Мо устодони кафедра борҳо зимни изҳороти хеш нисбат ба терроризиму ифротгароӣ андешаҳои хешро иброз дошта будем. Воқеан, имрузҳо дар расонаҳои хабарӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзноманигорон, таҳлилгарон, сиёсатмадорон, сарварони ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳои гуногун нисбат ба терроризиму ифротгароӣ андешаҳои худро баён менамоянд. Мо низ тасмим гирифтем, ки дар атрофи яке аз масъалаи доғи рӯз, оид ба зуҳуроти терроризм ва экстремизм, ки имруз хатари асосии таҳдиди амнияти давлатӣ ва давлатдории дунявӣ аст, андешаҳои хешро иброз менамоем. Воқеан мушоҳидаву таҳлилҳо собит менамоянд, ки яке аз омили асосии паҳншавии ин зуҳуроти хатарзо аз таълими ғайриқонунии динӣ вобаста аст. Таҳлили кормандони ҳифзи ҳуқуқи кишвар нишон медиҳад, ки аз 90 то 95 фоизи аъзои ташкилотҳои террористию экстремистӣ таълимгирандагони мактабҳои ғайриқонунии динӣ мебошанд. Раванди таълимоти ғайриқонунии динӣ, сарчашмаи таблиғкунандаи идеологияи ифротӣ ва қадами нахустин ба ҷониби ячейкаҳои ибтидоии террористӣ буда, асосан дар манзили зисти рӯҳониёни иртиҷоӣ ба роҳ монда мешавад. Баробари ин, муайян шудааст, ки гирифтани таълимоти ғайриқонунии динӣ дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ сурат мегиранд, яъне дар онҳо гурӯҳҳо ташкил гардида, афроди алоҳида ба омӯзондани адабиётҳои динӣ ва ҷалби ҷавонон машғуланд. Чунонҷи, дар барномаи интернетии «Имо» шакли нави таълимоти ғайриқонунии динӣ ошкор шудаст, ки дар он 20 гурӯҳ бо номҳои «Саволу ҷавоби исломӣ», «Ислом дини ҳақ» ва монанди инҳо фаъол гардидаанд. Аз ин лиҳоз, тамоюли ба таълими ғайриқонунии динӣ фаро гирифта шудани насли наврас то ҳол ҳамчун ангезаи таҳрикдиҳандаи болоравии сатҳи таассубу хурофот, радикализми динӣ ва моилсозии ҷавонон ба сафи гурӯҳу созмонҳои террористиву экстремистӣ боқӣ мемонад. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо бо дарназардошти иттилои Вазорати корҳои дохилии кишвар мисол меорем, танҳо дар соли 2022 36 ҳолати таълими ғайриқонунии динӣ ошкор гардида, 8 нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар давлатҳои хориҷӣ таълимоти ғайриқонунии дини мегирифтанд, ба Тоҷикистон баргардонида шуданд. Бояд қайд кард, ки бидуни дарки ҳадафҳои аслии созмону гурӯҳҳои ифротиву террористӣ, баъзе воситаҳои ахбори омма барои роҳбарони онҳо минбар ё дигар имконияти ибрози матлабро фароҳам меоранд. Ин гуна руйкардҳо, ба андешаи мо, ғайрисозандагӣ буда, гуруҳҳои носолимро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ таблиғу ташвиқ менамоянд. Дар иртибот ба ин, мисол меорем, ки раҳбарияту ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ ва ё бо номи “Паймони миллӣ”, ва “Гурӯҳи 24”бо пуштибонии хоҷагонашон дар кишварҳои Аврупо паноҳ ёфтаанду имрӯзҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, дар барномаҳо, аз ҷумла бо номи “Минбари муҳоҷир”, “Ҳақ ва ботил” ва амсоли ин баромадҳои ифротӣ менамоянд. Ин гуруҳакони носолими имрӯза бо талошҳои бесамари худ умедворанд, ки фазои ақидатиро дар ҷомеаи мо тира карда, мардумро ба чолиш кашанд. Бидуни шак онҳо фақат ба хотири манфиатҳои гурӯҳиву ҳизбии худ талош доранд ва дар ин росто аз манфиатҳои милливу давлатӣ куллан сарфи назар кардаанд ва ба ҷуз бадбахтӣ ва маҳрумият овардан дигар андешаи солиме ҷой надорад.
Дар анҷоми изҳороти хеш, хулосабарорӣ намуда қайд менамоем, ки авзои имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ моро водор месозад, ки дастаҷамъона ба тарбияи маънавию ахлоқии насли наврас ҷиддитар машғул гардида, пеши роҳи ҳама гуна гаравиши ҷавононро ба гурӯҳҳои ифротгаро ва доми найрангу фиреби хоҷагони ин равияҳоро гирем. Имрӯз ҷавонони даврони соҳибистиқлол бояд дар раванди таҷдиди ҷомеа тавассути таҳким бахшидани фикру андешаи нав, бахусус ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, арзишҳои бунёдии миллатсозӣ ва ватансозиву ватандорӣ бо давлату Ҳукумат ҳамкории фаъолро ба роҳ мондан, тақозои замон аст!