БАР МУҚОБИЛИ  ТЕРРОРИЗИМ ВА ИФРОТГАРОӢ ДАСТАҶАМЪОНА МУБОРИЗА БОЯД БУРД!

Тибқи расонаҳои хабарӣ огоҳаем, ки Афғонистон  дар шароити ҳозира бо таҳаввулоти нигаронкунанда рӯ ба рӯ гардидааст, ки пойдории сулҳу салоҳро рӯз то рӯз мушкил месозад. Вазъият чунон номуносиб гардидааст, ки Афонистон ҳар рӯз ба вазъи ғайри қобили бовар ба самти рӯ ба таназзул ҳаракат мекунад. Бояд қайд кард, ки мақсади асосии бархе давлатҳо дар пуштибонии гурӯҳҳои ҳаракати “Толибон” ва ДИИШ дар Афғонистон ҳамоно ноамн сохтану пуршиддат нигаҳ доштани вазъи Афғонистон аст. Бо ибораи дигар боиси печидатар шудани бозиҳо ва фаъолиятҳои созмонҳои истихборотии ҷаҳон ва минтақа шудааст, ки ин вазъият сарнавишт ва авзои Афғонистонро рӯз то рӯз бад карда истодааст.

Маълум аст, ки зуҳуроти терроризм дар ҷаҳони имрӯз аз муҳимтарин ва мураккабтарин мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Ин нукта бешубҳа аст, мардуми Афғонистон беш аз ҳар кишвари дигар аз ин падидаи харобиовар зарар дида истодааст. Ба сифати далели он нукта, ки Афғонистон ба сифати ваҷҳу майдони амалкарди терроризми байналхалқӣ интихоб шуд, мисолҳои фаровонеро номбаркардан мумкин аст.Масалан созмони террористии ДИИШ, ки бо истифода аз вазъу шароити баамаломадаи Афғонистон ҷиҳати амалӣ кардани мақсаду ҳадафҳои ғайриинсонии худ бо ҳар роҳу васила мақсади ғаразноки худро амалӣ созад.  Барои тасдиқи ин гуфтаҳо миол меорем, ки дар давоми солҳои 2021 ва 2022 дар қаламрави Афғонистон теъдоди зиёди  ҳамлаи террористӣ  дар шаҳрҳои  Кобул, Нангарҳор, Парвон, Кунар ва Кундуз ба қайд гирифта шудаанд. Амалҳои террористӣ аз оғози Соли нави милодӣ-2023  низ, ба назар расиданд. Масалан санаи 11  январи соли 2023, дар назди вазорати корҳои хориҷаи Афғонистон  амалӣ террористӣ содир шуд, ки дар натиҷа  21 нафар ба ҳолокат расида, 40 каси дигар захмӣ шудаанд. Баробари ин бояд қайд кард,ки тайи як моҳи гузашта  ҳамлаи ДИИШ бар маконҳои дипломатӣ дар Кобул, аз ҷумла  дар  сафоратхонаҳои  кишварҳоии Русияву  Покистон низ ба қайд гирифта шудаанд, ки ин амали номатлубро  гурӯҳи ДИИШ  ба уҳда гирифтааст. Баробари ин, Sputnik Афғонистон  бо дарназардошти мактуби ифшошудаи фармондеҳи ливои дувуми сарҳадии сипоҳи мансурии гурӯҳи Толибҳо дар вилояти Пактиё, иттилоъ медиҳад, ки афзоиши юришҳои гурӯҳи террористии ДИИШ дар Афғонистон, беш аз 7 ҳазор террористони ДИИШ аз паноҳгоҳҳояшон дар хоки Покистон ба Афғонистон, барои ноамн кардани вилоятҳои шимоли ин кишвар, ворид шудаанд. Бинобар ин, бояд дар ёд дошта бошем, ки терроризм ва ифротгароӣ падидаҳое мебошанд, ки дар ҳама давру замон ба инсонҳо хавфу хатари ҷиддиеро ба миён овардаву меоранд. Таҳлили ҷараёни вазъи вобаста ба мубориза бар зидди терроризм ва дигар зуҳуроти ифротгароӣ гувоҳӣ медиҳад, ки дар айни замон терроризми байналмилалӣ ба минтақа таҳдид менамояд ва он беш аз пеш хусусияти трансмиллӣ ва глобалӣ пайдо мекунад.  Ин ҳолат боиси ба миён омадани таҳдиду хатарҳои бесобиқаи амниятӣ гардида, дар маҷмӯъ, ба сохтори бунёдии муносибатҳои байналмилалӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад. Дар чунин шароит Тоҷикистон ба хотири таъмин намудани манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи арзишҳои анъанавии худ сиёсати хориҷии мутавозин ва санҷидаро идома медиҳад.

Хулоса, Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҳудуди кишвар ва ҷаҳон ташкил додани системаи муассири мубориза бар зидди экстремизмро вазифаи афзалиятноки худ мешуморад. Бо такя ба таҷрибаи сулҳофарии худ мо баробари муборизаи беамон бар зидди терроризму ифротгароӣ тарзу усули ҳалли осоиштаи муноқишаву низоъҳои замони муосирро дар чаҳорчӯби меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ эътирофгардида қотеона ҷонибдорӣ мекунем. Барои мубориза бурдан бо ин падидаҳои зишт дастаҷамъона мубориза бояд бурд.

 

 Моро мебояд, пайваста дар пайи омӯзиш ва аз бар кардани донишҳои замонавӣ бошем ва ҳеҷ гоҳ майли ворид шудан ба ин ё он гурӯҳу созмонҳои ифротиро накунем, ки бешак ин худ як навъ пешгирӣ ва зарбаи сахтест ба ҳадафҳои нопоки афроде, ки ин гурӯҳу созмонҳоро сарпарастӣ ва роҳбарӣ мекунанд.

                                                    Ҷӯраев Ҷ.Б.

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *