ШУМО, НАҲЗАТИЁН, ҲЕҶ ГОҲ БА МАҚСАД НАМЕРАСЕД! (андешаҳо баъди тамоши филми “Хиёнат”)

 

 

Имрӯз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, ба доми фиребу дасисаи ватанфурӯшон гирифтор шудани онҳо ба яке аз мавзӯи доғи рӯз табдил ёфтаву аз падару модарон пайваста зиракии сиёсӣ, бетараф набудан дар ҳаёти фарзандонро талаб мекунад. Насли наврасро мебояд бахусус аз фаъолияти саропо хиёнаткоронаи ТТЭ ҲНИ, ки солҳост бо он ҳама кӯшишҳояш ба мурод нарасидааст, аммо бояд иқрор шуд, боиси маргу мири ҳазорон нафару овардани миллионҳо доллар зарари иқтисодӣ гаштааст, огоҳ намуд.

Моро мебояд таҷрибаи талхе, ки миллати тоҷик аз ҷанги шаҳрвандӣ ба даст овард, дар хотир нигаҳ дорем ва барои насли оянда он ҳодисоту воқеоти нангини солҳои номуродиро то қадри имкон бозгӯ намоем, то ҳар нафар ба қадри имрӯзи осоишта бирасад.

Метавон аз нобасомониҳои солҳои 90-ум ёдовар шуд. Хиёнаткорони наҳзатӣ бо истифода аз бетаҷрибагии давлати навбунёд мехостанд зимоми давлатдориро бо ҳар роҳу восита ба даст оранд. Чун натавонистанд ба мақсадҳояшон ноил шаванд, дасти зӯрӣ боло карданду бо силоҳ кор гирифтанд. Ва натиҷа кушта шудани 150 ҳазор ҳамватанони мо гардид. Чунин амалҳои номардона боз чанд маротиб зуҳур кард, ки охиронаш куштори сайёҳони хориҷӣ буд. ҳамин амали ноҷавонмардонаи худро низ хостанд ба «Давлати исломӣ» бор кунанду аз об хушк бароянд. Аммо нашуд: асрорашонро сарвари террористон ҳ.Абдусамадов бозгӯ намуд. Ин ҳаводис бори дигар чеҳраи сиёҳу қалби ифлосашонро бештару бештар ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.

Бо ин ҳама ин сияҳкорон аз фаъолияти худ намехоҳанд даст кашанд, чун дар назди хоҷагони худ қарздору забонкӯтаҳанд ва он қарздориҳоро метавонанд фақат бо ифротгароию хиёнат ҷуброн намоянд.

Боиси зикр аст, ки агар ба Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳ намеоваранд, бо сарварии ҳимматзодаву Тӯраҷонзода ва Нуриву Абдуғаффор чор ҳизб таъсис меёфту аҳволи Тоҷикистон аз Афғонистон чанд маротиб баъдтар мегашт.

Таҳлилгарон собит кардаанд, ки ТТЭ ҲНИ аз рӯзи аввали пайдоишаш бо Хадамоти махсуси ҶИЭ ҳамкорӣ дошт. Яке аз чеҳраҳои шинохта ва таъсисгарони ин ҳизб Айёмиддин Сатторов ин нуктаҳоро бозгӯ намудааст. Мутаассифона, баъди такилоти террористӣ эълон шудани ҳНИ низ марҳалаи нави ҳамкориҳои он бо Хадамоти ҶИЭ ба назар мерасад. Шурӯъ аз соли 2016 то инҷониб пӯшида нест, ки ин хиёнаткорон садҳо ҷавонони тоҷикро бо роҳи фиреб ба ҶИЭ бурда истодаанд ва дар лагерҳои махсус бо таълимоти низомӣ фаро мегиранд.

Ин нуктаҳоро тавассути ВАО, филмҳои мустанади «Бозгашт аз ҷаҳаннам», «Зархаридон» бозгӯву расонаӣ шудаанд. Онҳо то ҳол аз фаъолияти зиддимиллӣ даст накашидаанд, бо зӯроварию хиёнат рахна задан ба пойдевори амну осудагии Тоҷикистонро доранду каждумҳои таги бурёро мемонанд, аммо:

Неши каждум на аз пайи кин аст,

Муқтазои табиаташ ин аст!

Аз ин лиҳоз, бетараф набудану ҳушёрии сиёсиро аз даст надодан муқаддастарин рисолат баҳри пойдории амният дар Тоҷикистон аст!

 

Шарипов Зокирчон,

 дотсенти ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *