ДУРЎҒПАРДОЗӢ ВА ДАСИСАБОЗИИ БАДХОҲОНИ МИЛЛАТ АЁН АСТ!

      Дар давоми солҳои охир Беҳрузи Тағойзода, ки яке аз узви фаъоли созмони фаъолияташ мамнуъ дар кишвар -“Гурӯҳи 24”

мебошад, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар барномаи ифротӣ бо номи “Садои мардум” ва дигаре Ҳусейн Ашуров дар барномаи “Ҳақ ва ботил” ровигӣ намуда, худро дар назди мардуми кишвар “донову адолатпарвар” вонамуд карда, симои финтакору иғвопешаи гуруҳашро нишон медиҳанд. Масалан, санаи 03 феврали соли равон дар барномаи ифротии зикршуда Б. Тағойзода роҷеъ ба қазияи дохилии кишвар баромад карда, барои иғво барангехтан, сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти кишварро дар назди ҷаҳониён нодуруст арзёбӣ намуда, мардуми мамлакатро, барои  муборизаи тан ба тан даъват кард. Баробари ин, оид ба масоили тағйироти кадрӣ, аз ҷумла нисбат ба фаъолияти имрӯзаи Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло Исфандиёри Саъдулло ва сабти видиоии ҷараёни нишасти матбуотии хадамоти мазкурро намоиш дода, суханхои беасос намуда, зери эрод қарор дод. Гуё ки мутахассиси ин со а бошад. Баробари ин, хабари иттилоотии Маркази робитаҳои ҷамъиятии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба қазияи гурӯҳи 9-нафараи маҳбусони Муассисаи ислоҳии 3/2-и ш. Ваҳдат, ки аз асбобҳои худсохти халандаю бурранда, ба кормандони масъул нигаҳбонҳои муассисаи ислоҳотӣ ҳуҷуми ҳалокатовар карданд, матни хабари Вазорати мазкурро бо душворӣ қироат карда, андешаи носолими баён сохт. Хулоса, баромадҳо ва маводи паҳнкардаи Б.Тағойзода, умуман раҳбарияту аъзоёни “Гуруҳи 24” собит менамоянд, ки ҳадафи онҳо ба ҷуз барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тафриқаандозӣ байни мардум дигар чизе нест.

       Дар фарҷоми андешаи худ мо  Б.Тағойзода ва умуман раҳбарияту ҳаммаслакони “Гурӯҳи 24” – ро сахт маломат карда, лаънат мехонем ва суханҳои иғвоангезонашонро шадидан маҳкум намуда, нагузорем, ки бадхоҳони миллат дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо дурўғпардозӣ ва дасисабозии худ нисбати кишвари мо сухан гӯянд. Ин ҳама навиштани андешаро аз рӯи виҷдону инсоф, худогоҳиву худшиносиамон рӯи коғаз овардаем ва бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комили кишвари соҳибистиқлоламон, фазои оромӣ ва ягонагиву якдигарфаҳмии ҳаммиллатонамон рӯҳу илҳоми тоза мегирем. Воқеан, халқи шарафманди тоҷик нангу номуси ватандорӣ ва ҳисси баланди миллӣ дорад ва бо чунин хислатҳои неку созандаи худ метавонад иқдомоти аз имрӯза ҳам бештарро амалӣ карда, Ватани муқаддаси худро ба кишвари ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳад.

Д.ШАРИПОВ,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *