

Мо кормандони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд зимни изҳороти хеш оид ба баромади навбатии моҷароҷўёнаи Муҳаммадиқболи Садриддин, ки яке аз пайравони фаъоли худсохти наҳзатӣ – “Паймони миллӣ” мебошад, ибрози андеша менамоем. Бояд қайд кард, ки М.Садриддин дар яке аз кишварҳои Аврупо бо пуштибонӣ ва роҳбари наҳзат Кабирӣ ва хоҷагони хориҷӣ, тавассути шабакаи YouTube -и “Isloh. tv” (Ислоҳ.нет), дар барномаи “Минбари муҳоҷир” баромадҳои ифротӣ менамояд. М.Садриддин дар тули солҳои қаблӣ ва дар давоми соли равон низ ҳафтае ду маротиба дар шабака ва барномаи ифротии зикршуда баромад намуда, дастовардҳои беназири кишварамонро нодида мегирад ва беасос нисбат ба фаъолияти роҳбарияти олии кишвар тӯҳмату ғайбат менамояд. Ин навбат афроди ифротгаро, санаи 9 марти соли равон боз тавассути канали YouTube -и “Isloh. tv”, дар барномаи “Минбари муҳоҷир” бо ҷалби як қатор ашхос бо лақаби ғайриоддӣ,ба мисоли “Революсионер” ,”Сабурӣ” ва ”Федя” ҷилвасозӣ намуда, мисли пештара бо суханпардозиҳои подарҳавову дурӯғпаҳнкунӣ машғул шуда, пайи дигаргунсозии мафкураи миллат ва парокандасозии он, таҳқиру тӯҳмати роҳбарияти олии давлату Ҳукумати кишвар ҷаҳду талош дошта, байни шаҳрвандони дохиливу хориҷи ҷумҳурӣ андешаи носолимашро пеша намуд. М.Садриддин ва шогирдону думравонаш яке аз роҳгумзадаву ватангадои тундраве мебошанд, ки бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи муғризонаи хоҷагони бурунмарзиашон, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанӯз ҳам барои тира кардани фазои ақидатии ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзанд.
Мақсад изҳороти навбатии мо кормандони шуъба аз он иборат аст, ки дар куҷое набошем, чӣ дар дохилу чӣ дар хориҷи кишвар ҳадафҳои ниҳоии бадхоҳони миллат, аз қабили М. Садриддини мунофиқи бешараф ва умуман, раҳбарияту ҳаммаслакони паймони худсохтаи наҳзат – “Паймони милли..”-ро ҷиддӣ ва шадидан маҳкумаш намоему барои боз ҳам баландтар гардидани шаъну эътибори миллати хеш ва аз ин ҳам ободу зебо шудани ҳар як гўшаи кишвари ҷоноҷонамон содиқонаву софдилона сидқан хизмату меҳнат намоем.
