

Мутаассифона, имруз дар ҷаҳони муосир як қатор таҳдидҳое пайдо шудаанд, ки ба суботи сиёсӣ, сохтори конститутсионии давлат ва амнияти миллӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Махсусан, дар шароити тавсеаёбии шабакаи интернет ва рушди бемайлони технологияҳои иттилоотӣ хавфу хатари кибертерроризм, киберэкстремизм, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намудани иттилооти носаҳеҳ, ғояҳои ифротгароӣ, амалӣ намудани ҷангҳои иттилоотию психологӣ, ба амал баровардани инқилобҳои ранга ва ғайраҳо ба назар мерасанд. Гуруҳу созмонҳои террористию экстремистӣ асосан тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар Facebook, YouTube, WhatsApp, Instagram, TikTok, Telegram, Одноклассники барои паҳн намудани иттилооти бардурӯғ ё иғвоангез бо ҷангу ҳуҷумҳои иттилоотӣ, тарғибу ташвиқи ғояҳои ифротгароию террористӣ, дуруғпардозию иғвоангезӣ ва ғайраҳо фаъолияташонро ба роҳ мондаанд, ки таҳдиди воқеӣ ба суботи сиёсии ҷомеа ва амнияти миллии кишвар ба шумор меравад. Ташкилотҳои террористию экстремистӣ, алалхусус Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ва ё бо номи “Давлати исломӣ, «Ихвон-ул-муслимин», паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли..” дар асл ҳамон ташкилоти террористию экстремистии «Ҳизби наҳзати исломӣ», ҳаракати сиёсӣ мамнуъ дар кишвар бо номи «Гурӯҳи 24» ва амсоли инҳо аз имконияту афзалиятҳои шабакаи интернет бештар истифода бурда воситаи асосии пешбурди фаъолияти худ қарор дода, дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ ғояҳои тундгароии динию сиёсиро паҳн менамоянд. Ҳизбу ҳаракатҳои дар боло номбаргардида кӯшиш намуда истодаанд, ки дар муқобили давлату ҳукумат шаҳрвандони кишварамонро сафарбар намоянд ва бо роҳи ташкил намудани инқилоби ранга ва ё табаддулоти давлатӣ сохтори конститутсонии давлатро тағйир диҳанд. Чунончӣ, яке аз пайрави фаъоли паймони худсохти наҳзат -“Паймони милли” Муҳаммадиқболи Садриддин тавассути сомонаи ифротӣ -“Ислоҳ нет” дар барномаи “Минбари муҳоҷир”ровигӣ менамояд, шогирдаш Абдухалил Восиев, лақабаш “Алмаз” дар барномаи “Дурахши ҳақ” ва яке аз думравонаш бо номи Ҳусейн Ашуров дар барномаи “Ҳақ ва ботил”, дигаре Беҳруз Тағойзода дар “Садои мардум”, ки ҳар ду узви фаъоли ҳаракати сиёсӣ, мамнуъ дар кишвар –“Гурӯҳи 24”мебошад,ки дар байни шаҳрвандони кишвар ва муҳоҷирони меҳнатӣ ғояҳои тундгароӣ ва ифротгароиро тарғибу ташвиқ намуда, дар ҷомеаи кишварамон ивғоангезӣ ва барангехтани кинаю адовати миллию мазҳабиро пешаи худ намудаанд,ки мо онро шадидан маҳкум менамоем. Хулоса, ҳимояи фазои итилоотии ҷомеа аз паҳншавии идеологияи экстремистӣ ва террористӣ дар марҳилаи кунунии инкишофи ҷомеаи ҷаҳон ва Тоҷикистон масъалаи хеле муҳимму ҳатмӣ мебошад. Ҳар яки мо дар баробари мақомотҳои давлатӣ вазифадор ҳастем, ки дар масъалаи ҳимояи фазои итилоотӣ ва вазъияти динии ҷомеа нақши худро гузорем.
М.АХМЕДОВ,
устоди ДИС ДДТТ
