
(Дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
дар 79-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (аз 24.09.2024 ))
Мусаллам аст, ки алҳол авзои ноорому бесуботи сиёсии сайёра боиси ташвишу нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳон аст ва кӯшишҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон, мусаллаҳшавии бошитоб, қудратталабӣ, бархӯрди манфиатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва ҷиноятҳои киберӣ торафт шиддат гирифта, ҷаҳонро ба марҳалаи нави “ҷанги сард” кашидаанд. Ин ҳолат боиси ташвиш ва изтироби ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла роҳбарияти тамоми зинаҳо гардидааст. Дар робита ба ин, бояд қайд кард, ки суханрониҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳои кишвари Тоҷикистон, ба созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ ба мисли Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони Ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва ғайраҳо ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷаҳону минтақа, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромиллӣ, масъалаҳои экологӣ ва амсоли он ба самъи ҷаҳониён расонида мешавад. Масалан Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ 24 сентябри соли ҷорӣ дар мубоҳисаҳои 79-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки дар шаҳри Ню Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуда, таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоишро ба вазъи хеле ҳассосу мураккаби ҷаҳон ҷалб карда, таъкид доштанд, ки равандҳои пуртазоди геосиёсӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, шиддат гирифтани “ҷанги сард”, низоъҳои мусаллаҳона, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва дигар хатару таҳдидҳои глобалӣ, бешубҳа, оқибатҳои манфии дарозмуддат доранд.
Дар рафти суханронии хеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масоили амниятӣ, аз ҷумла оид ба буҳрони Фаластин изҳори нигаронӣ намуда, қайд карданд: “ҷонибҳои даргир барои оташбас ва роҳандозии музокироти сулҳ иқдом карда, ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати эҳёи суботи пойдор дар Фаластин тадбирҳои муассир хоҳад андешид.” Ҳамчунин, вобаста ба ҷонибдори истиқрори сулҳу суботи пойдор ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар Афғонистони ҳамсоя ибрози андеша намуда, аз ҷомеаи байналмилалӣ боз ҳам даъват намуданд, ки бо мақсади пешгирӣ аз буҳрони башарӣ кумакҳои хешро ба мардуми азияткашидаи Афғонистон, аз ҷумла ба минтақаҳое, ки дар пайи офатҳои табиӣ зарар дидаанд, дареғ надоранд.

Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати хотима бахшидан ба ҳамаи ҷангу низоъҳо ибрози андеша намуда, бо мақсади амалисозии ҳадафҳои сулҳҷӯёна ташаббуси шашуми хеш дар бораи қабули қатъномаи махсуси СММ «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» пешниҳод намуданд, ки барои ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мояи ифтихору сарбаландӣ аст. Сарвари муҳтарами мамлакати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин шуда, аз байни сарони давлатҳои ҷаҳон бо ин ташаббуси фарогиру хеле зарурӣ садо баланд намуданд. Ин ташаббуси навбатӣ бори дигар аз мақому манзалати бузурги Пешвои миллатамон дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳони имрӯза ва бе тафовут набудан ба дарди ҷомеаи ҷаҳонӣ башорат медиҳад, зеро имрӯз вазъи геополитикии ҷаҳон дар ҳолати ҳассос ва хеле хатарнок қарор дорад. Воқеан, ин ташаббус давоми мантиқии ҳамаи ташаббусҳои пешинаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти обу иқлиму экология буд, ки дар асоси онҳо СММ 10 қатънома қабул намуд. Бо боварии комил метавон қайд кард, ки ташаббуси навбатии Пешвои муаззами миллат аз тарафи тамоми сарони давлатҳои узви СММ дастгирӣ меёбад, зеро сулҳ неъматест, ки тамоми миллатҳову давлатҳо ба он ниёз доранд. Барои дарки он ки дар сиёсати дохилию хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи сулҳу суботу ваҳдат масъалаи меҳварӣ аст, мутолиаи матнҳои паёмҳои Президенти Тоҷикистон кофӣ мебошад.
Ташаббуси навбатии Пешвои муаззами милллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар собит месозад, ки Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳалли ҳамаи муноқишаву низоъҳо танҳо бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ ва муттаҳидсозии муштараки ҷомеаи байналмилалӣ саҳми назаррас мегузорад. Воқеан, ташаббусу ибтикорҳои созандаи Президенти кишвар нуфузи кишвари моро дар арсаи байналхалқӣ баланд бардошта, боварии ҷомеаи ҷаҳониро ба устувории давлат зиёд намуда, муносибатҳои худро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳонӣ тақвият мебахшад. Хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми бебаҳо дар густариши ҷомеаи умумибашарӣ ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар хориҷ эътироф гардидаанд.Ҷаҳониён имрӯз Пешвои миллати моро ба унвони таблиғгари фарҳанги волои сулҳ мешиносанд. Хулоса, кишвари мо дар ҳамкорӣ бо СММ ва ниҳодҳои дахлдори он, инчунин, дигар шарикон ҷиҳати муқовимат ба хавфу хатарҳои амниятӣ пайваста иқдомҳои муштаракро роҳандозӣ мекунад. Ҳар яки моро месазад, ки ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди устувори кишварамон камари ҳиммат баста, барои ояндаи ободу зебо, зиндагии орому осоишта, пойдории сулҳу субот, таҳкими истиқлоли давлатӣ ва арзишҳои волои миллӣ саҳми арзишманд ва назаррасаро дар хизмати содиқона ба миллату давлат ва Ватани азизу ҷоноҷонамон Тоҷикистони маҳбуб анҷом диҳем.
Ф.МАМАДҶОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ
