ЁДДОШТ ОИД БА ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба масъалаҳои пешгирӣ ва профилактикаи коронавирус идома медиҳад.

Имрӯз мо ба таваҷҷуҳи шумо маълумотро доир ба он пешкаш мекунем, ки дар давраи гардиши фаъолонаи ангезандаҳои зуком, инфексияи коронавирус ва дигар ангезандаҳои инфексияҳои шадиди вирусии роҳҳои нафас бо мақсади пешгирӣ аз сироятёбии худ ва ба хотири бехатарии атрофиён чӣ кор бояд кард.

Аввалан, қайд намудан лозим аст, ки ангезандаҳои бемориҳои мазкур қобилияти баланди сирояткунӣ доранд ва аксаран бо роҳи ҳавоӣ-қатрагӣ мегузаранд.

Ҳангоми атса ва атсазанӣ дар ҳавои атрофи шахси бемор қатраҳои микроскопии оби даҳон, балғам ва дигар тарашшуҳоти нафасӣ паҳн мешаванд, ки дар таркиби худ вирус доранд.

Қатраҳои калонтар дар ашё ва сатҳҳои атроф таҳшин мешаванд, зарраҳои хурдтар муддати тӯлонӣ дар ҳаво монда, то чандсад метр интиқол меёбанд, зимнан ин вирусҳо қобилияти сирояткунии худро аз якчанд соат то якчанд рӯз нигоҳ медоранд. Тадбирҳои асосии профилактикаи беҳдоштӣ ба пешгирӣ аз тамоси одамони сиҳат бо зарраҳои тарашшуҳоти вирусии одамони бемор равона мебошанд.

Риояи қоидаҳои зерини беҳдоштӣ имкон медиҳад хавфи сироят ё паҳншавии минбаъдаи зуком, сирояти коронавирус ва дигар бемориҳои роҳҳои нафас коҳиш дода шавад.

Чӣ тавр худро аз сироят эмин кунем

Шустани дастҳо баъди истифода аз ҷойҳои ҷамъиятӣ, нақлиёт, расиш ба дастаҳои дарҳо, пулҳо, таҷҳизоти компютерии истифодаи умум дар ҷойи кор, пеш аз хӯрокхӯрӣ ва омода кардани ғизо. Ба хуб собун задан (на кам аз 20 сония) ва сипас пурра хушк намудани дастон диққати махсус диҳед.

Баъди бозгашт аз кӯча ба хона дастҳоятонро бо собун шӯед, биниатонро бо маҳлули изотоникии намак обгардон кунед.

Ба рӯй ва чашмон танҳо бо дастони ба наздикӣ шуста расед. Дар сурати дастрас набудани об ва собун барои тоза кардани дастон аз воситаҳои безараргардонии спиртӣ истифода баред. Ё, агар зарурати расидан ба чашмон ва бинӣ ба вуҷуд ояд, дастмоли якдафъаинаро ба кор баред.

Ниқоби якдафъаинаи тиббиро дар ҷойҳои серодам ва дар нақлиёт пўшед. Ниқобро ҳар 2-3 соат ба ниқоби нав иваз намоед, дубора аз он истифода кардан мумкин нест.

Агар дар ҷойҳои ҷамъ омадани одамон қарор дошта бошед, ба мӯйҳои ғндоштаю ҳамвор бартарӣ диҳед: мӯйҳои кушода зиёд ба рӯй расида, хавфи сироятёбиро зиёд мекунанд.

Ба тамосҳои наздик ва будубош дар як хона ва ҷойҳои дигари маҳкам бо одамоне, ки аломатҳои намоёни бемориҳои роҳҳои нафасро (сулфа, атса, обравӣ аз бинӣ) доранд, роҳ надиҳед.

Бо дастони урён ба дастаҳои дар, дастаҳои зинапояҳо, дигар ашёву сатҳҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ нарасед.

Дастфишорӣ, бӯса ва оғушгириҳои вақти вохӯриро маҳдуд намоед.

Ҳавои ҳуҷраҳоро бештар тоза кунед.

Аз сачоқҳои умумӣ истифода набаред.

Чӣтавр атрофиёнро аз сироят ҳифз кунем

То ҳадди имкон тамосҳо (дастфишорӣ ва бусаҳои вақти вохӯри)-ро бо ашхоси солим кам бояд кард.

Агар нотобиро ҳис кунед, аммо маҷбур бошед бо дигарон муошират намоед ва аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода баред, аз ниқоби якдафъаина истифода карда, ҳатман онро ҳар соат ба ниқоби нав иваз кунед.

Ҳангоми сулфа ва атсазанӣ ҳатман даҳонатонро пӯшонед – агар имкон бошад, бо дастмоли яккарата, агар набошад, бо хами оринҷ.

Танҳо аз зарфҳои шахсӣ ё якдафъаина истифода баред.

Лавозимоти бехдоштии шахсӣ: чӯткаи дандон, исфанҷ, сачоқҳоятонро аз аҳли хонавода ҷудо кунед.

Ҳаррўза рӯбучини нами хонаро анҷом дода, аз ҷумла дастаҳои дарҳо, калидҳои чароғҳо, тугмачаҳои идораи таҷҳизоти компютериро пок кунед.

www.khf.tj

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *