НИСБАТИ ҚАЗИЯҲОИ АФҒОНИСТОН БЕТАРАФ НАБОШЕМ!

Имрӯз ҳар як сокини солимфикри сайёра хуб дарк мекунад, ки терроризм ва экстремизм чист ва  оқибати он давлату миллатро ба чӣ оварда мерасонад?! Мо тавассути расонащои хабарӣ огаҳ ҳастем,ки давлатҳое, ки гирифтори  амалҳои террористӣ гардидаанд, даҳсолаҳо аз рушду тараққиёт ақиб монда, соҳаи иқтисодиёту иҷтимоиёти онҳо коста мегардад. Масалан имрӯз пайи амалҳои террористӣ кишвари ба мо ҳамсоя Афғонистон нафарони бегуноҳ, аз ҷумла занону кӯдакон ба ҳалокат расида,  кӯлбори азобу машаққат ба сарашон бор мегардад. Дар ин кишвар садҳо ҷавонону наврасон, алалхусус  духтарон аз таҳсилу тадрис дур гардида,ҳуқуқҳои онҳо поймол шудаанд.Он ташкилоту созмонҳои террористие,ба мисоли Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ва ё ДОИШ ном мебаранд, дар қаламравӣ Афғонистон бо таври ошкоро фаъолият бурда, бо истифода аз чунин шароити баамаломадаи ин давлати зарардида ва барои амалӣ кардани мақсаду ҳадафҳои ғайриинсонии худ бо ҳар роҳу васила кӯшиш менамоянд ҷавонону наврасон ва он афроди бесаводу гумроҳро ба дом кашанд ва пайравони худ созанд. Баробари ин, бояд қайд кард, ки  аз ҷониби ҷангҷӯёни ДИИШ дар маркази шаҳрҳои Афғонистон амалҳои  терористӣ шудаанд. Чунончӣ оғози моҳи  январи соли равон дар назди вазорати корҳои хориҷаи Афғонистон  амали террористӣ содир шуд, ки дар натиҷа 21 нафар ба ҳолокат расида, 40 каси дигар захмӣ шудаанд. Инчунин қаблан ҳамлаи ДИИШ  бар  маконҳои дипломатии кишварҳои Россияву Покистон дар Кобул ба қайд гирифта шудаанд. Ин руйдодҳо собит менамоянд, ки терроризм чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, ҳамзамон як таҳдиде ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва ҷонии ҳар як сокини сайёра аст. Бо дарназардошти масъалаи матраҳгардида, хулосабарорӣ намуда, бояд қайд кард, ки воқеаҳои давраҳои охир бо сабаби пайванди таърихӣ ва ҳам марзи тӯлонии байнидавлатӣ водор менамояд, ки нисбати қазияҳои дохилии Афғонистон бефарқу бетараф набошем ва умуман ҷомеаи ҷаҳони  бар зидди ҳодисаҳои номатлуб бетараф нашуда, муборизаи беамон баранд.

                                       

Умуман, ҳар фарди ҷомеаро зарур аст, ки ба равандҳои ҷорӣ ва тавсеаи зуҳуроти номатлуб бо диди огоҳона назар карда, барои ҳифзи сулҳу Ваҳдати миллӣ, осоиши зиндагӣ ва таъмини рушду тараққиёти Ватани азиз аз худ нақше бар ҷой гузорад.

К. Калонов,

сармутахассис оид ба сомонаи ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *