ҶАЛБИ ТАМОМИ НЕРЎҲОИ ҶОМЕА АЛАҲИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ!

     Таҳлилу мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки имруз доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ торафт васеъ

шуда, яке аз масъалаҳои муҳиму мубрам ва боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳони гардидааст. Ин ҳолат ба оқибатҳои фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор оварда, зарфи солҳои охир зиёда аз сад мамлакати дунёро ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор дод.  Бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расида, миллионҳои дигар макону манзили зисташонро тарк намуданд. Аз хатарҳои ногувори раванди ҷаҳонишавӣ мағзшӯии насли ҷавон, коҳиш ёфтани ахлоқ, маънавиёт, одоб, суннат, фарҳанг ва унсурҳои дигари динию иҷтимоӣ мебошад. Яке аз амалҳои дигари характери глобалидошта хатари терроризми исломӣ ба ҳисоб меравад, ки дар давоми даҳсолаҳои охир атрофи ин бархўрд гуфтугузори доманадоре ҷараён дорад. Беадолатиҳо ва нооромиҳои ҷаҳони имрўза, гунаҳкор шумурдани дини мубини Ислом ва бархўрди тамаддуни исломӣ барои мо тоҷикон ва кулли башарият хатарҳои мудҳишу фоҷиабор эҷод мекунад. Таъкидан боз такрор мекунем, ки терроризми байналмилалӣ ва ҳангомаҳои ифратгароӣ ба мазҳабу дин ва миллати ҷудогона мансуб нестанд ва аз бархўрди тамаддунҳои ғарбию шарқӣ низ сарчашма намегиранд. Шаҳодати гуфтаҳо бо ҳамдигар умумият надоштани гурўҳҳои ифротгарои исломӣ, ҷунбишҳои террористии кишварҳои мухталиф, ки аъзои онҳо аз рўи табиати иҷтимоӣ, фарҳангу тамаддун, дину мазҳаб, урфу одат, суннату анъана ва миллату забон надоранд, мебошад. Омилҳои пайдоиш, сабзидан ва ба нерўи хатарноки тахрибкорӣ табдил ёфтани дастаҳои ҷудогона дар ин ё он минтақаи ҷаҳон аз миллат, забон, урфу одат, мазҳабу эътиқод чандон вобастагӣ надорад. Хуллас, маҳз дар чунин шароит бархе давлатҳо дар қаламрави худ бар зидди терроризм мубориза бурда, ҳамзамон терроризми фаромиллиро дар кишварҳо ва минтақаҳои дигар бавосита ё бевосита пуштибонӣ менамоянд ва мехоҳанд террористонро ба ҳайси муборизони роҳи озодӣ, истиқлолият ва ҳувияти миллӣ муаррифӣ созанд. Террористон барои ноил гардидан ба ҳадафҳои нопоки худ аз таркиш, оташ задан, вайрону валангор кардани объектҳои махсусан муҳим, манзилгоҳҳо, куштор ва қасдан расонидани зарар ба саломатии шахсони алоҳида, рабудани одамон ва ба гарав гирифтан, таҳдиди куштан ва нобуд кардан нисбати ходимони давлатӣ ва сиёсӣ, ташвиқоти терроризм, кумак ва ҳамкорӣ кардан ба созмонҳои террористӣ ва ғайра истифода менамоянд. Бо назардошти ҳангомаҳои ҷаҳонии масъалаҳои хусусияти умумибашарӣ дошта (тероризм, экстремизм, қочоқу гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, истифодаи нодурусти технологияи иттилоотӣ ва ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ) Тоҷикистон бо баробари мамлакатҳои ҷаҳон дар мубориза бо хатарҳои номатлуби ҷомеа истодагарӣ намуда, дар партави сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваҳдату ҳамоҳангӣ, робитаи мусолиҳатомез, кўшиши бидуни зўроварӣ ва тариқи сулҳу созиш ҳал намудани мушкилоту проблемаҳои умумибашариро сипари шамшери разолат намудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо ифротгароӣ ва терроризми байналхалқӣ ҳамеша омодагии худро эълон намудааст ва дар ин ҷода ҳамкорӣ намудан бо кишварҳо,аз ҷумла Осиёи Марказиро яке аз бартариятҳои сиёсати хориҷии хеш медонад. Хусусан, таваҷҷуҳи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин мушкилот хеле ҷиддӣ аст. Дар ҳар паёму баромадҳои худ Президенти Тоҷикистон аз зарурати муқовимат бо ифротгароиву терроризм ва пешгирии он ёдовар мегарданд ва ҷалби тамоми нерўҳои солими ҷомеаро дар ин масир талаб медоранд. Баробари ин, бояд ёдовар шуд,ки 24 сентябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои 79-уми Маҷмаи умумии СММ иштирок ва суханронӣ намуда, аз вазъи мураккабу пурҳассоси ҷомеаи ҷаҳонӣ зикр намуданд: “Имрӯз ҷаҳон дар шароити хеле ҳассосу мураккаб қарор дорад. Равандҳои пуртазоди геосиёсӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, шиддат гирифтани “ҷанги сард”, низоъҳои мусаллаҳона, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва дигар хатару таҳдидҳои глобалӣ бешубҳа, оқибатҳои манфии дарозмуддат хоҳан дошт”. Дар ин радиф, Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки барои ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра, тавассути қатъномаи махсуси СММ “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад. Бо боварии комил метавон қайд кард, ки ташаббуси навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби СММ пазируфта мешвад.

    Хулоса, бо назардошти таҳдиду хатарҳои ҷиддие, ки имрӯз авзои минтақаро ноором ва ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ҷомеаи моро зарур аст, ки аз ҳар гуна созмону гурӯҳҳои ифротӣ ҳазар намуда, якпорчагии давлату миллат ва сулҳу ваҳдати Ватани азизамонро пос дошта, кишварамонро барои имрӯзу фардои насли оянда ободу зебо гардонем. Ҳамин тариқ, барои мубориза бурдан алайҳи экстремизму терроризм бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа масъулиятшинос бошанд, бо сохторҳои қудратӣ ҳамкорӣ намоянд ва мардумро аз таъсири ин вабои аср эмин нигоҳ доранд.

 

М.МАМАДҶОНОВА,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *