Мушоҳидаву таҳлилҳо собит менамоянд, ки раҳбарияту ҳаммаслакон ва думравони ТТЭ ҲНИ чун солҳои қаблӣ бар хилофи манфиати миллии кишвари мо ва бар зарари мардуми Тоҷикистон амал мекунанд. Ҳақиқатан имрӯз ТТЭ ҲНИ ва думраваш “Гурӯҳи – 24” ниҳодҳои тундраве мебошанд, ки бо ҳар васила,бахусус тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ омилҳои ташаннуҷро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд овардан мехоҳанд ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи муғризонаи хоҷагони хориҷиашон, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанӯз ҳам барои тира кардани фазои ақидатии ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзанд. Оё ин гуна рафтору гуфтори бадхоҳонаи онҳоро нисбат ба ватану ҳамватанон метавон мувофиқ ва мутобиқ ба ахлоқи исломӣ донист? Бе ягон шубҳа албатта не! Ҳақиқати ин масъала аён аст. Ин ҳақиқат, яъне номутобиқатии аъмоли ифротгароёнаву тундравонаи намояндагони ТТЭ ҲНИ ба меъёрҳои ахлоқи дини мубини Ислом, барои худи муддаиёни наҳзатӣ ва хоҷагони хориҷиашон низ аён аст. Вале барои ин даъвогарон, ҳақиқат муҳим нест, зеро онҳо аслан на дар пайи ҳақиқат, балки дар пайи манфиат мебошанд. Зеро онҳо худ абзори сиёсии дигаронанд ва дину мазҳаби худро низ сиёсӣ кардаанду ба абзори сиёсии дигарон табдил додаанд. Хулоса, раҳбарияту ҳамммаслакон ва думравони ТТЭ ҲНИ ва инчунин хоҷагони хориҷиашон дониста бошанд, ки дигар ҳеҷ касе ақидаи мардуми боору номуси тоҷикро дигаргун карда наметавонад ва ҷавонони саодатманд аз солҳои 90-уи асри гузашта куллан фарқ доранду бадхоҳону хоинони миллатро доимо шадидан маҳкум менамонд.Чунки мақсаду нияти шумо хиёнат ба давлату миллат ва теша задан ба решаи миллат аст!
А. Валиев,
ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкорӣ