Саломатии одам хамчун намуди биосатсиали на танҳо категорияи биологи балки нишондихандаи асосии инкишофи чамъият дониста мешавад.
Бинобар ин саломатиро хамчун боигарии чамъият на танҳо мафҳуми ичтимои балки экологи дида баромадан лозим аст. Мувофики муаянкунии Ташкилоти умумичахнии тандурсти саломати ин бехбудии вазъияти пурраи чисмони рухи ва ичтимоии одам дониста мешавад. Аз нуктаи назари ичтимоиию иктисоди саломати ин меъёри мачмуи шароитҳо ва воситаҳои чисмонию маънави чамъит барои барпокунии арзиши рухи ва модди тавсиф карда мешавад.Аммо псиҳофизиология онро хамчун дарачаи чисмони ва фикри кобилияти кории одам маънидод мекунад. Дар тадкикотҳои тиббию биологи ва саломати на танҳо аз руи нишондихандаи инкишофи чисмони ва вазифаи организм кобилияти кори ва фикри балки аз руи манбаи захиравии мутобикшави аз нишондихандаи биокимёви хармонҳо ва хусусияти иммунии одам баҳо дода мешавад.
Дар айни маврид дар ҷумҳуриамон дар қатори давлатҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон вируси сирояткунандаи COVID 19 паҳн шудааст, Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии ин вируси сирояткунанда ва ҳифзи саломатии мардум амалҳо ва чораҳои заруриро ба анҷом расонида истодаанд.
Коронавирус 2019-nCoV мансуби оилаи Коронавирусҳо буда, ҳамчун инфексияи зоонозӣ ба ҳисоб меравад. Аз рӯи маълумотҳои Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ, вирус дорои хосиятҳои мутатсионӣ (тағйирпазирӣ) буда, ҳолатҳои аз одам ба одам сироятёбӣ низ қайд шудааст. Айни ҳол ин вирус барангезандаи эпидемия дар якчанд шаҳрҳои Чин мебошад. Вирус якум бор моҳи декабри соли 2019, дар шаҳри Уҳони мамлакати Чин ба қайд гирифта шудааст. Дар асоси маълумотҳои оморӣ ҳолатҳои зиёди сироятёбӣ қайд шудааст ва якчанд ҳолати фавт низ ҷой дорад. Паҳншавии коронавирусро дар Фаронса, Ҷопон, ИМА, Кореяи Ҷанубӣ ва дар якчанд давлатҳои дигар мушоҳида намуданд. Аммо бо вуҷуди ин мебоист роҳҳои пешгирӣ ва саривақт ошкор намудани ин коронавирусро ҳатман донист.
РОҲҲОИ СИРОЯТЁБӢ:
- Иртибот бо шахси бемор;
- Тавассути ҳаво ва оби даҳони шахси сироятёфта;
- Ҳангоми сару кор бо косаву табақи бемор;
- Зимни иртибот бо ҳайвони сироятёфта;
АЛОМАТҲОИ БЕМОРӢ:
- Сулфаю атсаи зиёд;
- Баландшавии ҳарорати бадан;
- Нафастангӣ;
- Пневмония;
- Қайкунӣ;
- Дарунравӣ;
ОРИЗАҲОИ БЕМОРӢ:
- Норасогии шушӣ;
- Норасогии кори гурдаҳо;
РОҲҲОИ ПЕШГИРӢ:
- Қоидахои беҳдошти дастонро риоя кунед! Дастҳоятонро баъди ташноб, пеш аз таом хӯрдан, баъди алоқа бо бемори сироятёфта ҳатман бо собун шӯед.
- Пӯшидани ниқобҳои тиббиро дар мавзеҳои серодам фаромӯш накунед!
- Бо ҳайвону паррандаҳҳои ёбоӣ ва шахсони сироятёфта аз алоқа парҳез намоед!
- Ҳангоми атса ё сулфа бо кафи дастон ё сачоқи намнок (влажная салфетка) даҳонатонро пӯшед!
- Ҳамагуна меваҷот ва сабзавотро пеш аз истеъмол дар об бодиққат шӯед!
- Солимии баданро нигоҳ доред, дар ҳолати гирифтори ягон беморӣ будан, зуд паи табобаташ шавед!
Инак, чи хеле мушоҳида кардед, роҳҳои пешгирии ин беморӣ риояи оддитарини қоидаҳои беҳдошти саломатӣ мебошад. Ваксина зидди ин беморӣ то ҳол коркард нашудааст, аммо табобати ин беморӣ бо маводҳои доруворӣ имконпазир аст ва ҳолатҳои табобати пурраи беморон низ қайд гардидааст. Қатъиян риоя намудани ин қоидаҳоро ба шумо тавсия менамоем.
Мукаддас Набиева муаллимаи кафедраи тичорат ва ҳуқуқи
ДИС ДДТТ