Дастаи «ЭНАКТУС»-и ДИС ДДТТ дар Лондон Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

       Ҷавонони соҳибистеъдоди  Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар дастаи «Пайванди Ҷавонон» (ENACTUS – «Бо амалиёти соҳибкорӣ беҳтар намудани ҳаёти одамон») муттаҳид гашта, дар озмуни   байналмиллалии Энактус-2017 – «Enactus»-2017, ки  дар шаҳри Лондони Бритониёи Кабир баргузор гардид, иштирок намуданд .

      Дастаи донишкада аз фурудгоҳи вилояти Баткенти Қирғизистон ба вилояти Бишкек парвоз карда, аз фурудгоҳи байналмиллалии Манаси Бишкек ба фурудгоҳи Сабиха Гёкчени Туркия ва аз онҷо ба  фурудгоҳи байналхалқии Стансет парвоз намуда,  ба шаҳраки Левишем ташриф овард.

     Дастаи Энактуси ДИС ДДТТ дар намоишгоҳи Егзел Лондон дар расми кушодашавии  мусобиқаи байналмиллалии «Enactus»-2017 иштирок кард.  Дар ин толори бошукӯҳ намоиши мизи давлатҳои  иштирокунадагони мусобиқа  баргузор гардид.

Дар даври аввали мусобиқаи байналмиллалии «Enactus»-2017 дастаи ДИС ДДТТ бо дастаҳои Австралия, Корея, Мароко ва Зимбаба мусобиқа намуд. Даври финалии мусобиқаи байналмиллалии «Enactus»-2017 хеле хотирмон баргузор гардид.  Ҷойи аввалро давлати Ҳиндустон сазовор шуд, Мақоми дуюмро Канада, ҷойи сеюмро Порторико ва ҷойи чорумро Қирғизистон соҳиб гаштанд.

    Донишҷӯёни мо аз мавзеҳои таърихӣ аз ҷумла, осорхонаи миллии Бритониёи Кабир, Биг Бен, Тавер Бриҷ ва ғайраҳо дидан намуда, ба донишгоҳи  London School of Economics end Political Science ташриф оварда, бо намояндагони ин донишгоҳ ҳамсуҳбат гаштанд.

    Дастаи «Enactus»-и  донишкада Ҷуҳуриамонро муаррифӣ намуда, Парчами Ҷумҳурии азизамонро парафшон намуда, дар сатҳи ҷаҳонӣ обрӯю эътибори кишвари азизамонро боз ҳам баландтар бардошт.

   Дастаи «Enactus»-и  донишкада дар соли ҷорӣ бо 3 лоиҳа, аз ҷумла  «Бо филтер тоза кардани оби нӯшокӣ  дар деҳоти ба он ниёздошта», «Дар телевизиони ТРК «Азия» ҷорӣ намудани  сурдо-тарҷума», «Ҷамъ намудани партовҳои пластмасӣ ва қоғазӣ дар алоҳидагӣ» ва ғайраро муаррифӣ намуд.

Ҳамчунин ҳайати дастаи Тоҷикистонро сафири Тоҷикистон дар Британияи Кабир Аслиддин Раҳматов ба ҳузур пазируфта, дар корҳои ояндаи илмию таҳқиқотиашон барору комёбиҳо таманно кард. Директори Иттиҳодияи ҷамъиятии «Пайванди ҷавонон» Сӯҳроб Муъминӣ низ дар ин мусобиқаи бонуфуз ширкат варзида, барои иштироки фаъолонаи даста дар мусобиқаҳои минбаъадаи байналмилалӣ маслиҳатҳои судманд дод.

Ҳайати дастаи ЭНАКТУС-и донишкада барои дастгирии моддию маънавӣ ба раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва директори ДИС ДДТТ самимона арзи сипос менамоянд.

Рачабзода Н.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *