Имруз дар фазои сулҳу суботи кишвар, афроду гуруҳҳои гумроҳзадаи ифротӣ арзи вуҷуд доранд, ки дастовардҳои кишвари моро нодида мегиранд. Чунончӣ раҳбарияту пайравони собиқ ҲНИ, ки оқибат фирорӣ шуда, алҳол дар кишварҳои Аврупо қарор доранду бо номи Паймони миллӣ,ки ҳамагон бо номи ТТЭ ҲНИ мешиносанд, имрӯзҳо бо пуштибонии хоҷагони хориҷиашон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар барномаҳои ифротиаш пайи дигаргунсозии мафкураи миллат ва парокандасозии он, таҳқиру тӯҳмати роҳбарияти олии давлату Ҳукумати кишвар ва байни шаҳрвандони дохиливу хориҷи ҷумҳурӣ иғво меангезанд. Роҳбару ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ агар рўзе нисбати Тоҷикистон туҳмату буҳтон наяфкананд худро ором намегиранд. Ин афрод айби худро руйпуш намуда, танҳо корашон кофтукоби айби касон аст, ки бо суханони бемантиқонаю беасосу пӯч ба сари мардуми мо, тоҷикони тоҷдор санги маломат мезананду бо маълумотҳои бардурӯғ ва сафасатаҳои номуайянро паҳн карда, худро бегуноҳ нишон медиҳанд. Ин қабил ашхос ҳамон душманоне ҳастанд, ки ба ҷуз наҳсию касофат ва бадбахтию хушунат чизи дигаре ба миллату меҳан наовардаанд. Умуман имрӯз роҳбарияту ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ бо андешаҳои хиёнаткорона ва фосиқонаашон дар арсаи байналхалқӣ шаъну шарафи кишварамонро паст задан кӯшиш доранд. Бинобар ин, кўшишҳои навбатии носипосони миллат бори дигар моро ҳушдор медиҳанд, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангез набояд фазои мусоид фароҳам оварем. Бояд ҳар фарди борору номуси миллат, бахусус ҷавонони далеру ғаюри кишвар бо эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгароро фаҳманд ва ҳимояи кишварро аз таҳдиди хатарҳои муосир вазифаи ҷонии худ қарор диҳанд. Чавонони даврони соҳибистиқлол минбаъд аз дируза дида имруз бояд кӯшиш намоянд, ки кишвари ободгаштаистодаи хешро боз ҳам ободтар намуда, баҳри пешрафти ҳамаҷонибаи кишварамон ҷидду чаҳд созанд.
Д. ШАРИПОВ,
сармуаллими кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқ