Фирефтаи андешаҳои заҳрогини ДИИШ нагардем!

Фаъолияти Давлати исломии Ироқу Шом, ки дар аксарияти  мамлакатҳҳои рӯи олам фаъолияти он мамнӯъ аст, бино бар тасдиқи олимони бонуфузи олами ислом «хавориҷ»-ҳои замони муосир мебошанд, ки танҳо аз номи ислом сухану рафтор мекунанд ва дар асл бошад, кайҳо аз мусалмонӣ берун рафтаанд. Гарчанд ки дар Сурия ва Ироқ ин давлати ба ном исломӣ қариб маҳв гаштааст, аммо пайравону ҳаводорону ҳавохоҳони ин давлати мамнуъ разолату куштор ва бетартибиро дар кулли ҷойҳои будубошашон ба амал меоранд.

ДИИШ аз замони арзи ҳастӣ карданаш фаъолияташро аз номи дини ислом амалӣ мекард ва ҳатто ҳангоми ба қатл расонидани мусалмонон «Аллоҳу акбар» гӯён хитоб мекунанд.

Пайғамбари ислом 1400 сол пеш дар як ҳадиси худ аз пайдо шудани чунин гуруҳ хабар дода буданд ва таъкид карда буданд, ки агар парчами сиёҳи онҳоро бубинед, дар замин сокит истед ва на даст ва на пойи худро наҷунбонед. Бо ин суханон ҳазрати Муҳаммад (с) ба умматашон гуфтанӣ буданд, ки ба ин фитнакорон ҳамроҳ нагардед, кумак нарасонед. Дар идомаи ҳамин ҳадис гуфта шудааст, ки давлати онҳо дер намепояд. Дилҳои пайравони ин давлат мисли оҳан гаштааст. Боз гуфта мешавад, ки дар охир пайравони ин давлат байни ҳамдигар низоъ мекунанд ва он гаҳ Аллоҳ таъоло ҳақиқатро зоҳир хоҳад кард. Ба назар чунин мерасад, ки пайғамбари ислом дар замони худ аз зуҳури чунин гуруҳи фитнагар сухан карда будаанд ва таъкид доштанд, ки агар мусулмонон парчами онҳоро бинанд, дар ҷояшон ором истанд ва ононро пайравӣ накунанд. Аммо, мутаассифона, мебинем, ки гуруҳи муайяни ҷавонон ба ин давлат пайравӣ карданд. Дар ҳадисҳои дигар қайд гаштааст, ки аксарияти пайравони ин давлат ҷавонон мешаванд.

Мутассифона, дар қатори ҳазорон ҳазор нафар ақлбохтагон бархе аз шаҳрвандони кишвари мо низ ҳастанд, ки қурбони ҷаҳолату нодонии худ гаштанд. Боиси хурсандист, ки бо дастгирии Ҳукумати кишвар шаби 30-юми апрел 84 кӯдаку навраси тоҷикро тавассути ҳавопаймои ширкати ироқии Fly Erbil аз Бағдод ба Душанбе оварданд.

Баъзеи ин кӯдакон чанд сол пеш ҳамроҳи волидони худ ба маҳалли ҷанг дар Ироқ рафта, бархеи дигар дар онҷо ба дунё омадаанд. Дар ҳоле ки падарони аксари онҳо ба ҳайси ҷангҷӯи ДИИШ кушта, фирорӣ ё беному нишон шудаанд, модаронашон дар зиндонҳои Бағдод нигаҳдорӣ мешаванд. Ба иттилои расмӣ, феълан дар зиндонҳои Ироқ 43 зани тоҷик ҳастанд. Дар ҳоли ҳозир 11 навраси дигари тоҷик ҳамроҳи модарони худ дар зиндонҳои Ироқ мондаанд.

Тибқи иттилои дастрасгардида, аз соли 2014 тақрибан 1900 шаҳрванди кишвар, аз ҷумла занону кӯдакон ба қаламравҳои Сурияву Ироқ рафтаанд. То ҳол хабари марги беш аз 300 нафари онҳо расидааст. Баъди кушта шудани аксар ҷанҷгӯён, оилаҳои онҳо бесарпаноҳ монда, бо тасмими мақомоти Сурияву Ироқ дар урдугоҳҳои махсус ҷой дода шуданд.

Раҷабмуҳаммад Раҷабов,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *