
Имрўз дар ҷомеи ҷаҳонӣ ба майдон омадани ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва гурўҳҳои манфиатхоҳу манфиатҷўи ифротгаро боиси мушкилотҳои зиёд гардидааст. Дар замони муосир ин рухдод он қадар миёни мусулмонон доман густардааст, ки ҳар ҷо метавон нақши сиёҳу хуношоми онро эҳсос намуд. Ин ҳолат дар миёни пайравони динҳои гуногун, аз ҷумла яҳудӣ, насронӣ, ҳиндуизм, буддоӣ ва ҳатто қабилаҳои ваҳшитабор ҳам вуҷуд доштааст. Дар шароити имрўза бо авҷ гирифтани фаъолияти террористӣ онро бо дини Ислом рабт медиҳанд ва ин тарзи андешаронӣ боиси нигаронист. Нисбати халқиятҳое, ки пайрави дини Ислом мебошанд бозингарони геопалитикӣ, яъне бархе давлатҳои абарқудрат маҳс чунин давлатҳоро ҳадафи худ қарор медиҳанд. Хуллас, сиёсикунонии Ислом ба сиёсати иҷтимоӣ ва фарҳангӣ тамоми миллату халқиятҳои ҷаҳон хатари ҷиддӣ дошта, бархӯрди тамаддунҳоро ба миён меорад. Имрӯз моҳияти сиёсишавии дини Ислом дар он муайян мегардад, ки аз таълимоти маъмули худ берун баромада, ба як падидаи иҷтимоӣ-сиёсӣ ва фарҳангии мураккаб мубаддал гардидааст. Дар шароити имрӯза сабабҳои сиёсишавии дини Ислом ва батаври қатъи тағирёбии онро асосан ба се самт баҳогузорӣ карда мешавад. Яъне глобалӣ, минтақавӣ ва дар самтҳои давлатҳои алоҳида.

Имрӯз дар ҷаҳон 80 ҳизбу гурӯҳи гуногуни исломӣ, ки мақсадашон бо роҳи ҷиҳоду зӯроварӣ ғасб кардани қудрату давлат дар ҷаҳон аст, фаъолияг дошта, ҳар кадом дар ин ё он кишвар ба қатлу куштору даҳшатафканӣ миёни мардум ва базӯр паҳн намудани ақидаҳои зиддибашарӣ машғуланд.Чунончи яке аз иттиҳодияи муташаккили ҷинояткории гурўҳҳои экстремистӣ ва террористӣ бо номи Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ва ё бо номи “Давлати исломӣ” мебошад, ки аз ҷониби ҷинояткорони байналмилалӣ барои фиреби назари мусулмонҳо таъсис шудааст. Оғози фаъолияти муғризони ДИИШ-ро мо қаблан дар қаламрави Сурияву Ироқ мушоҳида карда будем. Имрузҳо бошад натанҳо дар Афғонистон, инчунин дар кишварҳои Аврупо низ фаъолиташро густурда намуда, даст ба амалҳои террористӣ заданаш ба назар мерасад, ки бар хилофи таълимоти дини мубини Ислом аст. Имрӯзҳо мубалиғони ДИИШ аз васоити гуногун истифода бурда, ҷавонони зодаи Осиёи Марказӣ ва дигар мамлакатҳоро раҳгумзада карда ба сафҳои аҳриманиаш қабул намуда, оқибат онҳоро ба коми ҷаҳанам мефиристонад. Ҷангҷӯёни ДИИШ ва инчунин аъзоёни “Ал-Қоида” бештар бо симои афроди силоҳноки ришдароз, ки нигоҳашон ҷӯёи қурбонӣ аст ва ҳар лаҳза аз дин сухан гуфта, хилофи фармудаҳои дин амал намуда, намоён мешаванд. Аксаран ин амалҳо зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои дини бебунёд сурат мегиранд. Нафрати кас ба тинати ин зумра ҳайвонҳои инсонбашара, ки худро мусулмони асил мепиндоранд ва боварии кас намеояд, ки фарзанди одам ба чунин ваҳшоният даст занад, инсонро ба мисли ҳайвон сар бурад, зинда дар оташ сӯзонад, зинда ба зери хок гӯронад, шаҳру деҳот ва кишварҳои оламро ба харобазор табдил диҳад. Сарчашмаи ҳама ин нооромиҳо, кушторҳои паи дар пай дар мамлакатҳои исломӣ ҳамин гурӯҳу равияҳо мебошанд. Дар иртибот ба ин, бояд қайд кард, ки мутафаккири бузург Носири Хусрав дар китоби «Ваҷҳи дин» он шахсонеро, ки динро ба мақсади носолимию нопокӣ истифода мебаранд, интиқод карда, менависад: «Ва ҳар ки ба муроди хеш андар дин сухан гуфг, ӯ деви ронда бувад». Баробари ин, таъкидан ёдовар шудан зарур аст, ки воқеан, асосҳои дини Ислом фарзанди одамро ҳеҷ гоҳ ба роҳи бад ҳидоят накардааст. Набояд фаромӯш кард, ки ин дин ҳамеша ҷонибдори аз байн бурдани ихтилоф буда, покии зоҳиру ботинро тарғиб менамояд. Дини мубини Ислом дини поку беолоиш буда, таҷассумгари арзишҳои миллӣ ба ҳисоб рафта, бо омӯзиши дурусти он байни ҳамагон дӯстӣ ва муҳаббат пайдо мешавад ва барои хушбахтии инсоният ва пешрафти зиндагии модию маънавии онҳо равона шудааст. Воқеан, дини мубини Ислом дини ислоҳотхоҳ, адолатпеша буда, олами башарро ба сарҷаъмӣ даъват менамояд, на ба ҷудоӣ ва гурӯҳбандӣ, ки аз онҳо бӯи ғаразҳои ифротгароӣ ба машом мерасад.
Хулоса, терроризм зодаи экстремизм ва бадтарин падидаи номатлуби инсонӣ буда, марбут ба як дину мазҳаб нест. Як девонаи сиёсӣ ва ё кӯчагӣ ҳам метавонад дар доираи якравӣ ва ақидаи ботилу девонавори худ мардумро парешону ҳаросафканӣ намояд ва бо ҳамин рафтор метавонад террорист бошад. Умуман, ҳаракатҳои террористӣ дар миқёси олам гуногун буда, онҳоро асосан ду унсури умумӣ бо ҳам муттаҳид мекунад: аввалан, онҳо барои халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва суст намудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ равона гардида ва дигар ин, ки ин ҳаракатҳо дар байни аҳолӣ ҳиссиёти тарс, оҷизиро ба вуҷуд меоваранд. Мақсади асосии масъалаи омўзиши терроризм ва экстремизм дар он зоҳир мегардад, ки бояд шарҳи дурусти терроризм муайян гардад ва роҳҳои мубориза бо он пайдо гардад. Зеро ин падидаи номатлуб дар даҳсолаи охир бо суръати баланд зиёд шуда истодааст.
Ин ҳама навиштани андешаро аз рӯи виҷдону инсоф, худогоҳиву худшиносиамон рӯи коғаз овардаем, то ба хулоса омада, ба воқеоту рӯйдодҳои ҷаҳони муосир воқеъбинона баҳо дода, барои ҳифз намудани ҷомеаи озоду мустақил саъю талош варзем. Набояд фаромуш кард, ки мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, умуман падидаҳои номатлуби ҷомеаи имруза на танҳо вазифаи давлат ва ҳукумат аст, инчунин тамоми ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияву созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар ин ҷода фаъол бошанд ва ҳамарӯза дар таҳкиму пойдории сулҳу ваҳдати миллати кишвар саҳмгузор бошанд.
Ф. МАМАДҶОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ