ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ДИС ДДТТ


Санаи 23-юми декабр дар тамоми факултетҳо, сохтору шуъбаҳо, китобхона ва марказҳои таълимии ДИС ДДТТ тамошои дастаҷамъонаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баргузор гардид.


Аз ҷумла, Пешвои миллат дар Паёми хеш ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса намуда, иброз доштанд, ки вазъи имрӯзаи илми кишвар тақозо менамояд, ки ҷиҳати ба равандҳои ҷаҳони имрӯза мутобиқ намудан ва тибқи талаботи замони муосир ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ тадбирҳои муассир андешида шаванд.
Албатта, ин таъкиди бамавриди Сарвари давлат моро водор менамояд, ки дучанд заҳмат кашида, ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани он ва тибқи талаботи замони муосир омода кардани мутахассисони варзида саъю талош намоем.

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *