Санаи 15-уми май бо мақсади шиносоӣ аз раванди таълиму тарбия, шароиту имкониятҳои таҳсил, вазъи муносибатҳои байналмилалӣ ва пояи моддӣ-техникии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ, ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор Назарзода Хайрулло Холназар ва ҳайати ҳамроҳонаш ба Донишкада ташриф оварданд.
Ректори ДДТТ-ро директори Донишкада дотсент Ҳошимзода Ҳ.Ҳ. хайрамақдам гуфта, ҳамроҳ бо марказҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аккселератсия ва соҳибкории рақамӣ, байналмилалӣ ва иртиботи мутақобилаи ҷаҳонӣ, инчунин синфхонаҳои махсусгардонидашудаи компютерӣ ва кафедраҳои факултети иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионӣ дидан намуда, дар машғулиятҳои устодон бевосита иштирок карданд.