ИҒВОГАРОНИ РОҲГУМЗАДА

Мо тавассути расонаҳои хабарӣ, огаҳ ҳастем, ки солҳои охир як қатор тӯдаи иғвогарони роҳгумзада, амиқтараш раҳбарияту ҳаммаслакону думравони наҳзат бо пуштибонии хоҷагонаш дар кишварҳои Аврупо паноҳ ёфта, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар барномаи ифротиашон баромад намуда, кӯшиш карда истодаанд, ки кишвари моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд. Масалан яке аз пайравони худсохтаи наҳзат яке аз иғвогари роҳгумзадаи Аврупоӣ, бахусус Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад, ки то ҳол ба худ хулосаи даркорӣ набароварда дар давоми моҳҳои август ва сентябри соли равон тавассути шабакаи иҷтимоӣ, дар барномаи “Минбари муҳоҷир” бо ҷалби шогирдону думравонаш баромад намуда, нисбат ба давлати миллати кишвари соҳибистиқлоламон ғайбату туҳмат ва иғвогариро пеша намудааст. М.Садриддин дар аксарияти баромадаш қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва алалхусус мунозираро риоя накарда, худро дар баҳс ғолибшуда нишон медиҳад. Тааҷҷубовар ин аст, ки М.Садриддин зиштии ғайбатро шояд медонад, вале боз ҳам ё касеро ғайбат мекунад ё ба ғайбати дигарон гӯш медиҳад. Ин ба хотири он аст, ки онҳо ба зиштӣ ва нопокии ин кор аз самими дил бовар надоранд, зеро агар мо ба зиштию зарари коре яқин дошта бошем, ҳаргиз онро анҷом намедиҳем. Аслан инсони комил бо лутфи илоҳӣ ва рафтори мардум хушгумон бошад. Вале, М.Садриддин баракси ин танҳо ба иғвою гайбат менамояд ва дигар коре надорад. Бояд хотиррасон кард, ки дар моддаҳои 135-136-и боби 17 – и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷиноятҳо ба муқобили озодӣ, обрӯ ва эътибори шахсият ҷазо пешниҳод гардидааст, ки ин як навъ таваҷҷуҳи ғамхорона аз ҷониби давлат барои нигоҳ доштани ҳуқуқи шаҳрвандон мебошад.
Бояд қайд кард, ки таҷрибаи ҳаёти инсоният борҳо исбот намудааст, ки ҳар як шахс бо меҳнати худ новобаста аз соҳаи фаъолият зиндагии шоиста дошта бошад ва он на танҳо ба манфиати шахси алоҳида, балки ҷомеъа бошад, ки инро мардуми Тоҷикистон эҳсос менамоянд ва барои ободии Ватан ҳиссагузорӣ намуда истодаанд. Имрӯз дар Ватани азизамон Тоҷикистон ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шудааст ва танҳо меҳнати содиқонаро талаб менамояд. Ватанро танҳо шахсоне дӯст ва ҳифз менамоянд, ки бо меҳнати ҳалол луқмаеро пайдо намуда, барои худ ва ояндагон мероси арзанда мегузоранд.
Хулоса, натиҷаҳои нохалафиву ватанфурўшӣ ва ғайбату туҳмати иғвогаронаи М.Садриддин, умуман тӯдаи иғвогарони роҳгумзадаи наҳзат моро ҳушдор медиҳанд, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангези иғвогарони роҳгумзада набояд фазои мусоид фароҳам оварем. Ин масъулияти шаҳрвандиву фарзандии мост, ки то ҷон дар бадан дорем, барои решакан кардани ифротгароӣ муборизаи беамон мебарем!

М.ҶӮРАЕВ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *