НАЙРАНГБОЗӢ ВА ИҒВОАНГЕЗИИ   ТТЭ ҲНИ ВА ДУМРАВАШ АЁН АСТ !

       

 Имрӯзҳо таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар расонаҳои хабарӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзноманигорон, таҳлилгарон, сиёсатмадорон, сарварони ҳизбу ҳаракату созмонҳои гуногун,баробари ин гуруҳҳои ифротӣ  андешаҳои  носолими худро баён менамоянд.Масалан, собиқ раиси ҲНИ, ҳоло роҳбари Паймони миллӣ Муҳиддин Кабирӣ, ки имруз мо онро ТТЭ ҲНИ мешиносем, мунтазам  бо   ҷалби ҳаммаслакон ва  думраваш Гурӯҳи -24 дар шабакаҳои иҷтимоӣ  бо навбат ҷилвасозӣ намуда, мисли пештара ба суханпардозиву найрангбозӣ, дурӯғпаҳнкунӣ, иғвоангезӣ намуда, пешгуӣ, яъне  дар фолбинӣ машғуланду дигар шуғле надоранд. Дар иртибот ба ин бояд қайд кард,ки бадхоҳони давлату миллат  асосан зимни баромадҳои ифротиашон  мақомотро дар фасодзадагӣ гунаҳкор дониста, бо ин гуфтори худ мехоҳад мардумро зидди Ҳукумати кишвар бархезонад. Онҳо асосан доир ба  масъалаи сатҳи зиндагии мардум, набудани ҷойҳои корӣ сухан ронда, бо ин васила тамоми дастовардҳои 31 соли  Истиқлолро нодида мегиранд. Пушида нест, ки тамоми давлатҳои дунё, ҳатто давлатҳои пешрафта ҳам камбудӣ доранд. Вале, бо танҳо камбудиро дар хориҷ гуфтан, одамонро ба гирдиҳамоӣ ва  инқилоб даъват намудан ва байни мардум иғво ангезондан камбудиҳо ҳал намегарданд.

           Роҳбарияти имрузаи ТТЭ ҲНИ ва думравонаш – Гуруҳи -24 бо ақидаи носолимашон Тоҷикистонро бо Афғонистон  баробар меҳисобанд. Вале, ҳолати имрӯзаи Афғонистон бозгӯи онанд, ки вазъи ҳаёти мо аз онҳо куллан фарқ дорад. Дар робита ба ин қайд кардан бамаврид аст, ки як шаҳрванди солимақли Афғонистон гуфтааст:  “Тоҷикистон ва Афғонистонро як дарё ҷудо месозад. Замин, хок ва ҳаво якгуна аст. Вале пешравӣ ва сулҳу суботе , ки дар Тоҷикистон ҳаст дар Афғонистон нест.” Баробари ин вобаста аз вазъи кунунии Афғонистон  ёдовар шуда,бояд қайд кард,ки имрӯз ҳаракати “Толибон”, ки наҳзатиён ва паймоншиканони паймонаки рохбари ТТЭ ҲНИ  Муҳиддин Кабириро гоҳ таърифу гоҳ танқид мекунанд, симои аслии худро каму беш нишон дода истодаанд. Алҳол дар қаламрави кишвари ба мо ҳамсояи макони ҷойгиршави и террористону ифротгароён табдил ёфтааст. Алҳол  дар Афғонистон  ДИИШ ва Ал-Қоида фаъолиташро густурда намуда, даст ба амалҳои террористӣ зада истодаанд. Мутаассифона, имруз Афғонистон гирифтори  ҷаҳолат, хурофот, ифротгароӣ буда, аз ҷаҳли мураккаб раҳоӣ надорад. Танҳо як далеле, ки то ҳанӯз ҳукумати худро таъсис дода наметавонанд, кифоя аст. Онҳо байни худ ба як созиш, иттифоқ омада наметавонанд, барои курсӣ, мансаб, қудрат омода ҳастанд гулӯи якдигарро мисли дарранда дарронанд.

           Дар интиҳои андешаи хеш қайд менамоем, ки дар шароити ниҳоят ҳассосу мураккаби минтақа ва ҷаҳон дар назди мо вазифаҳои бағоят мубрами амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, муҳоҷирати ғайрирасмӣ қарор доранд. Бинобар ин ҳар фарди ҷомеаро зарур аст, ки ба равандҳои ҷорӣ ва тавсеаи зуҳуроти номатлуб бо диди огоҳона назар карда, барои ҳифзи сулҳу Ваҳдати миллӣ, осоиши зиндагӣ ва таъмини рушду тараққиёти Ватани азиз аз худ нақше бар ҷой гузорад.

Ҷ.ҶӮРАЕВ,

 устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *