Таърих сабақомӯз аст ва ҲНИ хаёлпеша

          Фаромӯш  набояд кард, ки Ҳизби наҳзати ислом ҳануз солҳои 90-уми қарни гузашта симои ҳақиқии худро ҳамчун ҳизби “адолатпешаву демократӣ” дар хиёнат ба Ватану халқи тоҷик дар назд хоҷагони бурунмарзии худ ва пеша кардани усулҳои асримиёнагии ҷазо ва ҷисмонаи нест кардани фарзандони беҳтарини миллати тоҷик ва мардуми бегуноҳ, барбод додани иқтисодиёт, иҷтимоияти мураттабу муназзам ва арзишҳои беҳтарини даврони шӯравӣ зери ливои мубориза ба муқобили коммунизм ва ғайраву ғайраҳо баръало нишон дод. Мақсаду муҳтавои он барқарор намудани давлати “исломии хаёлии” баъди 75 солии ҳукмронии идеологияи коммунистӣ буд. гарчи онҳо нағз медонистанд, ки ҳоло дар ҷаҳон ягон давлати соф исломӣ нест. Мардумони илму маърифатпарвари Аврупо ҳоло дар асрҳои миёна аз таъсири ғояҳо схоластикии динӣ, ки рушди илму техникаро инкор мекард баромада динро ҳамчун унсури давлатсозӣ напазируфтанд ва хушбахтона низоми дунявиро ба унвони беҳтаринсохт ва намунаи зиндагӣ интихоб намуданд. Ба лиҳози он, ки аврупоиён ин арзиши табиатан демократию ҳуқуқиро дар мубориза ба муқобили истеъдоду ҷаҳонати феодалӣ хушунади беҳамтои руҳониёни дини католикӣ дар асрҳои миёна ба даст оварда буданд. Ҳоло асри ХХI коммуникатсия ва иттилоот магар ҷаҳонбинӣ ва маданияти сиёсии собиқсарварони ҲНИ  нокифоя аст, ки ба манфиати халқи давлати Тоҷикистон ва оромиёну осудагии он аз манфиатҳои шахсии худ дасткашида, дониши қувваи худро барои ободиву осудагии Тоҷикистон сарф кунанд.  Тӯҳмату бӯҳтон, хусумату бадбинӣ, макру ҳилла кори шайтон аст.

 Муаллими калони

                                                                    кафедраи ҷомеашиносӣ

                                                          донишкадаи иқтисод

                                                                     ва савдои ДДТТ Авазматов Н.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *