
Мусаллам аст, ки ҷаҳони имрӯзро бе Интернет тасаввур кардан ғайримкон аст. Тараққиёти техникаву технологияи нав рӯз то рӯз бештар ба чашм мерасад, аммо бештари мардум онро на баҳри сайқал додани ҷаҳонбинию донишашон, балки барои танқид кардани ҳамдигару суханҳои беасосро дар байни ҷомеа паҳн кардан бештар Интернетро истифода мебаранд. Имрӯз интернет як ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти аксари одамон махсусан ҷавонон табдил ёфта, дар баробари дигар имкониятҳо ба майдони муҳокимаи мушкилоти гуногуни иҷтимоӣ, баёни эҳсосот, фикру андешаҳои гуногун табдил ёфтааст. Интернет ҳарчанд мушкилкушои бисёре аз корҳои мардум гашта бошад ҳам, вале, мутаассифона, истифодаи нодуруст ва надонистани фарҳанги корбурди он муҷиби бадбахтии афрод, ҳатто ҷомеаҳо гаштааст.Тавассути интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ сол то сол дар ҷаҳон таҳдидҳо ва ихроҷи маълумот зиёд мегардад. Экстремизм ва зуҳуроти шадиди он – терроризм, ки ҳоло мушкили глобалӣ барои башарият ба ҳисоб меравад ва бисёр кишварҳоро фаро гирифтааст, аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври густурда ба роҳ монда шудааст. Хусусан, зуҳуроти ифротгароӣ тайи солҳои охир дар байни ҷавонон бештар ба мушоҳида мерасад. Мутаассифона, як идда ҷавононро рафтору муносибату тафаккурашон ифротӣ шудааст, ки сарчашмааш иттилооти зиёди манфӣ ва таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба рӯҳу равони онҳост. Ин амал, яъне паҳн кардани ахбору маълумоте, ки қишри ҷавони истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоиро ҳадаф қарор додааст, аз ҷониби шахсони алоҳида ва гурӯҳҳои ифротгаро сурат мегирадки аз ҳама маъмултарин бо номи «FACEBOOK», «YOUTUBE», «WHATSAPP», «МESSENGER» ва «INSTAGRAM» мебошанд.
Таҳлилҳо собит менамоянд, ки имрўз дар ҷаҳон бештар аз ҳама ду намуди асосии истифодаи шабакаи ҷаҳонии интернет ба ҳадафҳои террористӣ ривоҷ ёфтааст. Якум ин терроризми иттилоотию – равонӣ, ки моҳияти он аз истифодаи интернет ба мақсадҳои тарсонидани аҳолӣ ва паҳнкунии иттилооти дурўғин, намоиши қудрати ташкилотҳои террористӣ ва таблиғи идеологияи террористӣ иборат аст. Ба воситаи интернет ташкилотҳои байналмилалии террористӣ таблиғи ақидаҳои бунёдгароии таҳрифшудаи ҷиҳод ва мубориза бо кофаронро таблиғ мекунанд, идеяҳои ифротгароӣ ва терроризмро таҳти пўшиши динӣ паҳн мекунанд. Дар сурате, ки гурўҳҳои динии дурўғин пайравони худро дар рўҳияи садоқати мутаассибона ва нотаҳаммулӣ ба дигар динҳо тарбия мекунанд, ксенофобия таблиғ карда мешавад. Ба воситаи интернет — манбаъҳо сиёсати террори иттилоотии миқёсан васеъ роҳандозӣ шуда, саҳнаҳои қатлу куштор ва шиканҷаи одамон ба намоиш гузошта мешавад. Дуюм ин терроризми иттилоотӣ – техникӣ ё кибертерроризм мебошад, ки моҳияти он аз тахриби низоми идоракунии соҳаҳои гуногуни ҳаёт ва ворид кардани осеб ба муҳити иттилоотии давлатҳо иборат мебошад.
Терроризми иттилоотӣ гуфта, шакли таъсиррасонии номатлуб ба шахсият, ҷомеа ва давлат бо кумаки тамоми намудҳои иттилоот мебошад, ки ҳадафи асосии он заиф ва вайрон кардани сохти конститутсионӣ мебошад.

Имрўз проблемаи ифротгароии иттилоотӣ ба арзишҳои ҷомеа ҳассос аст. Ин ба он хотир аст, ки марҳалаи кунунии рушди муносибатҳои иттилоотӣ бо имкониятҳои таъсироти иттилоотӣ, ҳам ба шуури инфиродӣ ва ҳам ба тафаккури иҷтимоию иқтисодӣ муайян карда мешавад, ки метавонад таҳдиди барангехтани ҷанги иттилоотиро ба вуҷуд оварад. Зимни натиҷагирӣ, метавон таъкид кард, ки ифротгароии иттилоотӣ зинаи омодагӣ барои намудҳои дигари ифротгароӣ мебошад. Он муҳити мусоидро барои паҳншавӣ ва қабули ғояҳои ифротӣ фароҳам меорад. Имрўз ки насли ҷавон ба интернет вобастагии зиёд дорад, ки он ҷанбаҳои хеле манфӣ низ дорад. Ҷавонон ҳар чӣ бештар вақти худро дар назди телефон ва компютер сипарӣ мекунанд ва ба ҷаҳони маҷозӣ нисбат ба воқеият афзалият медиҳанд. Бозиҳои гуногуни таблиғкунандаи зўрию зўроварӣ, хушунат ба рўҳияи ҷавонон таъсири ногувор мерасонанд. Дар интернет ва шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ бе зикри ном дар як лаҳза иттилооти мухталиф паҳн мешавад. Аз ҷумла даҳҳо ҳазор интернет – сайт ва вебпорталҳои амалкунанда имрўз мавриди истифодаи террористону ифротиён қарор доранд. Аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ онҳо тарафдорони навро ҷалб карда, ғояҳои бунёдгароиро таблиғ менамоянд. Имрўз дар таркиби ташкилотҳои байналмилалии террористӣ интернет – хадамоти комили касбӣ фаъолона кор мекунад ва ҳудуду имкониятҳои он хеле вусъат ёфтааст. Бо кўмаки интернет–манбаъҳо имрўз маъракаҳои иттилоотӣ барои дастгирии гурўҳҳои гуногуни террористӣ роҳандозӣ гардида, ҷараёни амалиёти террористӣ ба нақша кашида мешавад ва иттилооти муфассал дар бораи ҳадафҳо ва объектҳои ҳамла ҷамъоварӣ карда мешавад. Терроризм дар интернет падидаи динамикӣ ва бисёрҷониба мебошад. Саъю талоши давлатҳо барои мониторинг ва аз байн бурдани сайтҳои ҷараёнҳои ифротӣ ва террористӣ на ҳама вақт самарабахш аст. Интернет – манбаъҳо ва вебпорталҳои ташкилотҳои террористӣ шакли худро тағйир медиҳанд, кўшиш мекунанд таҳти мазмуни дигар пинҳон шаванд, доменҳои навро таъсис медиҳанд, хостинги кишварҳои гуногунро истифода мебаранд. Дар ин замина онҳо аз озодии сухан суйистифода бурда, онро васеъ ба кор мебаранд. Таҷриба нишон медиҳад, ки аз байн бурдани сайтҳои террористӣ мушкил аст, чунки онҳо провайдерҳои хориҷиро истифода мебаранд. Дар натиҷа як давлат наметавонад ба бастани сайти ғайриқонунӣ дар давлати дигар муваффақ шавад. Чунин сурат гирифтани кор шаҳодат медиҳад, ки имрўз проблемаи терроризм дар интернет ба як мавзўи асосию мубрам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
Дар боло калимаи “кибертерроризм”-ро зикр кардем ва аз таърихи ёдовар мешавем, ки он бори аввал аз ҷониби корманди илмии Институти амнияти ИМА Берри Коллин баён гардида, барои таҳлили ояндаи рафтори гурӯҳҳои террористӣ дар шабакаи виртуалӣ дастрас буд, ки имрӯз ду намуди кибертерроризмро ҷудо менамоянд. Яке амалиёти кибертеррористон вирусҳои мушаххасро ихтироъ мекунанд ва онро ба шабака ворид месозанд, то ки ба соҳаҳои ҳарбӣ, иқтисодиёт, энергетика ва транспорт зарар расонанд ва фаъолияти бомунтазами онро халалдор созанд. Дигаре террористон шабакаи глобалии иттилоотиро бо мақсади корҳои ташкилию машваратиашон истифода бурда, ба ҷомеаи инсонӣ хатари калон эҷод мекунанд.
Дар марҳилаи кунунӣ як қатор усули гуногун ва қисман мутобиқ бо якдигари шабакаи террористӣ дар интернет муайян карда шудааст. Аз ҷумла:
-ҷанги равонӣ – дар интернет барои паҳн кардани иттилооти дурўғин, таҳдид, барангехтани тарсу ҳарос, эҳсоси нотавонӣ, тасвири амали даҳшатовари худ истифода бурда мешавад;
– реклама ва таблиғот – интернет имконияти террористонро барои ошкор ва таблиғ кардани фаъолияти худ тавсеа дод. То ин вақт умеди террористон барои ошкор шудани амали онҳо бо ҷалби телевизион, радио ва дигар ВАО вобаста буд”;
-ҷамъоварии маълумот – интернетро метавон чун китобхонаи азими рақамӣ баррасӣ намуд. Фақат «Торнамои умумиҷаҳонӣ» тақрибан миллиард саҳифа иттилоотро пешниҳод карда метавонад, ки бисёрии он озодона дастрас ва барои ташкилотҳои террористӣ «ҷолиб» аст. Аз интернет террористон метавонанд иттилооти муфассалро дар бораи ҳадафҳо – масалан, дар бораи зерсохтори нақлиётӣ, нерўгоҳҳои барқи атомӣ, иморатҳои ҷамъиятӣ, фурудгоҳҳо, бандарҳо ва ҳатто иттилоот дар бораи тадбирҳои зиддитеррористиро ба даст оваранд;
-ҷамъоварии маблағ – мисли дигар созмонҳои сиёсӣ, гурўҳҳои террористӣ интернетро барои такмили фондҳои худ истифода мебаранд.
-ҷалб ва сафарбаркунӣ – интернетро террористон на танҳо барои тақозои «хайрот» аз хайрхоҳони худ, балки барои ҷалб ва сафарбаркунии тарафдорон, ки нақши ҳар чи фаъолтарро дар дастгирии амали террористӣ бозӣ мекунанд, истифода мебаранд.
-таъсиси шабакаҳо – бисёр гурўҳҳои террористӣ бо кумаки интернет имконият пайдо кардаанд бо якдигар ва бо дигар ташкилотҳои террористӣ алоқа барқарор намоянд. Технологияи муосири иртиботӣ махсусан компютерӣ, аз рўи чанд сабаб воситаи таъсиси шабакаҳо ва дастгирии шабакаҳои террористӣ мебошад.
Хулоса, кибертерроризм ба инсоният бо хатари ҷиддӣ таҳдид мекунад, ки онро бо аслиҳаи ядроӣ, бактериологӣ ва кимиёӣ муқоиса кардан мумкин аст. Таҷрибаи бадастомада оид ба кибертерроризм шаҳодат медиҳад, ки хатари он бисёр давлатҳоро таҳдид мекунад. Кибертерроризм сарҳад надорад ва ҳар лаҳза метавонад ба низоми иттилоотии кишваре, ки дар ҳар нуқтаи кураи Замин ҷойгир аст, таъсири манфӣ расонад. Баробари ин, бояд қайд кард, ки рушди технологияхои иттилоотию коммуникатсионй барои экстремистон шароити хуби муборизаро фароҳам овардааст. Зоҳир гардидани экстремизми динию сиёсй дар фазои иттилоотии мамлакат киберэкстремизм номида мешавад, ки барои ҷомеаи ҷаҳон хеле хатарнок арзёбӣ мегардад.Ҳамин тариқ метавон хулоса кард, ки ифротгароии иттилоотӣ чун падидаи нави технологӣ ба амнияти миллии кишварҳои алоҳида таъсири манфӣ мерасонад ва мубориза бо он тайёрии ҳамаҷонибаи зеҳниву техникиро тақозо мекунад.
Таърих гувоҳ аст, ки мардуми бофарҳанг ва соҳибтамаддуни тоҷик ба тарбияи фарзанд аҳамияти хосса зоҳир намуда, ҳазорон фарзандони маърифатпарвар, ватандӯст ва бо нангу номусро ба камол расонидаанд, ки онҳо ба халқи худ ва тамаддуни башар хизматҳои шоёне анҷом додаанд. Пас ҳар фарди ватандӯсту ватанпарварро мебояд, ки ҳар лаҳза ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, бо мақсади таъмини амнияти миллии кишвар, кӯшишҳои ҳадафмандона ба харҷ диҳанд. Ҳамин тариқ бо боварии комил гуфта метавонем, ки ҷавонони боғайрат, далер, ва матиниродаи тоҷик, дар роҳи пешгирӣ ва мубориза бо ҳама гуна амалҳои номатлуб хусусан терроризму экстремизм саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт. Мо миллати сарбаланд ва бо нангу номуси тоҷик терроризм ва экстремизмро бо ҳама гуна зуҳуроташ маҳкум менамоем. Баҳри оромиву осудагӣ ва суботи сартосарии ин диёри биҳиштосо, камари ҳиммат баста, намегузорем, ки нохалафе пайи пиёда сохтани ҳадафҳои нопоки худ қадам қадам ба диёри мо гузошта оромии моро халалдор созад ва ҳарчӣ бештар, кўшиш ба харҷ медиҳем, ки насли наврасро дар рўҳияи ватандўстиву хештаншиносӣ тарбият намуда, онҳоро ба сўйи омўхтани илму дониҳои замонавӣ раҳнамун сохта, яке аз ворисони асили ин мамлакат ба воя расонем.
Ф. МАМАДҶОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ