ИЗҲОРОТИ кормандони шуъаи илм ва инноватсияи ДИС ДДТТ дар ш.Хуҷанд вобаста ба баромади иғвогаронаи рахбар ва думрави паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли..” дар шабакаи иҷтимоӣ” (аз 21 сентябри соли 2024)

Мо кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд зимни мақолаву изҳоротҳои хеш доир ба фаъолияти зиддидавлатии раҳбарияту ҳаммаслакон ва думравони собиқ ҲНИ,ки алҳол“Паймони миллӣ…” ном дорад, бо санаду далел амиқ изҳор дошта, маҳкум намудаем. Ин навбат низ нисбати хоинони миллат, ки имрӯз бо номи “Паймони миллӣ..” бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ намоён мешаванд ва аслан ҳамон ТТЭ ҲНИ мебошад, ки пўсташро иваз намудааст, ибрози ақида менамоем.

Дар атрофи масоили мазкур андешаронӣ намуда, бояд қайд кардт, ки имрузҳо раҳбараш Муҳиддин Кабирӣ ва ҳамммаслаконаш бо пуштибонии хоҷагонашон аз хориҷи кишвар истода, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар барномаи ифротӣ бо номи “Паймони милли..” садо баланд менамоянд, Бешубҳа, М.Кабирӣ роҳбари навтаъсиси “Паймони миллӣ…”ки калимаи Тоҷикистонро ҳамроҳ накардем, хонандаи закӣ хуб медонад ва ҳоҷат ба баён нест, зери нуфузи таъсиргузории хоҷагони хориҷӣ қарор гирифта, бо ҷалби думравонаш мехоҳад боз ба майдони сиёсӣ баромада, нисбат ба кишвари соҳибистиқлоламон чун солҳои 90-уми қарни гузашта кинаву адоват кошта, бо иғвогарони зархарид бо талошҳои бесамари худ умедворанд, ки фазои ақидатиро дар ҷомеаи мо тира карда, мардумро ба ҷангу ҷидол кашанд.

Суол ба миён омаданаш мумкин аст, ки чаро мо, маҳз номи паймони худсохтаи наҳзатро мисол овардем?! Ба ин суол посух медиҳем: таърихи башар исбот кардааст, ки ҳама абарқудратҳо маҳз бо таъсису ташкил намудани ҳизбу ҳаракатҳои бо ном исломиву характери динӣ дошта, бо маблағгузориҳои ҳангуфт, дар ин ё он давлатҳои рушдкунанда ва маҳз ба давлатҳои бо ном Исломӣ, ҳадафҳои ниҳоиашонро роҳандозиву амалӣ менамоянд. Ин падидаро Муҳиддини Кабирӣ ва ҳаммаслакону думравонаш дар ҷаҳони Ислом ташаккули худшиносии динии халқҳои мусулмон маънидод мекунанд, аммо ин аз воқеъият хело дур аст.

Ин гуруҳаки иғвогар дини Исломро истифода бурда, имрӯзҳо рафтору гуфтораш дар шабакаҳои иҷтимоӣ фақат иғвогарӣ, тафриқаандозӣ байни мардум мебошад. Масалан 21 сентябри соли ҷорӣ дар барномаии ифротии “Паймони милли” ва ё бо номи “60 дақиқа”, бо сухангӯ- Салим Султонзода-думрави наҳзат, бо сенарияи пешаки бо устодаш-Кабирӣ оид ба шаш солагии таъсиси паймони худсохтаи наҳзат баромад намуд. Дар ҷараёни баромадаш бо ташкили суолу ҷавоб устодаш М.Кабириро ҷалб намуд.

Бо ин бозии навбатӣ Кабирӣ ва думраваш Салим барои аз байн рафтани ҳамдигарфаҳмии сокинони кишвар ва суханпардозиҳои буҳтономези беасос аз ҷумла оид ба қазияи амалиёти махсуси Россия ба Украинаро нодуруст шарҳу тавзеҳ дода, нисбат ба Президенти ин кишвар суханҳои қабеҳ гуфт. Ба андешаи мо нисбат ба шахсиятҳои шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ, ҳар ашхос бояд бо эҳтиёт сухан гўяд, ки хонандаи зақи инро хуб дарк менамояд. Дар ин самт моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро нисбати чунин падидаҳои хавфнок чӣ дар сатҳи саросарии миллӣ ва чӣ дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем.
Моро имрўз зарур аст, ки зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои душманони миллат дода нашавем. Ба мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавононро аз оқибати равандҳои манфии муосир огоҳ намоем ва аз таъсири хатарноки ҳар гуна равияву ақидаҳои бегона эмин нигоҳ дорем. Ин аст, вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шахси ватандӯсту меҳанпарварӣ равшандили кишвар!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *