ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – САРМАНШАЪИ  ХУДШИНОСИВУ  ХУДОГОҲӢ ВА ҲУВВИЯТИ МИЛЛӢ

 

         Мусаллам аст, ки ҳамасола Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо натиҷагирӣ аз дастоварду нишондиҳандаҳои меҳнатӣ ва муайяну мушаххас намудани нақшаву барномаҳои дурнигарона барои соли оянда ва марҳилаи рушди босубот “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат” ироа мегардад.

          Мо омӯзгорони ҷавон беш аз ҳама интизори Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастем. Дар меҳвари ҳар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари аҳамияти сиёсӣ-ҳуқуқӣ доштан, аҳамияти махсуси ахлоқиву тарбиявӣ низ дорад. Суханону андешаҳои пурмуҳтаво ва пандомези Сарвари давлат зимни ироаи паёмҳояшон дар бораи адлу тадбир, таълиму тарбия, илму маориф, ватандӯстиву ватанпарастӣ, саховату эҳсон, адолати иҷтимоӣ, арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои ӯ, волоияти қонун ва амсоли онҳо боиси баланд гардидани масъулият ва ҳисси милливу ватандӯстӣ, маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии аҳолии мамлакат, бахусус ҷавонон мебошад.

             Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш  вобаста   ба масъалаи худшиносиву худогоҳӣ ва ҳуввияти миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда,  мардуми кишварро ба дарки истилоҳи бедориву ҳуввияти миллӣ ва зиракии сиёсиву таҳаммулпазирӣ ҷалб намуданд. Воқеъбинона  қайд карданд,  ки имрӯзҳо равандҳои геополитикӣ ҳамоно мураккабу печида боқӣ монда, боиси афзоиши мухолифату низоъҳо, шиддат гирифтани рақобат ва талоши кишварҳо барои тавсеаи нуфуз дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон гардидаанд. Ин ҳолат боиси ба миён омадани таҳдиду хатарҳои бесобиқаи амниятӣ гардида, дар маҷмӯъ, ба сохтори бунёдии муносибатҳои байналмилалӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад. Баробари ин, қайд  намуданад, ки имрӯзҳо низ  гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд.  Дар робита ба ин ҳолат Пешвои муаззами миллат ба мақомоти дахлдори кишвар супориш доданд, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд.  Вобаста ба ин пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористидошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, дар кишвар Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад, ки иқдоми навбатиии Пешвоми миллат  талаботи замон аст. Инчунин дар Паёми хеш Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад. Илова бар ин, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон зикр карданд,ки ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад. Мо бояд мафҳумҳои ватандӯстӣ ва рушдро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем, тамоми донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро ба рушди давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон равона кунем, кишвари маҳбубамонро пешрафта гардонем ва барои наслҳои оянда як мулки обод мерос гузорем

    Эътимоду боварӣ, ташаббусу ибтикороти наҷиби Пешвои муаззами миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста масоили ба худшиносиву худогоҳӣ ва ҳуввияти миллӣ ба мо ҷавонони даврони соҳибистиқлол нерӯву тавони тозаро дар ҷодаи ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ, афзун намудани дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар, муаррифии шоистаи ҷумҳурӣ дар ақсои олам ба вуҷуд меорад.

         Хулоса,  пешниҳоду таъкидҳои Пешвои муаззами миллат ҳар фарди ҷомеаро водор менамояд, ки ҳар як фарзанди босадоқати мамлакатро мебояд, гуфтаҳои Пешвои муаззами миллатро шиори рӯзмарраи худ қарор дода, нагузорад, то нохалафе ба мақсадҳои ғаразноки худ расад. Шукронаи даврони истиқлол намуда, кӯшиш ба харҷ бояд дод, то барои рушди иқтисоди кишвар ва устувории пояи ваҳдат саҳми арзанда гузорем. Зиндагии навини мардумони мо аз ҳар нафари тоҷику тоҷикистонӣ садоқатмандона сайқал бахшидани андешаи миллиро тақозо дорад, ки худогоҳӣ, худшиносӣ ва маҳорату маърифати беназирро таҳким мебахшад.

К.КАЛОНОВ ,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *