Иддаои навбатии яке аз пайрави фаъоли ТТЭ ҲНИ, ки Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад, ҳафтаи охири моҳи феврали соли равон дар барномаи “Минбари муҳоҷир” зимни баромади ифротиаш боз чун тӯтӣ такор ба такрор вобаста ба сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар ва масоили иҷтимоии мардум сухан ронда, онро нодуруст маънидод намуд. Ин аз он далолат медиҳад, ки М. Садриддин чун гирифтори бемории руҳӣ ва манфиатхоҳи ақлбохта ва аз фанатизими динӣ далолат мекунад!
Бо истифода аз ин фурсат ба М.Садриддин хитобан гуфтанием, ки ба корҳои давлатдории мо мудохила накунад! Ногуфта намонад, ки воқеан хоини бешараф дар сафи лаънаткардагони халқу миллат ҷой дорад. Ин манфиатхоҳи бешараф ва умуман ҳаммаслакону думравони ТТЭ ҲНИ-ро мардуми тоҷик пайваста ва доимо маҳкум мекунад. Чунки хоини бешараф ва доимо ба иғвогарию тӯҳмат овора буда, ба арзишҳои милливу инсонӣ эҳтиром надорад. Барояш арзишҳои маҳдуди мазҳабӣ ва хостаҳои хоҷаҳои хориҷӣ болотар аз ҳама муқаддасоти дигар мебошад.
Бидуни шак М.Садриддин фақат ба хотири манфиатҳои гурӯҳиву ҳизбии худ талош дорад ва дар ин росто аз манфиатҳои милливу давлатӣ куллан сарфи назар кардааст. Раҳбарияту ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ бо талошҳои бесамари худ умедворанд, ки фазои ақидатиро дар ҷомеаи мо тира карда, мардумро ба чолиш кашанд. Фаромӯш кардаанд ва ё худро ба нодонӣ мезананд, ки маҳз онҳо бо чунин амалҳои номатлуб ду даҳсола пеш боиси шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ гардида Ватанро ба ҷои обод кардан ба вайрона табдил доданд ва боиси марги ҳазорон ҳазор мардуми бегуноҳ шуданд. Аммо раҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ-и тафриқаангез бояд ба эътибор гиранд, ки дигар мардуми Тоҷикистон аз паи чунин мардуди гумроҳе, ки ҷомеаро ба сӯи вартаи ҷангу ҷидолу хунрезӣ ва вайронкорӣ даъват мекунанд, нахоҳад рафт. Воқеияти ин масъаларо ҳатто дар робита ба сатҳи баргузории нишасти доиркардаи ТТЭ ҲНИ ва афроди ҳангомаҷӯи даъваткардаи онҳо низ метавон пай бурд.
Ҳадафҳои хиёнаткоронаи ТТЭ ҲНИ, хоса М. Садриддин-манфиатхоҳи бешараф бори дигар собит менамояд, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангез набояд фазои мусоид фароҳам оварем. Аз ин рӯ, барои решакан кардани ақидаҳои ифротӣ муборизаи беамон бояд барем, ки ин масъулияти шаҳрвандиву фарзандии мост!
Р. АНВАРӢ,
ассистенти кафедраи молия ва қарз