Мо омӯзгорони кафедраи ҷомеашимносӣ борҳо зимни изҳоротҳои хеш оид ба фаъолияти муғризонаи ТТЭ ҲНИ бо мисолҳои зиёдандешаронӣ намуда маҳкум намуда будем. Зимни изҳороти навбатиамон низ нисбати амалҳои хоинони миллат ибрози андеша намуда, қайд менамоем,ки имрӯзҳо раҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ дар кишварҳои аврупоӣ зери сарпарастии хоҷагони хориҷӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ садо баланд намуда, бо ин роҳ барои амалӣ намудани аҳдофи нопоки худ ва мағзшӯи намудани ҷавонон роҳу усулҳои нав ба навро меҷӯянд. Ин раванди манфӣ аз доира ва нуфузи фаъолияти як давлат ва минтақа берун гардида, дар шаклҳои маъмулии терроризму ифротгароии динӣ таҳдиди ҷиддӣ ба ҳаёти осоиштаи мардуми сайёра гардидааст. Табиист, ки дар чунин вазъи печида набояд дар муносибат ба ин зуҳуроти харобиовар бетарафӣ зоҳир намуд, зеро солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ дар кишвари мо низ, оқибатҳои фоҷиавии терроризму экстремизм таҷриба шуда, ҳанӯз ҳам,мутаассифона, таҳдидҳо пурра аз байн нарафтаанд. Дар сурати ғофил мондан дар баробари ин зуҳуроти нангину хатарзо, мо имкониятҳои воқеии адолату қонун, оромиш ва осудагии кулли шаҳрвандон, сулҳу субот, тараққиёти босуботи ҷомеаро аз даст хоҳем дод. Аз ин хотир, барои ҳифзи суботу оромӣ ва идомаи зиндагии шоиста моро зарур аст, ки ҳадафҳои нопоку муғризонаро хуб бишносем ва алайҳи онҳо муқовимат карда тавонем. Хулоса дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, бахусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини Исломро бо терроризм айният медиҳанд худдорӣ намоянд. Зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бо ба равандҳои ҷорӣ ва тавсеаи зуҳуроти номатлуб бо диди огоҳона назар карда, ба наврасону ҷавонон фахмонем, ки бояд муттахид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои хоинон дода нашавем, тамоми кӯншшро ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз дасисаҳои душманон эмин нигаҳ дорем. Ба насли наврас ва ҷавон фаҳмонем, ки ҳифзу химояи ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, тарбияи фарзандон, тарғиби некиву накӯкорист.