Имрӯзҳо мушоҳида мешавад, ки бархе аз нотавонбинону роҳгумзадагони бадхоҳ, ки зиндагии осоиштаву рўзгори обод, фазои хурраму осуда ва хонаи тинҷу оромро пушти по зада, тарки Ватан карда, дар ошёни хоҷагони хориҷиашон лона гузоштаанд ва аз он тўтивор бар зидди Ватану миллат ва кишвари аҷдодиву бобоии мо санги маломат мезананд. Масалан, роҳбарияту ҳаммаслакони паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли..”, ки дар асл ҳамон ТТЭ ҲНИ мебошад ва як қатор пайравони фаъол, алалхусус Муҳаммадиқболи Садриддин, ровии барномаи ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир”, дигаре Ашуров Ҳусейн, дар барномаи” Ҳақ ва ботил” ва Тағойзода Беҳруз дар “Садои мардум”, узви ҳаракати мамнуъ дар кишвар –

“Гуруҳи 24” мебошанд, баромадҳо намуда, рушди мунтазам ва босуръати кишварро нодида вонамуд карда, ҳар як камбудӣ ва норасоиҳои ночизро бо муболиғаву воҳима ташвиқ менамоянд ва бо ин роҳ мехоҳанд субботу оромӣ ва низоми ҷомеаи моро аз байн баранд. Ин тангназарони фирорӣ дар хориҷа бо роҳбарии хоҷагони зархариди худ, намехоҳанд, ки Тоҷикистони биҳиштосо рӯ ба беҳбудӣ ораду мардумаш оромона зиндагӣ ба сар баранд ва маќсадашон ноором кардани ватани азизамон мебошад. Мақсади дигари муассисону мубаллиғони ин созмонҳо дарёфти пулу сарватҳои муфт мебошад. Аз ин амали онҳо маълум мешавад, ки ин гурӯҳу созмончаҳо барои ба даст овардани сарвату маблағи муфт тайёранд миллату давлати худро ба ночизтарин маблағ фурўшанд. Бинобар ин, моро лозим аст, ки сирати зишту нопоки ин тангназарони бадхоҳро ҳарчӣ амиқтару дақиқтар ба аҳли ҷомеа, бахусус ба ҷавонон муаррифӣ намуда, бо ин роҳ аҳли ҷомеаро аз макру дасисаҳои душманони миллат огоҳ созем. Хулоса, мардуми тоҷик ба ҳар гуна гапҳои бардуруғу фитнаҳои на ин хоинони миллат бовар намекунанд ва муқобили ин гуна ашхос мубориза мебаранд, ки нақшаҳои ифроткоронаи онҳо амалӣ нагардад ва онҳо заррае ҳам ба кишвари биҳиштосоямон – Тоҷикистони соҳибистиқлол таъсир расонанд.
Р.АНВАРӢ,
устоди ДИС ДДТТ