Кимёшиноси асил Қобилов Нарзулло зодруз доранд

Мо аҳли коллективи устодони ДИС ДДТТ устод Нарзулло Қобиловро ба рузи зодрузашон табрик намуда, ба он кас солимӣ, дарозумрӣ ва комёбиҳои назаррасро орзу менамоем. Профессор Нарзулло Қобиловро ҳамчун марди дилёбу мушфиқ, хоксору фурӯтан, олими варзида, педагоги пуртаҷриба, ихтироъкор, падари панҷ фарзанд ва бобои 11 набера мешиносем.

Қобилов Нарзулло 12 апрели соли 1947 дар деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ба дунё омад. Соли 1965 мактаби миёнаи рақами 4-и ба номи Маъданро хатм намуда, ҳамон сол ба факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) дохил шуда, онро соли 1970 бо баҳои аъло хатм кард. Ўро дар кафедраи химияи ғайриорганикии донишгоҳ ба вазифаи ассистенти кафедра ба кор қабул карданд. Ӯ таҳти роҳбарии профессор Саодат Баситова фаъолияташро давом. Соли 1974 ба аспирантураи Донишкадаи технологии ба номи Ленсовети шаҳри Ленинград дохил шуда, соли 1978 хатм намуд ва диссертатсияи номзадиро зери роҳбарии доктори илмњои химия Ю. Н. Кукушкин дар мавзӯи «Химияи пайвастҳои комплексии рений (V) бо лигандҳои фосфорорганикӣ» ҳимоя намуд.

Аз соли 1978 то 1994 дар кафедраи методикаи таълими химияи ДМТ ҳамчун муаллими калон, дотсент ва мудири кафедра фаъолият намудааст.Аз соли 1994 то 2005 дар факултети химия ва биологияи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ва аз соли 2005 то ҳол дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар вазифаҳои сардори шӯъбаи таълим, мудир ва профессори кафедра фаъолияти илмию педагогиро пеш бурда истодааст. Устод фанҳои  методикаи таълими химия, химияи ғайриорганикӣ, усулҳои тањлили физикию химиявӣ, микробиологияро таълим дод. Зиёда аз 30 сол ҳамчун методист ва роҳбари таҷрибаомӯзии педагогии донишҷӯён фаъолият намудааст.

Китобҳои муҳимтарини устод «Усулҳои ҳалли масъалаҳо аз химия», «Саволҳои санҷишӣ аз химияи ғайриорганикӣ», «Пешомадҳои саноати химия дар Тоҷикистон», «Корҳои лабораторӣ аз методикаи таълими химия», комплексҳои таълимӣ-методӣ аз фанҳои микробиология, методикаи таълими химия, њифзи меҳнат дар саноати сабук, химия,  ба шумор мераванд. Зиёда аз 10 сол устод тариқи телевизиони марказии Тоҷикистон дарсҳои химияро барои мактабиён, довталабон ва донишҷӯёни ғоибхон хеле шавқовар ва диққатҷалбкунанда мегузаронд. Муаллифи  теъдоди зиёди мақолаҳои илмӣ,  16 китоби дарсӣ, дастурҳои таълимию методӣ, 90 мақолаҳои илмӣ, 70 мақолаҳои илмию оммавӣ доир, 3 шањодатномаи муаллифии кашфиёт ва ду патенти ихтироот мебошад. Натиҷаи корҳои илмию тадқиқотиро дар 55 конфронсњои илмӣ, методии умумииттифоқӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва донишгоҳӣ маърӯзањо кардааст. Қобилов Н. солҳои тӯлонӣ дар донишкадаҳои такмили ихтисоси муаллимони шаҳрӣ, марказӣ ва вилоятӣ аз методикаи таълими химия, ҳалли масъалаҳои химия дарсҳои пурмазмун гузаронидааст. Дар давоми фаъолияти худ ӯ дар курсҳои такмили ихтисос дар шаҳрҳои Ленинград, Москва ва Киев ихтисосашро такмил  додааст. Солҳои тўлонӣ муовини декани факултетҳои химия ва химияю биология, аъзои ҳакамони олимпиадаи химикони ҷавони ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ, раиси озмуни вилоятии “Илм- фурӯғи маърифат” аз фанни химия (2021, 2022) буд. Бо ташаббуси устод дар ин таълимгоҳ лабораторияи «Химия ва ташхиси молҳои» ташкил карда шудааст, ки дар он донишҷӯён дарсҳои лабораторию амалиро меомӯзанд.

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёди методӣ, илмӣ ва таълимии ӯро қадр карда, бо унвони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» сарфароз намудааст.  Ӯ аъзои фаъоли Ҳизби халқию демократии Тоҷикистон мебошад, ки ба Медали ҷашнии Кумитаи иҷроияи ҳизби халқии демократии Тоҷикистон мушараф гардонида шудааст.

Қобилов Н. бо Ифтихорномаҳои фахрии Вазорати мактабҳои олӣ, шӯъбаи Сибирии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, Тоҷикматлубот ва донишгоҳҳои Душанбе ва Хуҷанд сазовор гардонида шудааст. Вай якчанд сол раиси имтиҳони давлатии факултети фанҳои табиии (химия ва биология)  ДДХ ба номи Б. Ғафуров таъин гардидаст. Ӯ бо  олимони  шинохта, зиёиён, ҳамкасбон, шогирдон робитаи  зичи илмию эҷодӣ ва дӯстӣ дорад. Ӯ дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳҳо фаъолон буда, вақти худро барои рушд ва таълими химия ва кӯмак расондан ба мактабиён, донишҷӯён ва омӯзгорон дареғ намедорад.

Бахшида ба  ҷашн 75 солагии устод  китоби калонҳаҷм ва пурқимати “Педагог ва олими асили кимиё” дар ҳаҷми 420 саҳифа соли 2022  журналист Раҷабзод Нуъмонҷон ва олим Иброҳимов Исроилҷон чоп намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *