Ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ – бадхоҳ ва душмани миллату давлат!

Боиси зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз доштанд: “ Амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст.

Инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ бо душмани бераҳму шафқат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният рӯй намегардонад.

Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд.

Тоҷикистон дар интиҳои асри XX бо кӯшишҳои баъзе қувваҳои носолим, ҳизбҳо ва гурӯҳҳои сиёсиву иртиҷоӣ ба вартаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ афтод. Ҷанг боиси хисороти зиёди молию ҷонӣ гардид. Хушбахтона, тавассути заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлати Тоҷикистон барои таъмини амният ва ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳими худ ҳамаи имкониятҳои мавҷударо истифода намуд, имрӯз тамоми мардум сарҷамъ ва дар фазои сулҳу ваҳдат зиндагонӣ доранд. Дар айни ҳол ҳадафҳои асосии сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, ҳифзи соҳибихтиёрӣ, якпорчагии давлат, роҳандозии муносибатҳои дӯстона ва хайрхоҳона бо ҳамаи давлатҳои ҷаҳон мебошад.

Мутаассифона, ташкилотҳои террористию экстремистие ҳастанд, ки мехоҳанд бо ҳар роҳу васила ваҳдату суботи моро халалдор намоянд. Пӯшида нест, ки тариқи расонаҳои хабарӣ, яъне бо усули муборизаи иттилоотӣ хоинони давлату миллат аз дур истода санги маломат ба тарафи мо мепартоянд. Бо мақсади паст задани мавқеи давлати тоҷик дар миқёси байналхалқӣ ва минтақавӣ, махсусан зери интиқод гирифтани Ҳукумати имрӯзаи кишвар, изҳороту нигоштаҳои зиёди хусусияти интиқодӣ дошта аз ҷониби ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) ба назар мерасад.  Ҳарчанд ашхоси номбурда зодаи Тоҷикистонанд, вале дар асл муносибати дурушт бо Ватани хеш доранд ва пайравӣ бо душманони миллати тоҷик зидди ин марзу буманд. Бадномкуниҳо шабеҳи туҳматҳои қаблианд, аммо бо шаклу намуди дигар. Ҳасудхӯрон аз дурӯғу буҳтон истифода мебаранд, то давлатро назди аҷнабиёни ба худ наздик, сиёҳ бикунанд. Ҳарчанд роҳбари фирории ҳизб ва пайравони гурезааш вобаста ба ҳар воқеае изҳороти нодуруст медиҳанд, тамоми сокинон ва бошандагони Тоҷикистон аз хурд то бузург аз ҳақиқат огаҳанд ва ин амалҳоро шадидан маҳкум месозанд. Ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ бо доираҳои ғаразҷӯ ва манфиатхоҳ дар ҷомеа тибқи барномаҳои тарҳрезишуда ва ҳадафманди хоҷагонаш дар хориҷ аз кишвар зидди миллати тоҷик мубориза мебарад, аммо ба мақсадҳои нопокаш нахоҳад расид.

 

 Хусаинова Ш.

дотсенти кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқи ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *