«…терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба
амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда,
барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».
Аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Ҷомеаи башариятро имрўз яке аз мушкилотҳои пурхатар ба ташвиш гузоштааст, ин падидаҳои номатлуб аз қабили ҳар лаҳзаву замон ва бо ақидаҳои мухталиф рўйи кор омадани гурўҳҳои носозгори террористӣ, экстремистӣ ва ифротгароӣ мебошанд. Таҳлилҳо исбот намудаанд, ки амалҳои анҷомдодаи террористону экстремистон бештар ба дину мазҳаб робита дошта рушди илму техникаро инкор менамоянд.
Ин падидаҳо ҳамчун ҷинояти сангин алайҳи оромию суботи инсоният аст, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.
Таърих исбот намудааст, ки ифротгароии динӣ дар ҳеҷ давру замон натавонистааст ва имрӯз ҳам наметавонад мардумро ҳамбастагӣ, инсондӯстӣ, мардумписандӣ, тафоҳум ва эҳтироми якдигар расонда, иттиҳоди мардумро ба як шакл таъмин кунад. Зеро ифротгароии динӣ таҳамуллпазирои дигаронро надорад. Мақсади ин ташкилоту созмонҳо зишт ва нопок аст, поя надорад, зуд-зуд пароканда шуда, оқибати бебако хоҳанд монд. Маълум аст, ки ин ҳадафҳои зишткорона дар зиндагии имрўза барои на ҳама аъзои дигари ҷомеа қобили қабул аст. Аз ҳамин лиҳоз, имрўз сиёсати дастаҷамъонаи ҷаҳон бар муқобили ин омилҳо мубоиза бурда истодаанд.
Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам таълошу заҳмати ҳар фардои бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ аст.
Дар акси ҳол, надонистани сарнавишти таърихии миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбати мероси маънавӣ- фарҳангии он шахсро бо инкори ҳакикат гузашта, ба бегонапарастию кадр накардани қимати дастовардҳои истиқлолияти миллӣ оварда мерасонад.
Ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд.
Инчунин имрӯз моро зарур аст, ки дар байни наврасону ҷавонон оид ба ин масъалаҳо сӯҳбат намуда, онҳоро ба роҳи донишандӯзи, касбу ҳунарҳо ки ба ҳаёти онҳо таъсири мусби мерасонад равона созем. Дар онҳо ҳисси баланди ватандӯстиро тарбия номоем. То ки онҳо худро аз ҳар гуна ҳаракатҳои ифротгароӣ, террористӣ дур нигоҳ доранд.