карда, бо донишҷӯёну олимони ҷавони донишкада мубодилаи афкор намуд.