ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ФАЗОИ ИТТИЛООТӢ ЯКЕ АЗ ВАЗИФАҲОИ АВВАЛИНДАРАҶА АСТ!

Имрӯз хоинони миллат, алалхусус раҳбарияту ҳаммаслакон ва думравони ТТЭ ҲНИ аз афзалияти шабакањои иљтимої минбардорӣ карда, бо ин васила нисбати давлату миллати кишвари соҳибистиқлоламон иғвову буҳтонҳо мебофанд.

Бояд қайд кард, ки нақши хоҷагони хориҷӣ  ба хоинони миллат ва умуман  гуруҳҳои ифротӣ то ҳол аз кӯмаку дастгирии идеологӣ, сиёсӣ, фикрӣ ва ба қудрати молию сиёсӣ расидан ба мушоҳида мерасанд. Ин ҳолат далели он аст, ки иддае аз давлатдорони ғарбӣ аз картаи исломи сиёсии минтақавӣ истифода мекунанд, то барномаҳои манофеи сиёсию иқтисодиашонро тадриҷан дар минтақа пиёда созанд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо аз таҳлили саҳифаҳои интернетӣ ҳазорон мисол оварда метавонем, ки шахсони манфиатдор бо расмҳои таҳдидангез фазои иттилоотиро зери қабзаи муҳосира гирифта, ошкоро намояндаҳои макомоти давлатию қудратӣ ва фарҳанги миллиро бадном месозанд.

Агар ба таҳлилҳои оморӣ назар афканем дар ҷаҳон беш аз 4,5 миллиард истифодабарони шабакаҳои иҷтимои мавҷуд буда, ҳаррӯза ба сомонаи интернетӣ асосан ба шабакаҳои facebook ва odnoklassniki ворид мешавад. Дар Тоҷикистон бошад солҳои охир зиёда аз 3,4 миллион аҳолии кишварамон ба интернет дастрасӣ доранд. Ногуфта намонад, ки имрӯз  тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ маводи зиёди иттилоотӣ дорои хусусияти таблиқкунандаии тероризму экстеремизм бештар паҳн мешаванд. Асосан хабарҳои бардуруӯғ, танқид ва иттилоои беасосро пахш месозанд, ки мардумро ба тахлуқа ва тарсу ваҳм меандозанд ва дар мафкури ҷавонони камтаҷрибаву ногоҳ ғояҳои нодурусти динӣ ва тундгароиро паҳн карда, онҳоро ба қатлу куштор ва ноором сохтани суботу оромӣ ва амнияти давлат даъват менамоянд.Дар иртибот ба ин мисол меорем,ки аз ҷониби Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли сипаригардида 17 ҳолати ҷинояти киберӣ ошкор гардида, зиёда аз 500 ҳодиса бо истифода аз интернет ва технологияи иттилоотӣкоммуникатсионӣ ба қайд гирифта шуданд. Чунин амалҳои ғайриқонунӣ ва зиддиҳуқуқии гурӯҳҳҳои ифротӣ ва ё шахсони алоҳида боис мегардад, ки ба манфиатҳои миллии  мамлакат зарари ҷиддӣ расонад. Бинобар ин, ҷомеаи шаҳрвандиро зарур аст, ки шабакаҳои иҷтимоиро ба сифати рушди ҷаҳонбинии ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандориву миллатдӯстӣ самаранок истифода кунанд. Маҳз ба ин восита метавон ҳувияти ҷавонону наврасонро тақвият бахшида, онҳоро аз бегонапарастию доми фиреби манфиатдорон пешгирї намуд.

Имрӯз амнияти фазои иттилоотӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба шумор меравад.  Бинобар ин, ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хосатан падару модарро масъулияти азим мебояд. Аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза таъмини амнияти иттилоотии давлат аст, ки ҷузъи таркибии амнияти миллӣ ва умуман бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза – терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад.Моро мебояд, ки дар таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонони кишварамон вақт ва заҳмати худро дареғ надорем. Зеро ҷавонони солимақл, соҳибистеъдод ифтихор ва сармояи хушбахтиву саодатмандии ҷомеа мебошанд.

М. Ахмедов,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *