БА ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ЗАМОНИ МУОСИР БО ДИДИ ОГОҲОНА НАЗАР КАРД!

Пӯшида нест, ки имрўз оламиён аз воқеаҳои фоҷеабор дар ҷаҳони ислом изҳори нигаронӣ намуда, пайваста талош доранд инсониятро аз даргириву муноқишаҳои доираҳои манфиатҷўю ҷудоиталаб раҳо намоянд. Дар ин даргариҳо занону кўдакони зиёде ба ҳалокат расида, ятиму бепарастор ва бехонаву дар гаштанд.

Мутаассифона, ҳамаи ваҳшоният ба номи ислом иснод меорад. Бадномсозии ислом бо дасти мусулмонони ноогоҳу манфиатталаб оғозу анҷом ёфта истодааст ва дасти бегонагон дар мадди аввал меистад. Дар робита ба ин, мисол меорем, ки бархе ташкилоти террористию экстремистӣ, алалхусус Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ва ё бо номи“Давлати исломӣ”, “Ал –Қоида” ва дигар равияҳои ифротӣ аз вазъи сиёсии Афғонистон истифода бурда, дар ин кишвар маскан гирифта, ошкору пинҳонӣ фаъолият доранд. Мақсади асосии ин гуруҳҳои террористӣ, пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодист. Бояд қайд кард, ки барои амалӣ намудани ин ғараз аз моҳи августи 2021 то имруз дар Афғонистон ва ҳатто дар бархе кишварҳои Аврупо ,Осиёи Марказӣ содир шудани таркишҳо ба қайд гирифта шудааст, ки бештари масъулияти анҷоми онро дар бисёри ҳолатҳо ДИИШ ба уҳдаи худ мегирад. Нодида гирифтани масоили мазкур ба ояндаи инсоният зарари ҷиддӣ расонида, пеш аз ҳама, теша ба решаи исломӣ ноб мезанад. Инсоният ниёз ба амнияти воқеӣ дорад ва уламои ҷаҳони ислом бояд сари ин масъала андеша кунанд. Воқеияту руйдодҳои ҷаҳони муосир аз он таъкид менамояд, ки мушкилоти аср ва таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто тақдири тамоми аҳли башарро ба хаттари ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд. Дар чунин шароите, ки дунё нотинҷ буда, бо васвасаи баъзе ҳокимиятхоҳону моҷароҷӯён баъзе давлатҳо сарҳисоби кори худро намеёбанд, он кишварҳое бурд мекунанд, ки зери парчами сулҳу ваҳдат ва иттиҳоду ҳамбастагӣ ба сӯи ояндаи нек бо фикри пешрафт зиндагӣ доранд. Бинобар ин, нагирифтани пеши роҳи ин хатар ва таҳдидҳои замони муосир метавонад боз ҳазорҳо мардуми осоиштаро аз ҳаёт маҳрум созад, зеро дар қалбу вуҷуди гуруҳҳои террористиву экстремистӣ, ки чунин зулму ситам ва афкору андешаи ҷоҳилона ҷой гирифта, ба ҷуз бадбахтӣ ва маҳрумият овардан дигар андешаи солиме ҷой надорад. Яке аз сабаби ба ин фоҷиа гирифтор гаштани ислом, пеш аз ҳама, дар он аст, ки ба арзишҳою муқаддасоти асили исломиамон хурофот, зоҳирпарастиву зоҳирбинӣ ворид шуда истодааст. Пўшида нест, ки гурўҳҳои ҳангомаҷў кўшишҳои авомфиребонаи ба ном исломӣ намуда, барои қонеъ гардонидани ғаразҳои шахсии хеш аз арзишҳои динӣ сўиистифода менамоянд. Густариши талошҳои мазкур, мутаассифона, имрўз тақвият ёфта истодааст.

Вазъи сиёсии мамлакатҳои Шарқи наздик ва умуман, ҷаҳони муосир вобаста ба равандҳои исломӣ мавқеъ ва муносибати шаҳрвандони Тоҷикистонро ба маротиб дигар намуд. Дар ин замина таҳдиди гароиши эҳтимолии фарзандони худро ба сафи ҳаракатҳои ифротию террористӣ эҳсос менамоянд. Таҳлилу мушоҳидаҳо бозгўи онанд, ки хоҷагони бурунмарзӣ ҷавононро ба гурўҳҳои худ ҷалб намуда, бо ин васила мехоҳанд сулҳу суботро дар кишвари мо халалдор созанд ва ҷомеаро ба гирдоби кашмакашиҳову нооромиҳо ғарқ намоянд. Роҳбаронива пешвоёни созмонҳои ифротгаро бо ҳар роҳ мехоҳанд ақидаҳои манфиатҷўёнаашонро ба зеҳни ҷавонон ҷой намоянд. Ҷавононе, ки донишу ҷаҳонбинии васеъ доранд, ҳаргиз ба доми фиреби чунин таблиғгаронӣ, манфиатҷў намеафтанд. Исбот шудааст, ки шахси бохирад нисбат ба камсавод ва ё бесавод эътиқоди комил дошта, анъанаҳои пурарзиши миллӣ ва халқҳои мутамаддини оламро аз ҳурофот ва ақидаҳои ботил фарқ карда метавонанд. Рафтори разилонаи гурўҳҳои ҷиноятпеша, барои бархе аз ҷавонони тоҷик, ки бо гумроҳӣ ба ҳаракату гурўҳҳои ифротгарову ситезаҷў,аз ҷумла дар сафи ҷангҷуёни ДИИШ шомил шудаанд, бояд сабақи зиндагӣ гардад. Ҷавонони раҳгумзадаву тираақл бояд дарк намоянд, ки гурўҳҳои манфиатҷў аз касодии зеҳни онҳо истифода бурда истодаанд. Ин ҷиҳат моро водор месозад, ки роҳи дурусти ҳалли мушкилоти пешомадаро ёбем. Хулоса, мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Аз ин рӯ, дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар фарди ватанпарвару миллатдӯст, алалхусус, ҷавонон, ки неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст,ки ба равандҳои ҷорӣ ва тавсеаи зуҳуроти номатлуб бо диди огоҳона назар карда, барои ҳифзи сулҳу Ваҳдати миллӣ, осоиши зиндагӣ ва таъмини рушду тараққиёти Ватани азиз аз худ нақше бар ҷой гузорад. Сулҳ, озодӣ, ваҳдат, якдилӣ, ободие, ки имрӯз Тоҷикистони маҳбуб дорад, чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, арзишҳои беҳтаринеро, ки сабабгори ҳаёти хурраму осуда ва саодатмандона аст, ҳамвора идома бахшанд.

М.МАМАДҶОНОВА,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *