15-уми майи соли 2023 дар толори қабули расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маросими супоридани стипендияҳои Раиси вилоят барои соли хониши 2022-2023 ба донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо донишҷӯёну магистрантон ва аспирантон иброз дошт, ки ҷавонони кишвар, аз ҷумла, ҷавонони вилояти Суғд дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди босуботи ҷомеа ва пешбурду татбиқи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят нақши муҳим доранд. Таваҷҷўҳ ба фаъолияти ҷавонон ва татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон имрўз яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, ба фаъолияти ҷавонон, бахусус донишҷўёну магистрантон ва аспирантон дар қаламрави кишвар эътибори бештар зоҳир гардида, иқтидор ва имкониятҳои онҳо барои пешрафти самтҳои идоракунии давлатӣ босамар истифода мегардад.
Боиси ифтихор ва сарбаландии аҳли ҷомеаи меҳнатии устодону кормандон ва донишҷӯёни ДИС ДДТТ аст, ки соли равон 30 нафар беҳтарин донишҷӯёну магистрантон ва докторантони Донишкада ба гирифтани Стипендияи Раиси вилояти Суғд мушарраф гардида, ба 10 нафар иштирокчиёни Ҳафтаи худидоракунии МИҲД-и вилояти Суғд аз ДИС ДДТТ гувоҳнома супорида шуд. Аз номи кулли ҷомеаи меҳнатии Донишкада гирандагони Стипендияи Раиси вилоятро самимона муборакбод гуфта, барояшон хониши хубу аъло ва барору комёбиҳои назарраси илмию таълимӣ таманно менамоем.