Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз! Ҳамаи шуморо бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик менамоем. Парчами мо ин таъриху ояндаи давлати тоҷикист, ки тасаввуроти Ваҳдати Миллӣ аст, ва ҳамаи мо бояд онро ҳимоя кунему ва ҳамчун муқаддасоти миллӣ эҳтиром кунем.
Имрӯз, 24 ноябр беш аз 7 ҳазор нафар ҷавонон ва сокинони касбу кори гуногун дар маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд ҷамъ омада, бахшида ба ин рӯз раҳпаймоӣ намуданд. Дар роҳпаймоӣ устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ низ фаъолона иштирок намуда, дар қаторои ҳазорон нафар ҷавонони Суғдзамин парчами давлатии Тоҷикистонро баланд бардоштанд. Аз чеҳраҳои онҳо ҳувайдо буд, ки ҳар кас аз парчами давлати хеш ифтихор мекунад.
Дар ин рӯз, ба ҳамаи шумҳо ҳикмат, ватандӯстӣ ва эҳтироми ҳамдигарро хоҳонем. Бигзор дар ҳар як хона парчами мо – рамзи озодӣ ва истиқлолият, ҷалол ва эҳёи кишвари дӯстдоштаи мо бошад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *