ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ МАРБУТ БА ОБ ВА ИҚЛИМ

(Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23 декабри соли 2022)

Масъалаҳои  таъмин намудани аҳолӣ бо об сол то сол аҳамияти бештар пайдо карда истодааст. Имрӯз, дар ҷаҳон минтақае нест, ки дар масъалаи захираҳои об мушкилот надошта бошад ва ба нақши ин неъмати бебаҳо дар рушди устувор аҳамияти махсус надиҳад. Зеро тамоми самтҳо ва соҳаҳои фаъолияти инсонӣ бо захираҳои об алоқаи зич доранд. Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки захираҳои об на танҳо неъмати беҳамто, балки меҳвари асосии рушди устувор мебошанд.

Бояд қайд кард, ки ҳанӯз зиёда аз 800 миллион сокини сайёра аз истифодаи оби тозаи ошомиданӣ маҳрум буда, зиёда аз 2,5 миллиард нафар ба шароити оддитарини санитарию техникӣ дастрасӣ надоранд. Ҳар сол то 300 ҳазор нафар кӯдак дар синни то панҷсола ба иллати набудани дастрасӣ ба оби нӯшокии бехатар ба ҳалокат мерасад. Дар ҷаҳон зиёда аз 2 миллиард нафар аз норасоии об танқисӣ мекашанд. Тибқи пешгӯйии коршиносон, соли 2050 ин нишондиҳанда метавонад то панҷ миллиард нафар, яъне тақрибан ба нисфи аҳолии сайёра, баробар гардад.

Маълум аст, ки об ва иқлим бо ҳам робитаи ногусастанӣ  доранд, зеро тағйирёбии иқлим ба ҳаҷми захираҳои оби нӯшокии тоза ва сифати он таъсири манфӣ расонида, кишварҳо ва минтақаҳои мухталифи оламро ба вазъи ташвишовари экологӣ дучор месозад.

Тайи даҳсолаҳои охир дар натиҷаи гармшавии глобалии иқлим обшавии босуръати пиряхҳо дар Арктика, Антарктида ва Гренландия мушоҳида кардан мумкин аст. Ҳамчунин, об шудани пиряхҳо воқеъ дар хушкӣ низ ба амал омада истодаанд. Тибқи мушоҳидаҳои тайи шаст соли ахир ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёнаи солона ба андозаи як градус аз рӯйи Селсия боло рафта, миқёсу миқдори ҳодисаҳои табиии вобаста ба обу ҳаво рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Зери таъсири ин омилҳо дар Тоҷикистон офатҳои табиӣ дар шакли обхезӣ, аз маҷрои дарёҳо баромадани об, сел, фаромадани тарма ва ярч ҳамасола ба аҳолӣ ва иқтисоди кишвар хисороти ҷиддӣ мерасонанд.

Дар ҳудуди Тоҷикистон тақрибан 13000 пирях ва 1000 дарё мавҷуд аст, ки сарчашмаи ташаккули тақрибан 60 дарсади захираҳои оби Осиёи Марказӣ мебошанд. Дар мавриди истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷойи 6-умро ишғол менамояд ва аз рӯи захираҳои оби тозаи ошомиданӣ низ ҷойгоҳи пешсафро ишғол мекунад.

Вале бояд қайд кард, ки дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ва гармшавии бесобиқаи ҳаво аз 13 ҳазор пиряхи дар кӯҳсори Тоҷикистон мавҷуда то имрӯз беш аз 1 ҳазори он пурра аз байн рафтааст. Тибқи омори дастрас танҳо пиряхи Федченко дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи даҳсолаҳои охир 11 километри мураббаъ, бо талафоти 2 километри мукааби ях коҳиш ёфтааст. Ин ҳама дар ҳолест, ки то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ аз пиряхҳои Тоҷикистон сарчашма мегиранд. Кишвари мо аз рӯи партовҳои қиёсии дуоксиди карбон дар ҷаҳон ҷойи 135-умро ишғол менамояд ва 96 фоизи қувваи барқи худро дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мекунад.

Аз ин лиҳоз, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  масъалањои мушкилоти об ва иқлим диққати ҷиддӣ медиҳад. Вобаста ба ин, дар кишвари мо яқ қатор барномаҳои давлатӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳалли масъалаҳои мушкилоти об ва иқлим қабул шуданд. Аз ҷумла, Барнома оид ба бењтар намудани таъминоти ањолї бо оби тоза барои солњои 2008-2020 ва  қабул шудани Барномаи нави мазкур барои солҳои 2021 – 2030; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи оби нушокӣ ва таъмини он»  аз  29 декабри соли 2010; Барномаи рушди бахши об барои солҳои 2010-2025; Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025. Ба ғайр аз ин, Њукумати Љумњурии Тољикистон соли 2010 барномаи давлатї оид ба омўзиш ва њифзи пиряхњои Тољикистон дар давраи солњои 2010-2030-ро ќабул намуд. Ҳамчунин, бо мақсади мониторинг ва татбиқ намудани тадбирҳои мутобиқшавӣ ба омилҳои тағйирёбии иқлим дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маркази омӯзиши пиряхҳо таъсис дода шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари ба масъалаҳои мушкилоти об дар дохили кишвар ва минтақа диққати ҷиддӣ додан, инчунин дар арсаи ҷаҳон тадбиру кӯшишҳои худро ба ҳалли масъалаҳои марбут ба об равона карда истодааст. Кишвари мо яке аз муассисони Фонди байналмилалии наҷоти Арал ва ҳамчунин, силсила ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масоили марбут ба об аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид  дастгирӣ шуданд. Аз ҷумла:

  1. «Соли байналмилалии оби тоза, 2003»;
  2. Даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об барои ҳаёт», 2005-2015»;
  3. «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013»;
  4. Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028».

Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ раисии худро дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба бознигарии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” ба ӯҳда дошт ва ин ҳамоиш дар раванди омодагӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба бознигарии фарогири миёнамуҳлати ин Даҳсола, ки соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк барпо мегардад, нақши муҳим хоҳад гузошт.

Ҳамзамон, бо ин ташаббусҳо, масъалаи тағйирёбии глобалии иқлим ҳамчун мушкилоти ҷиддии замони муосир мавриди таваҷҷуҳи хоси кишвари мо қарор гирифтааст.

Бояд тазаккур дод, ки 14-уми декабри соли ҷорӣ Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул кард. Мувофиқи ин қатънома дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзӯъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад.

 

Имрӯз мо ифтихор дорем, ки панҷумин ташаббуси ҷаҳонии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли масъалаҳои об ва иқлим дар ҷаҳон амалӣ гашта истодаанд. Кишвари мо умед дорад, ки ин ибтикори навбатии Тоҷикистон ба андешидани чораҳои зарурии дастҷамъона ва барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ дар миқёси ҷаҳон хохад шуд.

Ҳамин тариқ, маҳз ба шарофати 31 соли Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хизматҳои бузурги ӯ,  оид ба ҳалли масъалаҳои мушкилоти об ва иқлим дар минтақа ва ҷаҳон, Тоҷикистонро дар ҷаҳон ҳамчун кишвари ташаббускор ва созанда мешиносанд ва боиси қаноатмандист, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маркази баргузории чорабиниҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ табдил ёфтааст.

ҲОШИМОВ Ф. Ҷ.,

 муаллими калони кафедраи ҷомеашиносӣ

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *