Таҳлилу мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки яке аз сабабҳои зиёдшавии теъдоди ифротгароён ин таълимоти ғайриқонунии динӣ мебошад. Раванди таълимоти ғайриқонунии динӣ, сарчашмаи таблиғкунандаи идеологияи ифротӣ ва қадами нахустин ба ҷониби ячейкаҳои ибтидоии террористӣ буда, асосан дар манзили зисти рўҳониёни иртиҷоӣ бо номи «мулло» таълим медищанд. Баробари ин, гирифтани таълимоти ғайриқонунии динӣ дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ сурат гирифта, дар онҳо гурӯҳҳо ташкил гардида, афроди алоҳида ба омӯзондани адабиётҳои динӣ ва ҷалби ҷавонон машғуланд. Хулоса, имрузҳо созмону ташкилотҳои ифротӣ бо ҳар роҳу восита ба сафҳои худ ҷалб намудани наврасону ҷавонон аст. Бо ин мақсад аз ҷониби ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ бештар тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ тарғиботу ташвиқоти густурда ба роҳ монда, саҳифа, гурӯҳ ва каналҳои махсус таъсис дода, шабу рӯз ақидаҳои ғаразноки диниро паҳн менамоянд. Дар аввал ҳар кас гумон мебарад, ки дар саҳифаҳои шабакаҳои интернетӣ масъалаҳои тарбиявӣ-ахлоқӣ паҳн карда мешаванд, вале, дар асл, чунин нест! Дар ҳолати аъзо шудан ба чунин гурӯҳҳо ва каналҳои ба ном исломӣ ва тамошову мутолиаи пайвастаи матлабҳо ва наворҳои видеоӣ, андешаи кас дигаргун шуда, ақидаҳои зиддимазҳабӣ ва зиддидавлатӣ пайдо ва ташаккул меёбанд.Оқибат ҷавонон ақидаҳои ифротгароиро қабул намуда, мепиндоранд, ки дини ислом ин ҷиҳод, ҳиҷрат ва қатлу куштор аст. Бояд ёдовар шуд,ки маҳз чунин андешаҳо садҳо ҷавонони тоҷик ба Ироқу Сурия рафта, баҷангҷӯёни ДИИШ ва ё бо номи “Давлати исломӣ” шомил шуда,террорист шуданд. Имрузҳо бошад ташкилотҳои иртиҷоии ба ном ислоҳталаб ба монанди раҳбарияту ҳаммаслакон ва думравони пайравони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли..”ва ғайраҳо барои мағзшуии ҷавонони муҳоҷири мо барномаи махсусеро рўи даст гирифтаанд. Ин тудаи ифроти бештар тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ гардидани барномаҳои сар то муғризонаю тарғибгари ғояҳои ифротӣ, аз қабили барномаҳо бо номи “Минбари муҳоҷир, “Ҳақ ва ботил”-ро роҳ мондаанд.
Бояд қайд кард, ки гарчанде солҳои охир тедоди ҷавононе, ки таълими ғайриқонунии динӣ нисбатан коҳиш ёфта бошад ҳам, мутаассифона, то ҳол он ҳамчун ангезаи таҳрикдиҳандаи болоравии сатҳи таасубу хурофот,радикализими динӣ ва моилсозии ҷавонон ба сафи гурўҳу созмонҳои террористию экстремистӣ боқӣ мемонад. Чуноне ки аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон,намояндагоги ҷомеа ва ходимони дини кишвар бармеояд, танҳо соли 2023-юм 300 ҳолати таълими ғайриқонунии динӣ ошкор ва ҷалби беш аз 4100 нафар пешгирӣ карда шудааст, ки аз вусъати раванди мағзшуйии кӯдакону наврасон ва ҷавонон дарак медиҳад. Дар ин давра аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 520 нафар ходимони дин барои чунин қонуншиканиҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Аз ин рақами оморӣ мо бояд хулосаи зарурӣ бароварда, барои гирифтани пеши роҳи ифротгароӣ мо набояд бетараф бошем. Дар маҳалҳо масъулони деҳа – раисони маҳаллаҳо, аҳли диёр дар ҳоле, ки аз чунин кирдори ғайриқонунӣ огоҳи пайдо кунанд, бояд ҳатман пеши роҳи онро гиранд, агар худ натавонанд мақомоти ҳифзи ҳуқуқро хабардор созанд. Ҳамчунин масъулони мактабҳо бояд ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд. Агар бинанд, ки хонандае чанд муддат ба мактаб намеояд, аз ҳоли ӯ бохабар шаванд. Баробари ин, падару модаронро зарур аст,ки фарзандонашро назорат намоянд, ки онҳо ба чӣ кор машғуланду чӣ мехоҳанд?!
Дар фарҷоми андешаи хеш хулосабарорӣ намуда қайд менамоем, ки мо бояд таълимоти ғайриқонунии диниро решакан кунем. Онҳое, ки мехоҳанд таълимоти динӣ гиранд, барояшон аз тарафи давлат тамоми шароитҳо муҳаё аст ва онҳо метавонанд ба Донишкадаи исломии Тоҷикистон дохил шаванд. Инчунин, барои ҳалли масъалаҳои динӣ сомонаи расмии Маркази исломӣ фаъолият мекунад, ки ба саволҳои динӣ мувофиқи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ посухҳои саривақтӣ дода мешавад. Моро шарт ва зарур аст, ки ҳама чун як тан дар зери ливои миллат муттаҳид бошем, сарбозу сарсупоридаи Ватан бошем ва сулҳу суботи кишварамонро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Мо бояд ба қадри неъмати бебеаҳо – амният ва сулҳу субот бирасем ва дар ҳифзу ҳимояи Ватани азиз саҳмгузор бошем.
Ф.МАМАДҶОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ