ТАЪРИХ ГУВОҲ – ПЕШВО ТАЛАБОТИ ЗАМОН АСТ.

Умаров З.Х.
корманди шоистаи Тоҷикистон,
аълочии маориф, дотсенти
кафедраи иқтисодиёт ва
соҳибкории ДИС ДДТТ

Дар сӯҳбат бо донишҷӯён ва аҳли башар мазмуни Пешворо ба пуррагӣ шарҳ дода наметавонанд. Олими шинохта Дҷери Д. дар луғати сотсиологӣ (Большой толковқй социологический словарь с.1999, қ. 2. саҳ 373) навиштааст, ки Пешвои ба шахсиятҳои алоҳида вобаста ба адатҳои шахсе, ё ин ки аз рӯи анъанавӣ ин давлат ҳисобида мешавад, яъне ин шахсон бояд масъалаҳои алоҳида, муносибати шахси худ, ҳаллӣ муаммоҳои байналхалқӣ, муайян намудан ва пешбинии масъалаҳои умиҷаҳониро муайян менамояд.
Дар Тоҷикистон ҳар сол рӯзи 16 – ноябр рӯзи Президентро ҷашн мегиранд ва ба Ҷаноби Олӣ, унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои Миллат гузошта шуд, ки ба ин унвони муқаддас сарвари давлати мо мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовор ҳастанд.
Хостем, ки ҷавонон хислатҳои Пешворо донанд ва дар оянда худро ба ин сифатҳо тайёр намоянд. Ҳаёти мураккаб, устуворӣ – навоварӣ, пешбинӣ, худфидоӣ, меҳрубонӣ ва ба муҳаббат хислатҳои нотакрори Президенти мо мебошад.
1.Дар сатҳи баланд дониш доштан;
2.Боварӣ намудан ба худ ва қобилияти хеш;
3.Бо пуррагӣ донистан ва ҳалли масъалаҳо, муаммоҳо;
4.Ташкилотчӣ будан;
5.Ба мардум дуруст фаҳмондани мақсад, вазифаҳои дар пешистода;
6.Ба сатҳи баланд донистани иқтисодиёт, масъалаҳои ҳалли муаммоҳо;
7.Ҳал намудани масъалаҳои душвор, дуруст фаҳмидани ҳолати ҷой дошта;
8.Омӯхтани равандҳои навинӣ илм ва техника;
9.Зиндагии мардумро донистан, бо мардум муошират бурдан;
10.Шахси одил будан, оилаи худ, халқи худро дӯст доштан;
11.Анъанаҳои миллати худро донистан ва ҳимоя намудан;
12.Таърихи миллат ва забони ӯро донистан;
13.Пешво он шахсе, ки роҳи дурусти рушди ҷамъиятро интихоб намуда ба он ба мақсадҳо расидан.
1.Ин шахс аз авлоди деҳқон буда, дар деҳот тарбия гирифта, мушкилиҳои ҳаётро паси сар кардааст. Баъд аз хатми мактаби миёна, гирифтани ихтисоси миёнаи техникӣ, хизмат дар сафи артиши Шӯравӣ, қисми киштиронӣ, баъд баргаштан ба Ватани азизи худ фаъолияти худро ба роҳбарӣ хоҷагӣ ва баъдан ба давлатдорӣ бахшид.
Соҳиби ду маълумоти олӣ буда, бо пуррагӣ иқтисодиёти давлатро омӯхтааст. Дар давраи вазнини иқтисодӣ – сиёсӣ буд, ки Тоҷикистон дар ҳолати ҷанги бародаркуш тақдирсоз будан ё набудани давлат ҷой дошт, Худо Пешворо ба мо насиб намуд. Дар талоши давлатдорӣ, сиёсатбозии душманон ин шахс ғолиб баромад. Баъд аз қасами худфидои ба халқи худ ваъда дод, ки ба Тоҷикистон сулҳ меоварам, ҳар як шахсе, ки ба дигар давлатҳо фирорӣ будан бармегардонам.
Пешво эълон намуд, ки ҷони худро ба Ватани худ дареғ намедонам. Даҳо маротиба бо гурӯҳҳои мухолиф ҳаллӣ сулҳу – ваҳдатро муҳокима намуд. Иқтисодиёти Тоҷикистон баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ оқибатҳои ҷанги бародаркушро иқтисодӣ миллиро барқарор кардан лозим буд.
Пешво ҳаракат менамуд, ки халқи худро аз гуруснагӣ наҷот диҳат. Ҳаллӣ ин масъаларо бо деҳқонон бо ҷудо намудани заминҳои иловагӣ, ки деҳқон хоҷагии худро самаранок истифода бурда, ҳам барои худ ва ҳам бозорро бо маҳсулот таъмин намояд. Ин масъала ҳалли худро ёфтааст. Дигар масъала он буд, ки содироти ватаниро зиёд намояд. Ба ин мақсад соҳибкориро пешкаш намуд ва рушди корхонаҳои майда, миёна, муштарак, шахси ва дигарҳо ба роҳ монд. Пешниҳод намудани имтиёзҳо андозӣ, коркарди Кодекси нави андоз, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ маданияти хуб бахшид.
Пешво ҳаракат намуд, ки таърихи миллат, забони тоҷик, фарҳанги тоҷикро зинда намояд. Дини мубини исломро ҳимоя ва аз ғизоҳои рафторҳои номатлуб тоза намуд.
Пешвои тоҷикон як чанд маротиба аз минбарҳои баланди дунё баромад карда ба давлатҳои дунё давлати тоҷиконро машҳур намуд, ки куллӣ онҳо Тоҷикистонро шинохтанд.
Пешвои миллат ба давлатҳои Европа, Араб, Осиё, Хитой, Чопон, Покистон, Ҳиндустон, Афғонистон ва дигар ташриф оварда давлати Тоҷиконро шиносониданд. Бо ин давлатҳои созишномаҳои дарозмуддат оиди рушти иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг, варзиш, сайёҳӣ ва ғайра тартиб дода шуд, ки онҳо амалӣ шуда истодаанд.
Дар ҷаласаи СММ масъалаҳои глобалии дунё: терроризм ва пешгирии он, дар соҳаи кишоварзӣ самаранок истифода бурдани об пешкаш намуданд, ки ҳамаи ин масъалаҳо муҳокимаи худро ёфта аз тарафи намояндагони давлатҳои дунё дастгирӣ шудаанд.
Оиди рушди иқтисодиёти Тоҷикистон масъалаҳои аввал дараҷа, ки иқтисодиёти ояндаи мамлакат ба он вобаста аст, ин таъмин намудани иқтисодиёт бо қувваи барқ аст. Ин потенсиали бузургӣ иқтисодиёт ва ояндаи тараққиёти соҳаҳои иқтисодии миллӣ ба он вобаста аст.
Қувваи барқ ин капитал аст, онро нафақат дар дохили мамлакат балки ҳамчун мол содирот кардан мумкин аст. Аз ҳамин сабаб якчанд нерӯгоҳҳои барқи сохта шуда истодааст. Дигар масъала вобаста намудани минтақаҳои мамлакат бо роҳҳои автомобилгард ва роҳҳои оҳан, ки дар раванди пешрафти дунё то ҳол ин масъаларо ҳал намудаанд.
Дар давраи кӯтоҳ ин масъалаи глобалӣ ҳаллӣ худро ёфтааст ва дар оянда ин масъала ҳамсояҳои дуру наздики давлати моро фаро мегирад (роҳи оҳани Туркманистон, Ӯзбекистон, Авғонистон, Эрон, Покистон ва дигарҳо). Барои ташкили ҷои кор истифода бурдани захираҳои меҳнат, диёриавии содироти мол пешниҳод намуд, ки Тоҷикистон аз давлати аграрӣ индустриалӣ – саноатӣ ба давлати индустралӣ – аграрӣ мубаддал шавад.
Бо ин мақсад Стратегияи рушди иқтисоди Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2030 қабул шуд, ки бисёр корхонаҳои истеҳсолӣ сохта шуданд, мардум бо ҷои кор таъмин мешаванд.
Сол аз сол миқдори корхонаҳои саноати хурду калон дар минтақаҳои Тоҷикистон зиёд шуда истодааст.
Дар давраи Шӯравӣ рушди иқтисодию ичтимоии минтақаҳои Тоҷикистон номдор буд, дар як минтақа корхонаҳои зиёд буд, дар дигар минтақа ягон корхона ҷой надошт. Ҳоло қариб ягон минтақа нест, ки дар он ҷо корхона набошад.
Пешво барои тараққиёти минтақаҳои дурдаст аҳамият дода истода ҳаракат доранд, ки онҳо рушд ёбанд, зиндагии мардум беҳтар гардад. Таърих гувоҳ, ки чӣ қадар мардуми мамлакат босавод бошанд, сазовори илму – ҳунар мегарданд.
Ватан – замини авлодӣ, забони лафзиро дӯст доранд, ки давлат, давлати пешрафта мебошад. Пешвои тоҷикон хоҳиш дорад, ки ҷавонон ин сифатҳоро дошта бошанд.
– Навовар;
– Фарҳангшинос, маърифатпарвар
– Иттилооти аҳолӣ.
Барои маърифатнок шудани ҷавонон Пешво соҳаи маорифро соҳаи аввалиндараҷа шуморида маблағҳои зиёд барои тараққиёти ин соҳа сарф карда истодааст. Мактабҳои ҳозиразамон аз рӯи меъёри худ, намуд, ҷойгиршавии синфхонаҳо, бо компютерҳо, гармидиҳӣ, дорои майдончаҳои варзишӣ ва дигарҳо аз сохти мактабҳои солҳои 70 – 80 ба куллӣ фарқ мекунанд.
Мо дар ёд доштем, ки дар деҳот мактабҳо аз давраи пахса, хишти хом, кулӯла сохташуда буданд, гармидиҳӣ ба воситаи ҳезум ва ангишт буд, равшандиҳӣ бо воситаи пилталампа буд. Ҷавонон бояд дастовардҳои навро қадр кунанд, ҳама беҳбудиҳо барои хушбатии онҳо ва ояндаи онҳо равона шуда истодааст.
Мо шоҳиди он ҳастем, ки чӣ қадар харобаҳо – ҷангу – ҷидол, вайрониҳо, куштор дар давлатҳои араб, Сурия, Яман ва дигар давлатҳо шуда истодааст. Ҳолати ин мардумро дида одам ашк мерезад. Чӣ қадар шаҳрҳои бостонӣ, таърихи (Боғдод) ва дигарҳо вайрон шудаанд, сарварони ин давлатҳо гуреза ҳастанд, аз хоки давлатии худ маҳрум шудаанд.
Мо бояд шукргузор бошем, аз рӯзҳои сиёҳи солҳои 1992 – 1998 Худо моро озод намуд, ба тоҷикон сарвари беназир босавод, сиёсатшиносро офарид, ки ин шахс тавонист аз рӯзҳои тор миллати худ ва Ватани худро озод ва ҳимоя намояд ва инчунинн ӯ эълон намуд, ки барои халқи худ ҷони худро фидо мекунад.
Чӣ қадар ин рӯзҳои бадбахтӣ дур шавад, ҳамон рӯзҳо ба хотир меояд ва қаҳрамонии Пешво ба назар равшантар мешавад. Ҷавонон ин рӯзҳоро қадр кунед, ин рӯзҳое, кӣ мо озодона умр ба сар мебарем, шукргузор бошем!
Яке аз сифатҳои Пешво ин созандагӣ, ободонӣ, навоварӣ мебошад. Дар солҳои истиқлолият ҳазорҳо корхонаҳои хурду – калон ташкил шуда, фаъолияти онҳоро худи Пешво назорат мекунанд. Баъзе маҳсулотҳо аз воридшаванда ба содиршаванда мубаддал шудааст. Ҳаракат мекунанд, ки дар корхонаҳо техника ва технологияи навин ҷори шавад, навовариро дастгирӣ мекунанд.
Чӣ қадар роҳҳою марказҳои ноҳияҳо шаҳрҳои наздику дур обод шуданд, иншоотҳои нав, биноҳои истиқоматӣ, манзилгоҳ, мактабҳо ва дигар биноҳо дар шаҳри Душанбе қариб, ки аз нав сохта шуда истодааст. Тоҷикистон сол аз сол обод шуда, биноҳои истиқоматии нав, марказҳои тиҷоратӣ, меҳмонхонаҳо, роҳҳои мошингард, марказҳои фарҳангӣ, варзишгоҳҳо, майдончаҳои истҳироҳатӣ ба кӯдакон, ҳавзҳои шиноварӣ ва ғайра бунёд шуда истодаанд.

Один комментарий для “ТАЪРИХ ГУВОҲ – ПЕШВО ТАЛАБОТИ ЗАМОН АСТ.”

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *