ТАНҲО ДАР ҲАМҶОЯГӢ БАР ЗИДДИ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ МУБОРИЗА БОЯД БУРД!

Таҳлилҳо собит менамоянд, ки мутаассифона, бархе ҷавонон ба ҷойи шукрона аз сулҳу ваҳдат, оромиву суботи ҷомеа, давлату давлатдории миллати солору бофарҳангамон, ободиву шукуфоӣ ва эътибори байналмилалӣ пайдо кардани кишвари азизамон ба доми фиреби созмонҳои тундрави ифротӣ, ки хилофи мазҳаби аҷдодиамон – ҳанафия мебошад, гароида мешаванд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо, мисол меорем, ки мувофиқи маълумоти Вазири корҳои дохилии кишвар, зимни натиҷагирӣ аз фаъолият дар соли сипаригардда 85 узви ташкилотҳои террористиву экстремистӣ, ки дар хориҷи кишвар қарор доштанд, боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шуданд. Бояд қайд кард, ки дар натиҷаи ба роҳ мондани фаъолияти самараноки мақомоти корҳои дохилии кишвар дар соли 2022 24 ҳолати маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ба ҳисоб гирифта шуда, 31 амали террористӣ пешгирӣ гардидааст.

 

Рақамҳои оморӣ ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки яке аз омилҳои асосии шомилшавии зиёди ҷавонон ба ташкилотҳои террористиву экстремистиро надоштани тафаккур ва ҷаҳонбинии возеҳ, саводи кофӣ, дур мондан аз таълиму тарбия ва беназоратии волидон, бекорӣ ва истифодаи мунтазами шабакаҳои иҷтимоии хурофотӣ мебошад. Ташкилотҳои террористиву экстремистӣ барои ҷалби ин гуна нафарон ҳама роҳу воситаҳоро истифода карда, равияҳои гуногуни диниро асос меоранд. Бинобар ин, моро лозим аст, ки сирати зишту нопоки сомонаҳои гуногуни ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ, аз ҷумла ТТЭ ҲНИ, ДИИШ ва амсоли ин ҳизбу созмонҳои ифротӣ ҳарчӣ амиқтару дақиқтар ба аҳли ҷомеа, огоҳ созем. Хулоса раванди афзоиши паҳншавии ақидаҳои ифротӣ, гаравидан ва пайвастани ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатҳои тундгаро ва террористӣ, моро водор месозад, ки бар зидди ин зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон барем. Набояд фаромӯш кард, ки мубориза бар зидди ин хатар на танҳо вазифаи давлат ва ҳукумат аст, бояд тамоми ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияву созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар ин ҷода фаъол бошанд ва ҳамарӯза дар таҳкиму пойдории сулҳу ваҳдати миллати кишвар саҳмгузор бошанд.Танҳо дар ҳамҷоягӣ метавон ба ин падидаи номатлуб ва хатарнок мубориза бурд.

 

Р.МАНОНОВА ,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *