ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ ДИС ДДТТ, ҲОШИМЗОДА Ҳ.Ҳ. БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2023

 Бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандону донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, бароятон саодати рӯзгор, сарбаландию сарфарозӣ, саломатию тандурустӣ ва дар ҷодаи фаъолияти пурмасъулият барору комёбиҳои нав ба нав таманно менамоям.

Баъди чанде соли 2022 бо ҳама файзу нусрат, барору муваффақиятҳои беназираш ба китоби таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ворид мегардад. Соле, ки аз тақвими зиндагии мо рафт, соли вусъати созандагию бунёдкорӣ, иқдому ташаббусҳои наҷиб ва густариши худшиносию худогоҳии миллӣ маҳсуб меёфт.

Соли сипаришуда дар партави ғамхории доимӣ ва татбиқи сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ пешравиҳои азим, вусъати корҳои созандагию ободонӣ, ривоҷи дӯстию робитаҳои ҳамкории судманд ба вуқуъ пайвастанд. Фараҳбахштарин воқеаи соли 2022 он буд, ки мардуми сарбаланди кишвар ҷашни фархундаи 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил намуданд.

Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш бори дигар, фарорасии Соли нави мелодиро ба Шумо самимона табрику таҳният гуфта, бароятон хонаи обод, ризқи фаровон, рӯзгори пурнишот, файзу баракоти зиндагӣ ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу оромӣ ва ободиву шукуфоӣ орзумандам.

                                                        Бо камоли эҳтиром,

                                                       Директори ДИС ДДТТ                                                                                             Ҳошимзода  Ҳ. Ҳ.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *