ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҲАЛЛИ МАСОИЛИ АМНИЯТӢ

(Дар партави суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид
( аз 24.09.2024))

24 сентябри соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои 79-уми умумии Маҷмааи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) суханронӣ намуданд. Зимни баромади хеш, Пешвои миллат аз вазъи мураккабу пурҳассоси ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид карда гузаштанд: “Имрӯз ҷаҳон дар шароити хеле ҳассосу мураккаб қарор дорад. Равандҳои пуртазоди геосиёсӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, шиддат гирифтани “ҷанги сард”, низоъҳои мусаллаҳона, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва дигар хатару таҳдидҳои глобалӣ, бешубҳа, оқибатҳои манфии дарозмуддат хоҳанд дошт”.
Вобаста ба ин, Пешвои муаззами миллат қайд карданд, ки таъмини сулҳи пойдору ҳаёти осоиштаи инсоният ва пешрафти кишварҳо пеш аз ҳама дар асоси созишу ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созанда фароҳам мегардад. Дар ин росто, Сарвари кишвар бо мақсади дастрасӣ ва хотима бахшидан ба ҳамаи ҷангу низоъҳо ва амалисозии ҳадафҳои сулҳҷӯёна зарур шумориданд, ки давлатҳои ҷаҳон муттаҳид шаванд.
Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш дар мубоҳисаҳои 79-уми умумии Маҷмааи умумии СММ барои ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси СММ “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад.
Воқеан, имрӯзҳо мо шоҳиди он ҳастем, ки дар баъзе минтақаҳои олам ҳазорон нафар одамони бегуноҳ қурбони манфиатҳо ва бозиҳои геосиёсии кишварҳои абарқудрат гаштаанд. Ва дар ин радиф, авҷи исломситезиву мусулмонбадбинӣ ва тафриқаандозӣ миёни дину мазҳабҳо ба омили дигари хатар табдил ёфтаааст, ки боиси сахт ба ташвиш овардани ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.
Дар чунин шароити пурҳассосу пешгуинашаванда, масъалҳои таъмини амният ва сулҳу субот дар мадди аввал меистанд ва яке аз омилҳои асосии рушди устувор дар давлат ба ҳисоб мераванд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 90-уми асри гузашта ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро паси сар намудааст, ки беш аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандони бегуноҳ ба ҳалокат расида, 55 ҳазор кӯдакон ятим монданд ва як миллион нафар шаҳрвандони Тоҷикистон гурезаҳои иҷборӣ шуданд. Аз ин лиҳоз, Тоҷикистон ҳамчун давлати аз ҷанги таҳмилӣ азияту мушкилоти зиёд кашида, намехоҳад, ки кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ба буҳронҳои сиёсӣ дучор шаванд. Тоҷикистон ҷонибдори он ҳаст, ки дар кишварҳои ҳамсоя сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ ҳукмфармо бошад ва кишвари мо тавонад бо онҳо дар фазои ҳамсоягии нек ва ҳамкории созанда зиндагӣ намояд.
Зимни суханронии хеш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазъи кунунии Ховари Миёна ва Афғонистон, бахусус, Фаластин диққати аҳли нишастро ҷалб намуда, мавқеи Тоҷикистонро нисбати ҳамин кишвар баён намуданд: “Қазияи Фаластин роҳи ҳалли низомӣ надорад. Тоҷикистон бар он назар аст, ки ҳалли ниҳоӣ ва воқеии ин қазия танҳо тавассути иҷрои қарорҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба таъсиси Давлати мустақили Фаластин дар асоси марзҳои соли 1967 имконпазир мебошад”.
Хотиррасон бояд кард, ки моҳи октябри соли 2023, дар натиҷаи ҳуҷуми ҳаракати ҲАМОС ба Исроил тақрибан 1200 нафар одамон кушта шуда, 240 нафар гаравгон гирифта шуданд. Пас аз ин воқеа, даври нави шиддат гирифтани ҷангу муноқишаҳо дар Ховари Миёна сурат гирифт. Дар раванди амалиёти ҷавобии ҳарбии Исроил ба Ғазза тайи муддати камтар аз як сол, беш аз 45 ҳазор одамон кушта шуданд, ки зиёда аз 17 ҳазори онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд. Дар ҳақиқат, вазъи баамаломада дар Шарқи Наздик, кишварҳои ҷаҳонро сахт ба ташвиш овардааст ва барои ба эътидол овардани вазъ ҷонибҳо аз роҳи низомӣ даст кашида, бо роҳи музокира онро ҳал намоянд.
Дар баробари ин, Сарвари кишвар, аз ҷомеаи байналмилалӣ боз ҳам даъват намуданд, ки бо мақсади пешгирӣ аз буҳрони башарӣ кумакҳои хешро ба мардуми азияткашидаи Афғонистон, аз ҷумла ба минтақаҳое, ки дар пайи офатҳои табиӣ зарар дидаанд, дареғ надоранд
Бояд зикр кард, ки бо истифода аз вазъи ноустувори низомиву сиёсӣ мавқеи созмонҳои террористӣ дар Афғонистон тақвият ёфтанд ва алҳол ҳамаи онҳо ба амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ хавфи ҷиддӣ эҷод менамоянд. Гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дар наздикии марзҳои ҷанубии минтақаи Осиёи Марказӣ, дар вилоятҳои шимолу шарқи Афғонистон урдугоҳ ва марказҳо ташкил намуданд, ки ба кишварҳои минтақа хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр хатти сарҳад дорад, ки 60 фоизи сарҳади умумии минтақаи Осиёи Марказиро бо ин кишвар ташкил медиҳад. Аз ин ҷост, ки сулҳу субот ва оромии минтақаи Осиёи Марказӣ аз ин кишвари ҳамсоя вобастагии бевосита дорад.
Дар робита ба ин, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 январи соли 2022 дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ташаббуси таъсиси «камарбанди амниятӣ» дар атрофи Афғонистон барои ҳифзи марзҳои ҷанубии ин созмон аз терроризм ва экстремизм пешниҳод намудаанд.
Масоили таъмини сулҳу субот ва амнияти давлат доимо дар маркази таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Тоҷикистон ҷиҳати муқовимат ба хавфу хатарҳои амниятӣ бо созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар ниҳодҳо ҳамкорӣ менамояд.
Тайи солҳои охир, бо ибтикору ташаббуси Сарвари кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм» дар кишвари мо се конфронси байналмилалии сатҳи баланд баргузор гаштанд. Аз ҷумла, конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” (4 маи соли 2018 дар ш. Душанбе), конфронси сатҳи баланд дар мавзӯи “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” (ш. Душанбе 16-17 майи 2019 ) ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон” (18-19 октябри 2022) баргузор гаштанд.
Тоҷикистон моҳи ноябри соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ Конфронси навбатии байналмилалиро оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он баргузор менамояд.
Имрӯзҳо, дар баробари терроризму экстремизм, ҳамчунин масъалаи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба яке аз муаммоҳои доғи рӯз табдил ёфтааст. Маблағҳои аз муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир бадастоварда яке аз сарчашмаҳои асосии таъмини молиявии терроризм мебошанд. Вобаста ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи июни соли 2019 дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар Бишкек пешниҳод карда буданд, ки дар доираи СҲШ созмони алоҳида оид ба мубориза алайҳи гардиши маводи мухаддир таъсис дода шавад. Айни ҳол, қочоқи маводи мухаддир махсусан аз қаламрави Афғонистон дар солҳои 2022-2023 охир бамаротиб афзоиш ёфтааст. Дар ин давра мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон дар марз бо ин кишвар беш аз 10 тонна маводи мухаддирро мусодира кардаанд, ки назар ба солҳои пеш чандин маротиба зиёд аст.
Бо назардошти таҷрибаи ғани доштаи Тоҷикистон дар самти мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва ҷиддияти ин масъала, Сарони кишварҳои узви СҲШ дар нишасти ин созмон санаи 04 июли соли 2024 дар шаҳри Остона тасмим гирифтанд, ки дар шаҳри Душанбе Маркази зидди маводи мухаддири СҲШ таъсис дода шавад.
Ҳамин тариқ, ташаббуси ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита аз таҳкими сулҳу субот ва амнияту оромӣ дар минтақа ва ҷаҳон гувоҳӣ медиҳад. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати кишвари сулҳдӯсту сулҳофар дар арсаи ҷаҳон боз ҳам баланд гашт ва шинохта шуд. Ин шаҳодати он аст, ки дар ҳақиқат мактаби Сарвари давлат дар тақвият ёфтани нақш ва симои мусбати кишвар дар ҷаҳон хело бузург аст.
Имрӯз Тоҷикистон бо сайю кушишҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳон ҳамчун кишвари пешбарандаи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаву созанда эътироф шуда, кишвари мо дар асоси ҳамин мафҳум бо ҳамаи давлату созмонҳо ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст. Аз лиҳоз, мо боварӣ дорем, ки ташаббуси навбатии Президенти мо “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” тавассути қатъномаи махсуси СММ аз тарафа ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ва қабул карда мешавад.

Ф.ҲОШИМОВ ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *